Arzon march 2024
Тест: Шумо одами хушмуомилаед ё дағал?
1965

 Ба суолҳои санҷишнома ҷавоб гуфта, муайян созед, ки шумо барои пайвандон ва атрофиёнатон чӣ гуна шахс ҳастед?

  1. Боду ҳавои номусоид табъатонро хира месозад?

А) Хеле зиёд!

Б) Ба шарте, ки вазъи ҳаво ба нақшаҳоям халал расонад.

В) Муҳимаш табъи худам болида бошад.

2. Шумо ҳамеша ба кӯмаки шахси наздикатон омода ҳастед?

А) Бегуфтугӯ! Агар аз уҳдааш бароям, аз таҳти дил хизмат мекунам.

Б) Ба одамон кӯмак мерасонам, то ки онҳо низ дар зарурат ба ман ёрӣ расонанд.

В) Не, ба афтодагон даст диҳӣ, аз оринҷат медоранд.

3. Чӣ боиси хавотирии шумо мегардад?

А) Бисёр чизҳо.

Б) Мушкилоти пайвандонам.

В) Барои хавотир шудан вақт надорам.

4. Андешаи шумо дар бораи одамони сергап:

А) Забони дароз сари сабзро мехӯрад.

Б) Шахси хушчақчақ гули сабади маъракаҳо аст.

В) Одамони серҷоғ бисёр айёранд.

5. Одам дар куҷо роҳат мекунад?

А) Дар танҳоӣ.

Б) Бо атрофиёнаш.

В) Инсон ҳеҷ гоҳ роҳатро намебинад.

6. Бо кадоме аз ин гуфтаҳо шумо розӣ шуда метавонед?

А) Баҳс ҳақиқатро рӯйи об мебарорад.

Б) Ҳақиқате, ки ҳангоми баҳс пайдо мешавад, решаи чуқур дорад.

В) Бо девона баҳс накунед, вагарна худатон низ девона мешавед.

7. Зиндагӣ барои шумо…

А) Пайваста худро такмил дода, инсони комил шудан аст.

Б) Як умр интизорӣ кашидан аст.

В) Бозие, ки касе дар он ғолиб намеояд.

8. Шумо ҳамеша хушмуомила ҳастед?

А) Чандон не.

Б) Бале, шахси хушмуомила ҳам табъи худ ва ҳам аз дигаронро болида мегардонад.

В) Аз вазъият вобастагӣ дорад. Ба дағалӣ бо дағалӣ ҷавоб медиҳам.

 Холҳоро бо истифода аз ҷадвал ҷамъ карда,

бо натиҷаи санҷишнома шинос шавед

 

1

2

3

4

5

6

7

8

А

3

1

3

1

2

3

1

3

Б

2

2

1

3

1

1

3

1

В

1

3

2

2

3

2

2

2

 8-13 хол

Аз ҷавобҳоятон маълум мешавад, ки шумо шахси чолок ҳастед ва кайҳо ин ҳақиқати одиро дарк намудаед: ба одамон тавре муносибат кун, ки бо ту ҳам ҳамон хел муносибат намоянд.

14-19 хол
Рафторатон аз ҳолати руҳиятон вобастагӣ дорад. Шумо озодии худро аз ҳама чиз авлотар мешуморед, вале дар баробари ин, шавқу завқи дигаронро низ ба эътибор мегиред.

Аз 20 то 24 хол
Бузургон мегӯянд: «Инсон тавассути рафтораш қудрату тавоноии уқёнусро инъикос менамояд». Шумо дар ҳақиқат мисли уқёнус пуршӯред. Фаромӯш накунед, на ҳама қудрати дар гирдоби амвоҷи пуртуғёни уқёнус тоқат карданро доранд. Кӯшиш намоед, ки минбаъд дар муносибат бо одамони мулоимтар ва сабур бошед. Нисбати нафароне, ки дар паҳлӯятон ҳастанд, бодиққат ва меҳрубон бошед, он гоҳ шуморо самимона дӯст хоҳанд дошт.

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД