Хайри Бобои Барфӣ ба кӯдакони тоҷик
Чанд рӯз боз арчаи Солинавиро дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ орову торо дода истодаанд. Гарчанде, ки арча ҳанӯз пурра омода нашудааст, сокинону мещмонони пойтахт аллакай ба тамошои он баромада, дар назди арча акс мегиранд ва шодиву хурсандӣ мекунанд. Диққати моро анбӯҳи кӯдакон ба худ кашид, ки дар атрофи Бобои Барфӣ ҷамъ шуда, бо шавқу завқи бепоён шеъру сурудхонӣ доштанд. Наздиктар рафта шоҳиди манзараи аҷибе гаштем. Бобои Барфӣ ба ҳар кӯдаке, ки суруд мехонд ё рақс мекард, шоколад ё ягон бозичаи зебо ҳадя менамуд. Азбаски замони иқтисоди бозоргонӣ аст, сароғоз мо фикр кардем, ки падару модарон барои ин туҳфаҳои бачаҳояшон пул медиҳанд, вале баъди сӯҳбат бо Бобои Барфӣ маълум шуд, ки туҳфаҳо ройгон будаанд.