Formula novemver 2024
ХУШДОМАНҲО ҶАВОНОНРО ХОНАВАЙРОН МЕКУНАНД (Видео)
4402

 

Даричаи ошноӣ:

Сулаймон Саидғозиев, 30 декабри соли 1972, дар ҷамоатидеҳоти Навгилеми шаҳри Исфара, дар оилаикоргарба дунё омадааст. Хатмкардаи шуъбаи хореографии Омӯзишгоҳи мусиқии ба номиСодирхон Ҳофиз вафакултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номиАкадемик Б. Ғафуров. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳунармандитеатр-студияи «Хандинкамон».

Шумо ягона ҳунарманде ҳастед, кидар саҳна ҳамеша нақшизанро мебозед. Бояд иқрор шуд, ки бисёр зебо мерақсед, ҳатто аз занҳо ҳам зеботар. Нозукиҳои рақси занонаро аз кӣ омӯхтед?

– Ман аз хурдсолӣ ба санъат шавқу завқи беандоза доштам. Бародари калониамЗикриёхуҷа доира менавохту ман рақс мекардам. Вақти рақс чунон дилам моломоли шодӣ мегашт, ки дар назарам замину замон бо ман мерақсид. Пас аз хатми мактаби миёна роҳи Донишкадаи санъатиТоҷикистонро пеш гирифта, ҳуҷҷатҳоямро ба шуъбаи хореография супурдам, вале бароипаст буданиқадам маро қабул накарданд. Ҳамсинфам Алиҷон, ки маро ҳамроҳӣ мекард, бо тавсияи амакаш ба омӯзишгоҳи омӯзгории ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) дохил шуд, ман бошам ба хона баргаштам. Мегӯянд, ки ният соф бошад, Худованд одамро,албатта, ба муродаш мерасонад. Ман ҳам баъди 15 сол шуъбаи хореографияробомуваффақият хатм кардам. Аз устодонам Гуландом ва Фирӯза Аюбҷоноваҳо, ҳамчунин аз Роза Халилулина бисёр-бисёр миннатдорам, ки нозукиҳои санъати рақсро ба ман омӯзонданд.

– Сулаймон, мо шуморо ҳамеша дар нақшҳои занона мебинем, дар умратон ягон бор нақши мардро ҳам бозидаед?

– Фақат як бор. Соли 1994 дар беморхонаи шаҳри Исфара кор мекардам. Ману як ҳамкорам аз тарафи беморхона дар фестивал-озмуни «Андалеб» баромад кардем. Ман нақшичолро бозидаму ҳамкорамнақши пиразанро. Саҳначаи мо дар фестивал сазоворибаҳои баланди ҳакамон-10 хол гашт. Пас аз ин, роҳам ба саҳна кушода шуда, Муқимҷон Абдуфаттоев маро ба «Хандинкамон» даъват кард.

Падару модар ва аҳли оилаатон ба санъати Шумо чӣ гуна баҳо медиҳанд?

Донистаниед, ки нақши занҳоро бозидани ман боиси малоли хотири пайвандонам мегардад ё не?

– Қурбони аҳли фаҳм шавем!

–Волидони ман санъатдӯстанд, онҳо ҳеҷ гоҳ барои нақшҳои занона бозиданам маро маломат накардаанд. Чор бародару се хоҳарам низ фахр мекунанд, ки чунин бародари ҳунарманд доранд, чунки истеъдод худодод аст, ҳар мард нақши занонаро бозида наметавонад.

Зан аз нигоҳи ҳунарманде, ки як умр дар саҳна нақши зан мебозад, бояд чӣ гуна бошад?

– Боақлу ботамиз, фарҳангу маданияти баланд дошта бошад. Хушгуфтору хушрафтор бошад. Дар нақшҳое, ки дар саҳна мебозам, ман қариб тамоми камбудиҳои занонро нишон медиҳам, то хонумҳо хатоҳои худро ислоҳ намоянд.

– Сифатҳои номбаркардаатонро дар ҳамсаратон мебинед?

– Албатта, агар чунин намебуд, ӯро ба занӣ намегирифтам!

– Кадом хислати янгаро аз ҳама бештар меписандед?

Гапи дурӯғ ва кори пинҳонӣ надорад, ҳамин хислаташро бисёр дӯст медорам.

– Ягон кори ҳамсаратон ғаши шуморо меорад?

– Бале, ҳозирҷавобияш баъзан маро ба ғазаб меорад.

– Шубҳа надорам, ки янга кадбонуи беҳтарин ҳастанд. Кадом хӯроки пухтаашонро баҳ-баҳгӯён мехӯред?

– Ростӣ, дасти ҳамсарам бисёр бомазза аст, вале аз ҳама бештар мантуҳои сергӯштакашро дӯст медорам.

–Ба навхонадорон чӣ тавсия медиҳед?

– Пурсабру пуртоқат бошанд. Арӯси нав ба хонаи хусуру хушдоман омада ба муҳити дигар меафтад. Тарзи зиндагӣ,албатта, фарқ мекунад, вале арӯс бояд кӯшиш намояд, ки роҳу равиши ин хонадонро омӯзад. Келин хабаркашӣ накунад, сирру асрори хонаи шавҳарашро набарорад, албатта, хушбахт мешавад. Боз якчизи бисёр муҳим-модарон ба зиндагии духтаронашон дахолат накунанд. Ман фаровон дидаам, ки ба ҷойи духтарашонро насиҳат кардан, баъзе модарҳо «партою биё, худатро азоб дода мегардӣ» гӯён, оилаи ҷавонро вайрон мекунанд. Калонсолон бояд барои зиндагии ободонаи ҷавонон талош намоянд, на баҳри вайронии оилаю бадбахтии фарзандонашон.

Ташаккур барои маслиҳатҳои судмандатон!

 

СУЛАЙМОН МАРО

ДУБОРА ЗИНДА КАРД

Даричаи ошноӣ:

Муборак Саидғозиева, корманди театр-студияи «Хандинкамон». 14 феврали соли 1973 дар деҳаи Навгилеми ноҳияи Исфара, дар оилаи ронанда ба дунё омадааст. Хатмкунандаи мактаби миёнаи №30-и деҳа. Оиладор, соҳиби ду фарзанд: духтараш Шодона донишҷӯи Донишкадаи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, писараш Амирҷон хонандаи мактаби миёнаи №19-и шаҳри Хуҷанд мебошад.

 

– Муборак, мард аз нигоҳи ҳамсари ҳунарманде, ки доим нақши занонаро мебозад, бояд чӣ гуна бошад?

– Донишманду оқил бошад, то зану фарзандонаш дар зиндагӣҳамеша ба ӯ такя карда тавонанд.

– Шумо дар зиндагӣ ба Сулаймон такя карда метавонед?

– Агар чунин намебуд, магар тули ин қадар солҳо мо зери як бом хушбахтона зиндагӣ карда метавонистем?! Вақте ки ман ба Сулаймон ба шавҳар баромадам, ҳамагӣ 21 сол доштам. Модарам хеле ҷавон, дар синни 39 солагӣаз бемории саратон аз дунё гузаштанду тарбияи шаш нафар додару хоҳаракони хурдакакамбар дӯши ман афтид. Хоҳари аз ҳама хурдиамҳамагӣ семоҳа буд. Ман ба ғайр аз кори хона, рӯбучину шустушӯй, хӯрокпазӣ ва тарбияи тифлаки семоҳа дигар чизеро намедонистам. Мурдаи берун аз гӯр будам, хайрият, ки бо Сулаймон ҳамтақдир шудаму дилам аз нав ба зиндагӣ гарм шуд. Сулаймон гӯё маро дубора зинда кард. Шавҳарам чунон меҳрубонию хушгӯиҳо мекард, ки мани як умр навозишро надида ҳама азобҳои кашидаамро фаромӯш кардам. Шавҳари ман бароям на танҳо шавҳар, балки падару модар ҳам шуд. Зиндагӣ бо марде, ки мисли соябон ҳамеша туро аз боду борон ва раъду барқи қисмат муҳофизат мекунад, чӣқадар ширин будааст!

– Дар бораи шавҳаратон бисёр бо муҳаббат сухан меронед. Бо ишқу ошиқӣ хонадор шудед?

– Не, падаронамон ҳамкор буданд, онҳо риштаи тақдири ману Сулаймонро бо ҳамдигар пайвастанд.

– Шавҳаратон ҳунарманди машҳур аст. Табиист, ки дар атрофи чунин мардон занҳои зиёде парвонавор давр мезананд. Рашк намекунед?

– Баръакс, фахр мекунам, ки шавҳарам мухлисони зиёд дорад!

– Кадом хислати шавҳаратонро бештар меписандед?

– Шояд ба назаратон бисёр аҷиб намояд, вале ба ман ҳолати ба ғазаб омадани Сулаймон бисёр писанд аст. Вақте ки он кас сахт ба ҷаҳл меоянд, чунон ҷозибае пайдо мекунанд, ки кас чашм канда наметавонад.

– Кадом хислати шавҳаратонро намеписандед?

– Сулаймон ягон хислати бад надоранд.

– Аксари мардҳои тоҷик дар ошпазӣ ҳамто надоранд. Сулаймон кадом хӯрокро хуб мепазанд?

Боимҷонро бо тухм. Як бор чашида бинед, мазааш як умр аз даҳонатон намеравад.

Хушбахт бошед!

 

alt

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Пулатова Чамилабону. Бехтарин 2019-06-08, 09:55
Сулаймон бехтарин хачвнигори сахна. Дар чодаи санъат. Барояш комебихои беназирро таманно мекунам. Хамеша муваффаку сарбаланд боши.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Пулатова Чамилабону. Бехтарин 2019-06-08, 09:55
Сулаймон бехтарин хачвнигори сахна. Дар чодаи санъат. Барояш комебихои беназирро таманно мекунам. Хамеша муваффаку сарбаланд боши.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД