Formula novemver 2024
БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ДАР АСАРҲОИ ШАРИФИ ҲАМДАМПУР
19708


Бузургонро бузургон зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд...

Ифтихори ватандорӣ аз донистани таъхиру фарҳанги миллат сарчашма мегирад. Арҷ гузоштан ба корнома ва қаҳрамонии фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, ки баҳри дифоъ аз манфиатҳои миллӣ ҷонфидоиҳои зиёде кардаанд, намунаи олии ватандорист. Имрӯз дар толори Китобхонаи Миллии Тоҷикистон рӯнамоии ду китоби журналист ва қаламкаши тавонои тоҷик Шарифи Ҳамдампур доир гашт, ки саршор аз ҳисси баланди миллатпарастӣ ва ватандӯстӣ мебошанд.
Дар маросими рӯнамоии асарҳои Шарифи Ҳамдампур “Тоҷикон дар сӯҳбати Ғафуров бо Сталин” ва “Чунин гуфт оне, ки буду оне, ки ҳаст” чеҳраҳои шинохтаи илму адаб ва фарҳангу сиёсати кишвар, ҳамчунин намояндагони сафоратхонаҳои хориҷӣ ва дигар меҳмонони олиқадр ширкат намуда, андеша ва таасуроти худро аз ин ду асар баён карданд. Садри маҷлис Сангин Гулов зимни ифтитоҳи маросими рӯнамоии асарҳои Шарифи Ҳамдампур таъкид намуд, ки дар арафаи ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба табъ расидани ин ду китоб падидаи бисёр нек ва фараҳбахш аст, зеро ин асарҳо аҳамияти илмию таърихӣ доранд.

“Дар бораи Бобоҷон Ғаффуров бисёр навиштаанд, вале тавассути ин китоб мо Ғаффуровро аз нигоҳи як пажуҳишгар мешиносем, ки кӯшиш намудааст дар такя ба сарчашмаҳои таърихӣ хизматҳои Ғаффуровро барои миллати тоҷик воқеъбинона инъикос намояд. Бурди муаллиф дар он аст, ки танҳо бо маълумотҳои сарчашмаҳои таърихӣ қаноат накарда, талош ва ковишҳои худро идома додааст, бо шахсиятҳое, ки Бобоҷон Ғаффуровро аз наздик мешинохтанд сӯҳбат намуда як асари бисёр пурарзиш иншо намудааст...”-таъкид намуд Сангин Гулов.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдунабӣ Сатторзода зимни суханронии худ аз давраҳои ҷавонии муаллиф ёдовар шуда, гуфт:
“Шарифи Ҳамдампур ҳанӯз аз даврони донишҷӯияш ба таърихи халқи тоҷик ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат, хосса Бобоҷон Ғаффуров таваҷҷӯҳи зиёд дошт ва аз ҳамон замонҳо ин мавзӯро пайгирӣ мекард. Аён аст, ки ин асар натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи муаллиф буда, дар бадали солиёни зиёд Ҳамдампур гаштаву баргашта чандин маъхазҳои таърихиро такорӯ намудааст... “

Дар маҳфил ҳамчунин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, сиёсатмадорони шинохта Ҳамрохон Зарифӣ, Сайфулло Сафаров, Шоири Халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, профессор Иброҳим Усмонов, журналистони варзида Қироншоҳ Шарифзода, Раҷаби Мирзо, Хуршеди Атовулло ва дигар чеҳраҳои шинохтаи илму адаби тоҷик ширкат варзиданд ва зимни суханронии худ ба асарҳои Шарифи Ҳамдампур баҳои баланд доданд.

Бояд тазаккур дод, ки асари дуюми Шарифи Ҳамдампур “Чунин гуфт оне, ки буд ва оне, ки ҳаст”-маҷмуаи мусоҳибаҳои муаллиф бо шахсиятҳои шинохтаи арсаи байналмиллаӣ, аз ҷумла сарони давлатҳо, сиёсатмадорон машҳур ва дигар чеҳраҳои бузурги олами сиёсат буда, мавзуҳои хеле муҳими ҳаёти ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст.

“Дар масъалаи арзиши маънавию таъхирии ин асарҳо ман фақат ду нуктаро зикр карданим. Якум: Асарҳои Шарифи Ҳамдампур исбот менамоянд, ки журналистика як соҳаи мустақили илм мебошад. Дуюм: Дар китоби “Тоҷикон дар сӯҳбати Ғафуров бо Сталин” муаллиф хизмати Бобоҷон Ғафуровро дар исбот намудани он ки тоҷикон сокинони муқимии Осиёи Миёна буда, таъриху фарҳанги бой доранд, бо далелҳои раднашаванда собит намудааст. Қаблан кӯшишҳо дар ин самт албатта хеле зиёд буданд, аммо касе бо чунин делали раднашаванда ин нуктаро собит накарда буд, аз ҳамин хотир ман Шарифи Ҳамдампурро сидқан муборакбод мегӯям,”-гуфт профессор Иброҳим Усмонов.

Дар фарҷом муаллиф аз ҳозирин изҳори ташаккур намуда, ваъда дод, ки то охири сол боз ду асари дигари худро манзури ошиқони сухани ноб хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД