Зиндагӣ пастиву баландиҳои зиёде дорад ва танҳо нафароне ба қуллаи мақсуд мерасанд, ки дар оилаашон ҳамдигарфаҳмию муҳити солим ҳукмрон аст.
Гоҳо ба хотири ба даст гирифтани лаҷоми ҳамсар мард ё зан ба зӯроварӣ ва ё нозу нуз сар карда, зиндагии оилавиро мисли заҳр талх месозад. Ин санҷишнома имкон медиҳад, ки шумо то кадом андоза дар оила “деспот” будани худро муайян созед. Як қисмати саволҳо барои занҳо ва қисмати дигараш барои мардон аст. Аз се варианти ҷавоб «бале», «не», «баъзан» фақат яктоашро интихоб намоед.
Саволҳо ба мардон:
1. Ақаллан ними вақти холиатонро бо завҷаатон мегузаронед?
2. Бо пайдо шудани аввалин имконият ҳамсаратонро таърифу тавсиф менамоед?
3. Дар масъалаи кадбонугӣ ва рӯзгордорӣ ҳунару маҳорати ҳамсаратонро бо модаратон қиёс мекунед?
4. Ба дунёи ботинии завҷаатон, китобҳои мехондаву шуғли дӯстдоштааш мароқ зоҳир менамоед?
5. Ягон маротиба ба занатон барои шустани либосатон ё дигар хизмате, ки ба шумо мекунад, миннатдорӣ баён кардаед?
6. Ба завҷаатон иҷозат медиҳед, ки аз ҳамкорон, ҳамкурс ё ҳамсинфонаш туҳфаҳои одии дӯстона қабул намояд?
7. Кӯшиш мекунед, ки дар назди дигарон ҳамсаратонро танқид нанамоед?
8. Ба занатон гул туҳфа мекунед?
9. Иҷозат медиҳед, ки як қисми маблағи буҷаи оилавиро завҷаатон бо табъи дили хеш сарф намояд?
- Мекӯшед, ки мушкилоти завҷаатонро ҳал намоед?
Саволҳо барои занҳо
1. Шуғлҳои дӯстдоштаи шавҳаратонро меписандед?
2. Мардакатонро бо дигар мардони пешрафта муқоиса мекунед?
3. Мекӯшед, ки хонаатонро зебову озода нигоҳ доред?
4. Дар кору фаъолияташ ба шавҳаратон озодии мутлақ додаед?
5. Дар вақти харидории чизҳои муайян табъи дили шавҳаратонро ба инобат мегиред?
6. Вақти холиро бо дарназардошти шуғли дӯстдоштаи шавҳаратон мегузаронед?
7. Замоне, ки дар мушкиле ба мувофиқат намеоед, гузашт мекунед?
8. Кӯшиш мекунед, ки шавқу завқи шавҳаратонро дарк намоед?
9. Аз танқиди дӯстони шавҳаратон худдорӣ менамоед?
- Мекӯшед, ки барои мардакатон ҳар рӯз хӯрокҳои ҳархела омода кунед?
- Кӯшиш ба харҷ медиҳед, ки бо модар ва дигар наздикони шавҳаратон муросо ва созиш намоед?
12. Ҳангоми ба хона дер омадани шавҳаратон норозигӣ баён мекунед?
- Ба мушкилоти моливу пулӣ тобовар ҳастед?
Натиҷаи санҷишнома
Ҷамъи умумии холҳоро ҳисоб кунед. Ҷавобҳои «бале» - 0 арзиш доранд, барои посухи «баъзан»- 1 ва «не» 2 холӣ гузоред.
0- 5 ҳол
Девори муҳаббату рӯзгори оилавии шумо хеле мустаҳкам сохта шудааст. Ҳамсафари ҳаётиятон заҳматеро, ки шумо барои пойдории оила мекашед, қадр менамояд ва аз шумо миннатдор аст. Ӯ ҳамеша ба нуқтаи назари шумо гӯш медиҳад. Аён аст, ки ҳамсаратон ба шумо муҳаббати беандоза дорад ва дар симои шумо ҳамсуҳбати хубу дӯсти самимию ғамхорро мебинад.
5- 10 хол
Дар муносибатҳои оилавии шумо як навъ ноустуворӣ дида мешавад. Аз ҷониби шумо фориғболиву бепарвоӣ эҳсос мешавад, вале руҳафтода нашавед, кор ба мушкилии ҷиддиву ҷанҷоли калон рафта намерасад.
10- 15 хол
Дар муносибатҳои шумову ҳамсаратон нофаҳмӣ реша давондааст. Ҳамсафари ҳаётиятон шуморо худбину худпараст меҳисобад. Хислати худро, агар тағйир надиҳед, дилхунукӣ ба ҷангу ҷанҷолҳои доимии оилавӣ табдил ёфта, ба ҷудоӣ оварда мерасонад. Хонавайрон шудан нахоҳед, нисбати ҳамсаратон меҳрубону ғамхор шавед.
15-20 хол
Мутаассифона, оилаи шумо дар остонаи парокандашавӣ қарор дорад. Шояд ба хотири фарзандон, волидон ё гапи мардум якдигарро тоқат мекарда бошед, вале чунин зиндагии бе рангу бе маънӣ оқибат надорад. Шумо комилан бо ҳам муросо карда наметавонед ва ин хеле бад аст.