Ҳунарманди ҷавони тоҷик ғолиби озмуни Central Asia’s Got Talent дар Гранд финал гардид.
Рӯзи 22-юми декабр тариқи шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “Хабар”, “Zo’r Tv” ва “КТРК” аз соати 7-и шом пахши мустақими даври финалии озмуни “Central Asia’s Got Talent”оғоз ёфта, тамоми сокинони кишвар гӯшу ҳуш буданд, ки намояндагони Тоҷикистон ба чӣ натиҷа ноил мегашта бошанд. Хушбахтона, ҳунарманди ҷавони тоҷик Чоршанбе Аловатов дар ин озмун ғолибият ба даст оварда, номи тоҷикону Тоҷикистонро баланд бардошт. Чоршанбе Аловатов парчамбардори Тоҷикистон натанҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми ҷаҳон гардид.
Имрӯз дар дилхоҳ шабакаи иҷтимоӣ, махсусан фейсбук Чоршанбе Аловатов чеҳраи рӯз ба шумор меравад. Ҳар як сокини кишвар ғолибияти Тоҷикистонро дар симои Чоршанбе Аловатов ҷашн гирифта истодааст.
Шоу Central Asia’s Got Talent махсус барои сокинони Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Лоиҳа аз 5 давр иборат буда, гранд-финал марҳалаи ниҳоии он буд. Ҳунарманди ҷавони мо Чоршанбе Аловатов дар ин озмун ғолиби №1 гардида, дар ҳаҷми 10 000 000 тенге мукофоти пулӣ ба даст овард.
Як рӯз қабл аз даври финалии озмун Чоршанбе Аловатов дар саҳифаи Instagram-и худ alovatov_official сабти видеоиеро гузошта, ба кулии ҳамватанон чунин муроҷиат намуда буд:
“Салому алейком мардуми азизи Тоҷикистон! Номи ман Чоршанбе Аловатов аст. Ҳозир қарор дорам дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар лоиҳаи CAGT ва Ватани азизи худро намояндагӣ мекунам. Аз шумо як хоҳиш дорам, ки рӯзи 22-юми декабр, соати 7 аз телевизиони “Сафина” ҳатман маро тамошо кунед ва овоз диҳед, то ки ҷойи намоёнро ишғол намоям. Ин натанҳо ғалабаи ман, балки тғалабаи амоми Тоҷикистон мегардад. Ба ҳама ташаккури зиёд. Дар паноҳи Худо бошед ”.
Хушбахтона, бо дастгирии тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ин ҷавони воқеан ҳунарманд дар озмун комёб гашт. Ғолибияти Чоршанбе Аловатов дар чунин озмуни баландпоя бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистон ганҷҳои бешумор дорад ва яке аз чунин конҳои ганҷ ин истеъдодҳои ҷавони он мебошанд.
Ёдрас мешавем, ки ин ҷавони хушсалиқа бори аввал ҳангоми дар синфи 6-ум хонданаш ба саҳна баромадааст. Чоршанбе аз хурдсолӣ ба фалаксаройӣ шавқу рағбати зиёд дошта, аввалин сурудашро низ дар ҳамин жанро сурудааст. Соли 2011 ӯ дар озмуни “Овози тиллоӣ” ширкат варзида ғолиб омада буд. Пас аз ин соли 2014 чоршанбе дар озмуни “Шукуфаҳои пойтахт” комёбӣ ба даст овард, соли 2017 бошад ғолиби фестивал-озмуни “Парвин” гашт.
Ин ҷавони боистеъдод ба ғайр аз сарояндагӣ ҳамчунни ҳунари навозандагӣ дошта, гитор, сетор, дутор, ғижжак, танбур, рубоб ва таблак менавозад.
Чоршанбе Аловатов писари ҳофизи машҳур Ақназар Аловатов буда, 7-уми феврали соли 1998 дар ВМКБ дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст. Вай то синфи 5 дар шаҳри Хоруғ таҳсил намуда, баъд аз кӯчидан ба шаҳри Душанбе таҳсилро дар мактаби №72-и пойтахт давом додааст.