Arzon march 2024
Дар садама сари кӯдаки чормоҳа аз танаш ҷудо шуд
5885

 

Тавре ки як сокини ноҳияи Фархор бо исми Умедҷони Фархорӣ ба сомонаи Оила. ТҶ хабар дод, чанд рӯз қабл дар ин ноҳия садамаи хунин ба вуқуъ пайваста, боиси марги фоҷиавии ду нафар гаштааст.

Ба гуфти Умедҷон, ин ҳодисаи хунин дар назди бозори марказии Фархор сар зада, мошини тамғаи Опел астра ба як Портери пурбор бархӯрдааст. Дар натиҷаи ин садамаи хунин сари тифлаки чормоҳаи ронандаи мошини Опел аз танаш ҷудо шуда, ҳамсар ва як фарзанди дигараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар ин садама ҳамчунин як марди 42-солаи соҳиби шаш фарзанд бо исми Бӯрихон Самадов ҷон ба ҷонофарин супурдааст.

Мард бештар аз зан ба ғазаб омада, худ аз худ мепурсад: «Чаро вай маро нахост? Ман аз кӣ кам? Барои чӣ сабаби қабул накардани дилашро ошкоро нагуфт…» Албатта тобишҳо гуногунанд, вале аксарияти сабабҳои ниҳони ба ин ё он мард майл накардани занро номбар кардан мумкин аст.

 


Ёдрас мешавем, ки аз беэҳтиётии ронандагон чунин ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои шаҳру навоҳии мо тез-тез ба вуқуъ пайваста, боиси захмӣ шудан ва ҷон бохтани одамони бегуноҳ мегарданд. Фасли сардӣ дар пеш аст ва бо сабаби боридани барфу яхбандӣ ҳаракат дар роҳҳо боз ҳам душвортар хоҳанд гашт. Мо аз тамоми ронандагон ва мусофирон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба қоидаҳои бехатарии ҳаркат дар роҳ риоя карда, ҳаёти худ ва дигаронро дар хатар нагузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД