Новобаста ба ҳама талошу муборизаҳои созмонҳои байналмиллалӣ алайҳи хушунат, зӯроварӣ нисбати занону духтарон дар саросари ҷаҳон торафт авҷ мегирад.
Дар баъзе мавридҳо ҳатто кӯдакони ноболиғ бо намудҳои гуногуни хушунат, аз ҷумла зӯроварии ҷисмонӣ ва таҷовуз ба номус гирифтор мешаванд. Бадбахтона, ин падидаи бисёр нангин дар давлатҳои мусалмоннишин низ ба чашм мерасад. Дар ҷумҳурии ҳамсояамон-Ӯзбекистон як мӯйсафеди 82-сола ба номуси як духтарчаи 9-сола таҷовуз намудааст. Ин марди пир, ки ба қавли маъмул пояш ба лаби гӯр расидаву мебосит боқии умрашро бо тоату ибодати парвардигор гузаронад, мисли шайтони бадсигол бо ҳазорон макру ҳилла духтарчаи ҳамсояро, ки ҳамагӣ 9-сол доштааст, ба манзили худ бурда, зӯран ба номуси кӯдаки оҷиз ва бечора таҷовуз намудааст. Духтарчаро дар ҳолати вазнин ба бемористони вилоятӣ бурданд, алайҳи мӯйсафеди таҷовузкор бошад, парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишоти ин қазияи нанговар аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.
Ба ҳамин монанд як ҳодисаи нангини дигар дар шаҳри Ҳисор рӯй дод. Як рӯз қабл аз иди Рамазон як духтарчаи 8-соларо дар деҳаи Кончии Ҳисор таҷовуз намуданд. Тавре ки сокинони ин деҳа дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфтаанд, духтарча бе падар буда, модараш ӯро дар танҳоӣ ба воя мерасонидааст. Азбаски зан дар бозор савдо мекард, духтарча аксаран дар хона танҳо будааст. Бачаи 14-солаи ҳамсоя аз фурсат истифода бурда, бо фиреб духтарчаро ба оғилхона мебарад ва зӯран ба номусаш таҷовуз менамояд. Духтарчаро дар ҳолати мадҳушӣ ба беморхона бурданд. Ташхиси табибон нишон дод, ки ба номуси кӯдак таҷовуз кардаанд.
Боз як ҳодисаи нангини дигар дар Покистон, ки расман давлати исломӣ ба ҳисоб меравад, ба вуқуъ пайвастааст. Дар вилояти Панҷоб 20 тан аъзои шӯрои як деҳа дар Мултон барои таҷовуз ба номуси як духтари 16-сола дастур додаанд. Духтари бечораро гуруҳи калони мардум дар миёни халқ ва дар пеши чашми падару модараш таҷовуз кардаанд.
Тавре ки Ассошиэйтед-пресс хабар медиҳад, Шӯрои қаря ба хотири ҷазо додани бародари духтари таҷовузгашта ба ин амали ваҳшиёна дастур додааст. Бародари ин духтар як духтари ноболиғи дигарро, ки ҳамагӣ 12 сол дошта, хеши наздикашон будааст, таҷовуз мекунад. Ҷониби духтар ба шӯрои қария муроҷиат намудаанд ва пирони деҳа ба хотири интиқом гирифтан иҷозат додаанд, ки хоҳари таҷовузкор дар пеши назари издиҳом дар рӯзи равшан ба таври шармандавор аз ҷниби гуруҳи калони мардон таҷовуз карда шавад.
Худованд дар Қуръони карим бандагонашро ба покию покдомонӣ ҳидоят намуда, зиноро бадтарини гуноҳон номидааст, вале бадбахтона гоҳо касоне, ки мушт бар сина кӯфта, худро мусалмонӣ асил мехонанд, даст ба ин амали зишт мезананд, ки боиси таассуф аст...