Sebiston new 2024 october
Ҳақ ба ҳақдор намерасад, ҳақ ба пулдор мерасад?! (ВИДЕО)
3882
Ҳақ ба ҳақдор намерасад,  ҳақ ба пулдор мерасад?! (ВИДЕО)


Моҷарои марги пурсару садои арӯсаки панҷакентӣ Наргис Юнусова, ки ба андешаи пайвандонаш хушдоман ва хоҳаршӯяш аввал ӯро кушта, сипас ба дор овехтаанд, ҳанӯз аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ҳаллу фасл нашуда, ба сари сари ин оила боз як фоҷиаи дигар омад. Дар рӯзи маросими чили Наргиси ҷавонмарг хешу табори хушдоманаш Гулбарг Оқилова ба сари апаи Наргис-Сайёра бо таёқ зада, ин ҷавонзани бегуноҳро хуншор ва маҷруҳ кардаанд. Пайвандони Наргиси ҷавонмарг Сайёраи ғарқи хунро дар ҳолати мадҳушӣ ба беморхонаи шаҳри Панҷакент бурда, роҳи пойтахтро пеш гирифтаанд, то ки бо воситаи сомонаи Оила-ТЧ арзу додашонро ба гӯши сарвари давлат ва дигар мақомоти болоӣ бирасонанд.
-Чаро хешовандони Гулбарг Юнусова апаи Наргисро бераҳмона лату кӯб карданд?
-Айни замон аҳволи Сайёра чи гуна аст ва духтарҳо дар боби саломатии ӯ чӣ мегӯянд?
-Дар деҳаи Артуч душмании ду авлод то куҷо расидааст?
-“Ҳақ ба ҳақдор намерасад, ҳақ ба пулдор мерасад” гуфта, хешовандони Гулбарг Оқилова чиро дар назар доранд?
-Рост аст, ки ҷасади Наргиси ғуррамаргро дубора аз қабр бароварданд?
-Ташхиси такрории ҷасад чӣ натиҷа дод ва чаро ҷониби ҷабрдида аз он тамоман розӣ нестанд?
Ба ин саволҳо ҷавоб гирифтан хоҳед, ба сӯҳбати видеоии мо бо модар, бародар, тағову амак ва янгаҳои Наргису Сайёра таваҷҷӯҳ намоед! (Видео)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД