Мувофиқи як тадқиқоти Академияи Педиатрияи Амрико, кӯдакони муосир ба ҳисоби миёна дар як рӯз 7 соат аз телефон истифода мекунанд.
Имӯз қариб ҳар як шахс телефони мобилии шахсӣ дорад ва дар масъалаи дастрасӣ ба интернет низ ягон маҳдудият вуҷуд надорад. Аз ҷумла чоряки наврасони то 16-сола ба интернет пайвастаанд.
Пурсишҳои бритониҳо нишон медиҳанд, ки мардуми Аврупо низ аз вобастагии телефон азият мекашанд. Аз сад 60%-и волидайн аз он хавотиранд, ки фарзандонашон аз телефони мобилӣ зиёд истифода бурда, ба бемориҳои гуногун гирифор нашаванд.
Тақрибан 40% наврасони англис иқрор шудаанд, ки онҳо аксар вақт бо волидонашон тариқи телефон муошират мекунанд, ҳарчанд дар як хона қарор доранд.
Дар Русия 88%-и кӯдакони 4-сола ҳар рӯз бо волидонашон ба интернет ворид мешаванд, нисфи кӯдакони то 14-сола бошанд аз вебсайтҳо саҳнаҳои зӯровариро тамошо мекунанд. 16% -и кӯдакон аллакай ба қиморбозӣ одат кардаанд.
Сеяки кӯдакони рус, ки ба Интернет дастрасӣ доранд, дар як рӯз 8 соатро бе назорат мегузаронанд.
Вобастагии интернетиро имрӯз дар саросари ҷаҳон ҳамчун беморӣ эътироф кардаанд. Педиатрҳо мегӯянд, кӯдакони ба телефон ошиқ аз ҳад зиёд фарбеҳ шуда, ба депрессия гирифтор мешаванд ва хатари ақиб мондан дар рушди ақлонӣ ба онҳо таҳдид менамояд.
Табибон ба хотири омӯхтани таъсири телефон ва интернет ба бачаҳо озмоиши махсусе гузарониданд, ки дар он 60 кӯдаки 4-сола иштирок доштанд. Бачаҳоро ба 3 гурӯҳ тақсим карда, гурӯҳи якум ба тамошои филмҳои тасвирӣ, гурӯҳи дуюм ба барномаи рушд ва гурӯҳи сеюм ба расмкашӣ фиристода шуданд. Ҳамагӣ пас аз 9 дақиқа авзои кӯдаконе, ки филми тасвирӣ тамошо мекарданд, аз кӯдаконе,ки барои муайян кардани қобилияти зеҳнӣ ҷудо шуда буданд, бадтар шудааст.
Фарзанди худро аз вобастагии телефон чӣ гуна муҳофизат кардан мумкин аст?
Қоидаи аввал ва муҳимтарин ин аст, ки ҳадди аққал то 14-солагӣ ба фарзандатон телефони дастӣ надиҳед.
Фарзандатон аллакай телефон дошта бошад, дар ҳеҷ сурат телефонро аз дасташ нагиред, дар акси ҳол ӯ нисбат ба шумо алоқа ва бовариро аз даст медиҳад.
Педиатрҳо ба кӯдакони аз 2 то 5-сола тавсия медиҳанд,ки телефонро на бештар аз 1 соат дар як рӯз истифода баранд.
Волидон бояд қоидаҳои возеҳи истифодаи телефонро барои тамоми оила таҳия намоянд, масалан, дар ошхона, меҳмонхона ё мошин аз телефон истифода бурдан манъ аст.
Шумо бояд исрор намоед, ки кӯдаконатон як соат пеш аз хоб аз телефон истифода набаранд.
Волидон ӯҳдадоранд, ки қоидаҳои муқарраршударо на камтар аз фарзандони худ самимона риоя намоянд.
Аз ҳама муҳимаш аз хотир набароред, ки ба ғайр аз риоя намудан ба қоидаҳо кӯдакон ҳуқуқҳои худро доранд. Кӯдак, агар чизеро, ки дар ҳақиқат ба ӯ лозим аст, ба даст наорад, қоидаҳоро вайрон мекунад, баҳс мекунад, дурӯғ мегӯяд ва пинҳон мешавад. Ӯ қоидаҳои шуморо эҳтиром хоҳад кард, агар шумо ниятҳо ва ҳуқуқҳояшро эҳтиром намоед.