Чаро занҳои машҳур аз хушбахтии оилавӣ бенасиб мемонанд?
Миллионҳо одамон ба онҳо бо чашми ҳавас менигаранд. Ба назар чунин мерасад, ки Худованд ба ин тоифа ҳама чизро насиб гардонидааст-шуҳрат, обрӯ, сарват ва ҳусну ҷамоли беназир, аммо...
Бо ин ҳама зебоӣ, доноӣ ва дороӣ бонувони машҳур аз чизи барои зан дар зиндагӣ аз ҳама муҳимтарин-бахт бенасибанд. Сабаби аз занҳои шуҳратманд гурехтани мурғи бахт дар чист? Чаро занҳои номдор аз ҳамсарашон ҷудо мешаванд?
-Узр мехоҳем, агар саволи мо боиси малоли хотиратон гардад, вале мухлисонатон тез-тез ба идораи “Оила” занг зада, сабаби аз шавҳараш ҷудо шудани Заринаи Тағоймуродро пурсон мешаванд. Ростӣ, мо ба онҳо чӣ ҷавоб доданамонро намедонем...
-Зиёда аз 90%-и аҳолии Тоҷикистон аҳли исломанд ва бонувоне, ки бо сару либоси замонавӣ ба кӯча баромада аз минбарҳо сухан мегӯянд, дарҳол таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб месозанд. Барои зане, ки ягон вазифа дорад ё дар ҷомеа обрӯю нуфуз пайдо намудааст, миёни ин мардум зистан бисёр душвор аст. Аз як ҷониб рашки шавҳару зулму ситами хонаводагӣ, аз ҷониби дигар гапу калочаи атрофиён ҷони касро ба лабаш меорад...
-Шумо овозаҳоро дар назар доред?
-Бале, вақте як хонуми дар байни мардум шинохта аз шавҳараш ҷудо мешаванд, аз чӣ бошад, ки ҳама ӯро гунаҳкор менамоянд ва хурду бузург санги маломатро танҳо ба сари зани бечора мезананд. Ҳеҷ кас намегӯяд, ки шояд шавҳари ин зан низ ягон гуноҳ дорад, вагарна касе бе ягон сабаб хонаи бахташро тарк намекунад...
-Дар бораи шумо ҳам баъзе овозаҳо пайдо шуда буданд..?
-Оре, яке аз чунин занони дар гирдоби зиндагӣ дармонда ман ҳастам, ки ҳамарӯза аз минбарҳо назди мардум сухан мегуфтаму оилаҳоро ба муттаҳидшавӣ даъват мекардам. Дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки рӯзе оилаи худам вайрон шуда, фарзандонам сарсон хоҳанд гашт, аммо аз тақдир ҷойи гурез набудааст.
-Шумо бо ишқу муҳаббат хонадор шуда будед ё ...?
-Не, то вақти оиладоршавӣ умуман байни мо ишқу муҳаббат набуд. Модараш хостгорӣ омад ва рақамҳои маро гирифт. Пас аз ин, домодшаванда занг зад. Ҳамин тавр, то рӯзи тӯй мо фақат тариқи телефон гап мезадем, чунки ӯ дар хориҷи кишвар буд. Ман домодро танҳо пас аз он ки рӯзи тӯй муайян гашт, дидам.
-Заринабону, ин қадар бо дард сухан мекунед, чӣ сире дар шикасти зиндагиатон нуҳуфтааст?
-Вақте марде «Бисмиллоҳ» гӯён, занеро ба ҳамсарӣ қабул мекунад, бояд минбаъд мисли як узви худаш ӯро ҳимоя ва саробонӣ намояд. Афсӯс, ки аксари мардҳои мо чӣ будани масъулиятро намедонанд ва ба ҳадафи оиладорӣ сарфаҳм намераванд.
-Каме равшантар ҳарф занед, оилаи шумо мушаххасан бо кадом сабаб вайрон шуд?
-Падари фарзандонам мудом мегуфт: «Ман нангу номусе надорам, ки занам аз минбари радио бо мардҳои бегона чақ-чақ карда шинаду ман гӯш кунам. Ҳақ бар ҷониби шумо, мардон, вале номусатон, агар ин чизро бардошта натавонад, пас, бояд роҳи ҳалли масъаларо биҷӯед, на ин ки бо ҳамин баҳона занро бо фарзандонаш аз дар берун созед! Номус мегӯед, рашку итоб мекунед, вале ба моҳонаи зан чашм ало мекунед-ку! Бачаҳоятонро дар ба дар кардан- магар ҳамин аст нангу номуси шумо! Вақте ки баъди талоқ занатонро ягон марди дигар соҳибӣ мекунад, нангу номусатон намеояд?