Ҳангоми машқ дар толори варзишӣ тасодуфан афтида устухони поямро шикастам.
Маро фавран ба беморхона бурда, поямро гаҷбандӣ, яъне гипс намуданд. Мехоҳам зудтар шифо ёфта ба по бархезам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам, ки устухони шикастаи поям тезтар пайванд шавад?
Фаридун, ш. Душанбе
Посухи Садриддиншоҳ:
Барои он ки устухони шикаста зудтар пайваст шавад, пеш аз ҳама устухонро бо калтсиюм таъмин намудан зарур аст. Ин моддаи муфид дар таркиби тухми мурғ фаровон аст. Аввалан пӯчоқи тухми мурғро дар уғурак нағзакак кӯфта, ҳар рӯз ба миқдори як қошуқчаи чойхӯрӣ бо оббихӯред.
Нусхаи дигар:
Тухми хонагиро дар зарфи шишагӣ андохта аз болояш оби як ё ду лимӯро ҷабед. Шираи лимӯ бояд тухмро пӯшонад. Шишаро дар ҷойи торик 15 рӯз нигоҳ дошта, баъдан ба он ду қошуқ асал илова намоед ва рӯзе чор маротиба ба миқдори як қошуқи чойхӯрӣ аз ин даво нӯши ҷон намоед.
Нусхаи сеюм:
Пас аз кушодани гипс картошкаи хомро аз турбтарошак гузаронда ба он як қошуқча шакарро илова намоед ва ба поятон бандед, озори зарбхӯрдагӣ ва дардаш ба зудӣ нест мешавад.