Formula novemver 2024
"Праваи Российский "-гирифтан мехоҳед?
2545

  Ронандагӣ касби сердаромад аст, вале…

Ҳамасола дар қатори дигар муҳоҷирон ҳазорон нафар ронандагони тоҷик роҳи Русияро пеш мегиранд, то ризқу рӯзии фарзандонашро аз ин кишвари сард, вале паҳновар пайдо намоянд. Мусофиркашонӣ яке аз соҳаҳои сардаромади Русия ба шумор рафта, ронандагон нисбат ба кормадони дигар соҳаҳо маъоши баландтар мегиранд. Ронандагони муҳоҷир, аз ҷумла тоҷикон пештар метавонистанд бо ҳуҷҷати ронандагии аз кишвари худ гирифтаашон дар Русия бемалол мусофиркашонӣ намоянд, вале ҳукумати ин кишвар қабул ронандагонро бо ҳуҷҷатҳои «бегона» қатъиян манъ кард. Акнун барои дар соҳаи нақлиёти ин кишвар ба кор даромадану бо мусофиркашонӣ машғул шудан ронандагон бояд ҳатман ҳуҷҷати ронандагии худро бо «права»-и Русия иваз намоянд.

                     Кидат «разбор» надорад!
Гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ дар Русия имрӯз ба «бизнеси сиёҳ» табдил ёфтааст. Тоҷикон барои ба даст овардани ин ҳуҷҷати муҳим, ки ба қавли маъмул «ҳаёту мамот»-и онҳоро ҳал мекунад, сарашонро ба сад дар мезананд, зеро бе «Праваи Российский» дар ягон корхонаи ин давлати азим касе онҳоро ба кор намегирад. Барои ронандагони тоҷик чи қадар муҳим будани ин ҳуҷҷатро пай бурда, иддае аз қаллобони мардумфиреб садҳо ҳамватанони моро бо ваъдаи кӯмак кардан дар гирифтани «Праваи Российский» гул зада, пулашонро мегиранду аҳмақ мекунанд.


               «Праваи Российский» чанд пул меистад?
Қаллобӣ дар Русия ба ҳадде боло рафтааст, ки миёнаравҳо бо ваъдаи «праваи Российский» 100-200 не, 50000-100000 рубли ронандаҳои муҳоҷирро гирифта, баъд телефонашонро хомӯш мекунанд ва аз рӯйи шиори «кидат равзбор надорад» амал намуда, ғайб мезананд. Ин дар ҳолест, ки дар асл ин ҳуҷҷат ҳамагӣ 500-800 рубл хароҷот дораду халос. Мо ба тамоми ронандагони тоҷик маслиҳат медиҳем, ки ба умеди чунин миёнаравҳои қаллоб нашуда, ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъ намояд ва худашон бе кӯмаки дигарон ин ҳуҷҷати заруриро ба даст оваранд.

                             Ҳуҷҷатҳои зарурӣ
Ба шаҳрвандони Русия барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ пешниҳод намудани шиноснома ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хатми курсҳои ронандагӣ кифоя аст, вале шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе табаа барои соҳиби ин ҳуҷҷат гаштан бояд як қатор ҳуҷҷатҳои дигарро низ ҷамъ оваранд. Барои гирифтани «права» лозим аст:

  1. Шахсони хориҷие, ки дар Русия ба таври доимӣ зиндагӣ мекунанд, барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ бояд шиноснома ва ҳуҷҷати иҷозати зист дар Русия (Вид на жителство)-ро пешниҳод намоянд. Фаромӯш накунед, ки дар ҳуҷҷатҳо будани қайди ҷойи зист ҳамист.
  2. Шахсоне, ки дар Русия муваққатан кору зиндагӣ мекунанд, дар баробари шиноснома ҳамчунин ҳуҷҷати қайди мувақатии зист (временная регистратсия)-ро пешниҳод карданашон зарур аст.
  3. Шахсони бетабаае, ки (литса без гражданство) ба таври доимӣ дар Русия зиндагӣ менамоянд, бояд ба корманди БДА ҳуҷҷати иҷозати зист (Вид на жителство)-ро бо маълумотҳои зарурии доир ба йайд (Данние о регистратсиии)пешкаш созад.
  4. Шахсони бе табаае, ки муваққатан дар Русия кор ва зиндагӣ мекунанд, барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагии Русия бояд ҳуҷҷати аз ҷониби дигар кишвар додашудаеро пешкаш созанд, ки шахсияти онҳоро дақиқ намояд. Дар ҳуҷҷати мазкур ҳатман бояд қайди иҷозати зист ва макони зист бошад.
  5. Гурезаҳо (беженси) барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ дар Русия ҳуҷҷатеро бояд пешниҳод созанд, ки дорои ин статус буданашонро тасдиқ мекунад.
  6. Шахсоне, ки ҳанӯз статуси гурезаро нагирифтаанд, вале ҳуҷҷатҳояшон қариб тайёр шудааст, вазифадоранд, ки аз мақомоти марбута дар ин сусус маълумотнома биёранд.
  7. Шахсоне, ки бе раводи ҳуқуқи ба Русия ворид ва хориҷ шуданро доранд, барои гирфтани ҳуҷҷати ронандагӣ ин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод мекунанд: шиноснома, корти мигратсионӣ, қисмати огоҳнома дар бораи ворид шудан ба Русия бо тамоми маълумот ва ҳуҷҷатҳои марбутааш.
  8. Шахсоне, ки бо виза ба Русия рафту омад менамояд, ба ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар болои зикршуда ҳамчуни бояд визаи худро пешкаш созанд.
  9. Шахсоне, ки дар Русия паноҳгоҳи муваққатии сиёсӣ гирифтаанд, барои гирифтани «права» ба ғайр аз дигар ҳуҷҷатҳо ҳатман бояд ҳуҷҷатеро пешкаш созанд, ки мақомашонро тасдиқ менамояд.

Корманди БДА танҳо баъди санҷидани тамоми ҳуҷҷатҳоятон ба шумо барои супурдани боҷи давлатӣ иҷозат медиҳад. Арзиши ҳуҷҷати ронандагӣ дар Русия тахминна 500-800 руб аст.
Барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ ба ғайр аз боҷи давлатӣ ба ягон касс ягон тин пул додан лозим нест.

                             Ариза нависед
Пас аз супурдани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва боҷи давлатӣ шумо бояд барои гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ ариза диҳед. Ариза дар ду нусха ва дастӣ навишта мешавад, вале шумо ҳуқуқ доред, ки шакли компютерии онро пешкаш созед. Дар ин ҳолат ариза як нусха бошад, кифоя аст.

Пас аз гузаштани ҳамаи ин зинаҳо шумо дар рузи муайяншуда имтиҳон месупоред ва дар сурати аз тест гузаштан соҳиби ҳуҷҷати деринтизори ронандагӣ-Праваи Российский мегардед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД