Шавҳари азизам, Маҳмудҷон! Ин номаро бо умед навиштам, ки шояд чашмат ба ин сатрҳо меафтад ва аз дарди дили мани зор хабардор мешавӣ. Мардакҷон, ман дар хонаи шумо аз дасти апаҳоят рӯз надорам. Худат нағз медонӣ, ки аз субҳ то шом хар барин кор мекунам, вале як бурида нони мехӯрдаамонро дар тани ману ҷигарбандонам заҳр мекунанд.
Фаррухҷони якунимсоларо дар ҳамин рӯзҳои сарди зимистон ба оғилу ошхона мебарам, то модарату апаҳоят «кӯдакат гиря карда асабҳои моро вайрон кард, ин сағераат ҳама ҷоро чиркин мекунад ё дар шикамаш аждаҳо даромадааст, ки ин қадар бисёр мехӯрад» нагӯянд, вале боз ягон баҳона ёфта, маро заҳр мезананд. Дастакони аз хунукӣ сурху кабуд гаштаи писаракамро дида, дилам реш-реш мешавад, аммо илоҷ надорам. Як гап занам, дар балои бад гирифтор мешавам. Мардакҷон, то ба кай мо чунин азоб мекашем? Як сол шуд, ки ту дар бари мо нестӣ ва модару апаҳоят аз набуданат истифода бурда, моро ғулом карда гирифтаанд. Ман аз баҳри ҳамон пулҳои Русия гузаштам, баргард, ки дигар тобу тоқати дуриатро надорам! Ман то ба кай дар ин хона барои як бурида нони қоқ саг барин азоб кашида мегардам? Косаи сабрам лабрез гаштааст, ман ҳам зан ҳастам ва дилам мехоҳад падари фарзандам дар канорамон бошад. Рӯзи ба Русия рафтанат гуфта будӣ, ки ба хотири ман чизе, ки нагӯянд, саратро хам карда аз паси кору бори хона шав, ман танҳо ба хотири ҳамин гапи ту то имрӯз тоқат кардам, вагарна кайҳо аз ин дӯзах баромада мерафтам. Ман туро дӯст медорам, аммо дигар тоби чунин зиндагии сагонаро надорам. Мардакҷон, илтимос, зудтар баргард ва ману фарзандатро соҳиб шав!
Сорои дидагирён