sebiston july new
Неъмати Бобои Ғаффор зан гирифту... (6 акс)
4119

 

Албатта филми мазҳакавии “Муҷассамаи ишқ”-ро бисёриҳо дар хотир доранд. Ин филми бисёр хандаовар ва шавқангезро яке аз поягузорони ҳаҷви тоҷик, ҳунарманди шуҳратёр ва нотакрор Убайдулло Раҷабов ба навор гирифта, худ дар он нақши марказӣ-Бобои Ғаффорро мебозад. Бобои Ғаффор ба Санам ном ҷавонзани зебо, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунад, ошиқи шайдо аст, вале чи тавр ба ӯ изҳори муҳаббат карданашро намедонад.Санам бисёр зани зебою олуфта буда, назараш ягон мардро намегирад. Бобои Ғаффор барои дили Санами нозанинро ёфтан ҷияни Санам-Неъматро истифода бурданӣ шуда, гоҳ ба ӯ дурбинашро медиҳаду гоҳи дигар боз ягон “некӣ” мекунад. Мӯйсафед бар ивази ин некиҳо аз Неъмат талаб мекунад, ки сурати амаҷонаш Санамро ба ӯ биёрад, вале бача саркашӣ карда, ба ғазаби Бобои Ғаффор гирифтор мешавад....

“Муҷассамаи ишқ” бисёр филми хандаовар буда, қаҳрамонҳои асосиаш-Бобои Ғаффор, Санам ва Неъмат  дар лавҳи хотири тамошобини тоҷик абадан нақш бастаанд.

Дар хаёли мо то имрӯз Неъмат як писарчаи тахминан 12-13 солаи шӯху бебок аст, ки Бобои Ғаффорро бо нағмаҳояш ба ғазаб меорад, аммо чархи зиндагӣ бо маром пеш меравад.

Имрӯз Неъмат, аниқтараш бачае, ки ин нақшро мебозид,аллакай ба як ҷавонмарди зебои чорпаҳлӯ табдил ёфта, соҳиби зану фарзанд аст. Яке аз корбарони шабаки фейсбук бо исми Акбари Ёр видеоеро гузоштааст, ки ин актиёр дар бораи ҳаёти шахсиаш қисса карда мегӯяд, ки вай марди аллакай оиладор асту соҳиби як духтарчаи нозанин гаштааст. Дар шаҳри Каленинград умр ба сар мебарад ва мисли дигарон аз паси зиндагии худ овора аст. Бегоҳ, вақтҳои бекорӣ ба тамошои театр меравад, ҳамроҳи зану фарзандаш сайру сайҳат мекунад,умуман зиндагиаш аз дигар сокинони ин шаҳр ягон зарра фарқе надорад. Дар мавриди нақшаҳои эҷодӣ бошад, ин ҷавони ҳунарманд иқрор шудааст, ки имрӯз тамоман аз кино дур аст ва бесаброна интизорӣ мекашад,ки кай идомаи филми “Муҷассамаи ишқ”-ро ба навор гирифта,ӯро даъват менамоянд... 

maxresdefault

Снимок экрана (108)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД