sebiston july new
Файзобод: Мӯйсафеди 82-сола дар масҷид 1 касро кушту дуюмиро захмӣ кард
4849


Дар ноҳияи Файзобод ҳодисаи нангине ба вуқуъ пайваст, ки мардуми тоҷик назирашро ёд надоранд. Дар масҷид, ки хонаи худо ва ҷойи тавбаву ибодат аст, як мӯйсафеди 82-сола як нафарро кушта, дигариро захмӣ кард...
Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ин ҳодисаи нохуш дар деҳаи Чилчашмаи ноҳияи Файзобод ба вуқӯъ пайвастааст. Пас аз адои намози пешин байни як мӯйсафеди 82-сола ва ду ҳамдеҳааш баҳсу мунозира ба миён омада, даст ба гиребон мешаванд. Дар рафти муноқиша мӯйсафеди 82-сола бо корд ба рақибонаш дарафтода, марди 50 соларо 3-корд мезанад, марди дигари 79-сола низ аз ғазаби ин мӯйсафеди оташин дар амон намонда, аз гарданаш як корд мехӯрад.
Ҷабрдидагонро фавран ба бемористон бурданд, аммо ҳанӯз то дари беморхона нарасида, марди 79-сола бар асари хунравӣ аз захми корди хӯрдааш ҷон ба ҷонофарин месупорад.
Алайҳи мӯйсафеди 82-солаи кордзан парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ҳомиёни ҳуқуқ тамоми ҷузъиёти ин ҳодисаи хунинро дар тарозуи қонун бармекашанд. Дар сурати собит шудани гуноҳаш мӯйсафеди қотил боқимондаи умрашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Панчакенти 2019-08-02, 16:41
Нафрат ба чунин номардон ки пояшон ба лаби гур расидаасту аммо аз ин рафтори девмонандашон даст намекашанд . Намедонам то асри дигар магар киёмат коим мешавад чи. Аз ноболиг то муйсафедон кас дасти тавба ба гиребон мебарад
Посух
Маърифат 2019-08-03, 07:55
Одами одам набинад аз кучо одам шавад....
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Панчакенти 2019-08-02, 16:41
Нафрат ба чунин номардон ки пояшон ба лаби гур расидаасту аммо аз ин рафтори девмонандашон даст намекашанд . Намедонам то асри дигар магар киёмат коим мешавад чи. Аз ноболиг то муйсафедон кас дасти тавба ба гиребон мебарад
Посух
Маърифат 2019-08-03, 07:55
Одами одам набинад аз кучо одам шавад....
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД