Субҳи имрӯз Асламова Баҳринисо ба идораи сомонаи Oila.tj ташриф оварда, аз вазъи бади саломатии наберааш бо сад дарду алам қисса намуд. Набераи холаи Баҳринисо-Ганҷина аз хурдсолӣ гирифтори бемории фишори майна будааст.
Чоршанбе Аловатов парчамбардори Тоҷикистон натанҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми ҷаҳон гардид.
Табобат ягон натиҷа надода, оқибат 5-уми августи соли 2018 ин беморӣ Ганҷинаро фалаҷ мегардонад. Пештар ин духтарак аълочии синф маҳсуб меёфт, ҳоло бошад, ҳатто гап зада наметавонад.
Инак, беш аз як сол боз Ганҷина ба бистари беморӣ мехкӯб гаштааст. Падараш Ҳошимҷон муддати 5 сол дар муҳоҷират буда, аз ғаму дард гирифтори бемории қанд шудааст, модараш Сурайёро бошад, азобҳои фарзанд гирифтори ҷоғар намудааст.
Аҳли ин оила 20 нафар дар як хона дар суроғаи кӯчаи Фирдавсӣ 25/1 ҳуҷраи 59 зиндагӣ карда истодаанд ва се нафарашон маъюб буда, ҳамагӣ 650 сомонӣ нафақа мегиранд, ки ҳатто ба хӯрду хӯрок намерасад.
Холаи Баҳринисо ҳоли зори набераи беморашро дида, ҷигархун мешавад, аммо ягон имконияти табобат кардани Ганҷинаро надорад.