Formula september
Абдуғаффори Абдуҷаббор, нависанда: Ману Зулфия пеш аз тӯй ҷӯра будем  
2819

 

-Зулфия Атоӣ яке аз зеботарин шоираҳои тоҷик буда, қалби бисёр нозук доранд. Ба шумо чӣ гуна муяссар гашт, ки дили ин зани машҳурро ба даст биёред?

-Ман Зулфияро ҳамчун шоира мешинохтам ва бо шарофати китобҳояш ғоибона ошиқаш гашта будам. Замоне, ки дар Ленинград дар курси 5-уми факултаи журналистика мехондам, як мақолаам дар рӯзномаи “Тоҷикистон советӣ” дар бораи фаъолияти журналисти машҳури амрикоӣ Ҷон Рид ба табъ расид. Зулфия баъди хатми институти адабии ба номи Максим Горкии шаҳри Москва ба ин рӯзнома ба кор омада буд ва баъди нашр шудани мақола андешаашро тариқи мактуб ба ман навишт. Ҳамин тавр, мо бо ҳам шинос шудем ва муддати 8-моҳ ба қавле “ҷӯра” будем. Оҳиста-оҳиста дӯстиамон ба ишқ табдил ёфт ва ба хулосае омадем, ки риштаи тақдирамонро бо ҳам мепайвандем. Инак, таи 40-сол аст, ки зиндагии ширину обод дорем ва соҳиби ду фарзанди обрӯманду баландмартаба ҳастем. Се набераи ширин дорем, ки фахри бобову бибӣ ҳастанд.

-Кадом хислатҳои бону Зулфия бештар писандатон аст?

-Ман, ки рӯзноманигор будам, кам ба оила таваҷҷуҳ мекардам, Зулфия ғамхори фарзандон буд ва дар саломативу рушди шахсияти онҳо нақши бузург дорад. Ҳамсарам ҳамчун зан бисёр ҳунарманд ва меҳмондӯст аст. Хонадони мо ҳамеша сермеҳмон аст, ёд надорам, ки ягон бор ҳамсарам аз хаста шудан аз меҳмондорӣ шиква карда бошад. Дӯстонам то ҳол кадбонугии Зулфияро васф намуда, дар ҳама ҷо ҳамсари маро таъриф мекунанд.

-Росташро гӯед, шумо Зулфиябонуро бештар рашк мекунед ё он кас шуморо?

-Рашк чизи табиӣ аст, лекин мо кӯшиш мекунем, ки меъёрро нигоҳ дорем. Зиндагӣ ҳар гуна сурат мегирад, гоҳ ман бештар рашк мекунаму гоҳ ҳамсарам. 16 соле, ки дар соҳаи матбуот кор мекардам ва замоне, ки дар телевизион бо бонувон суҳбат меоростам, баъзан эҳсос мекардам, ки ҳамсарам маро ба хонумҳо рашк мекунад, вале Зулфия ҳаргиз рашкашро ошкоро нишон намедод.

-Ҳамеша чунин хушбахт бимонед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД