Arzon march 2024
Тест: Шумо хушдомани хубед ё ҷаллод?
2785

 

Хушдоман модар аст, вале бо келин муросо карда натавонистани модаршӯйҳо боиси ба як образи манфӣ табдил ёфтани хушдоман гаштааст. Мехоҳед донед, ки шумо хушдомани хубед ё ҷаллод? Пас, ба саволҳои санҷишнома аз сидқи дил ҷавоб дода, барои ҳар як ҷавоби “ҳа” ба худ 2 хол ва барои ҷавоби “не” 0 хол нагузоред.

Келини ман зани танбалу ноуҳдабаро аст.
2. Ба андешаи ман, баъди зангирӣ ҳам модар бояд барои писараш аввалиндараҷа бошад.

3. Вақте келинам бо коре машғул мешавад, ба назарам чунин менамояд, ки хеле ноуҳдабаро аст.

Писарам дар интихоби зан сахт хато кардааст.
5. Ҳар дафъае, ки бо келинам суҳбат мекунам, табъам хира мешавад, чунки вай ҳама корро барқасди ман мекунад.


Ҳаҷв бояд мақсаду маром ва ҳадаф дошта бошад.Ҳаҷв бояд тарбиятгар бошад ва тамошобин дар он камбудии ҳаётро дида тавонад. Ҳаҷви мо имрӯз бисёр сабук ва ҳатто кӯчагӣ шудааст.

 


Баъди оиладор шуданаш писарам дар зодрӯзам ягон туҳфаи арзишманд тақдим накардааст.
7. Фикр мекунам, ки ҷавонон бояд ба маслиҳати калонсолони оила гӯш андозанд.

Оилаи ҷавон бояд анъанаҳои оилаи шавҳарро риоя намояд, вагарна писар занкалон мешавад.
Келинам пулҳои писарамро мисли об сарф мекунад. Пул аз миёни ангуштонаш ба зудӣ шорида меравад.
Дар масъалаи тарбияи набераҳо ва дигар мушкилот ману келинам муросо карда наметавонем.

Холҳоро ҷамъ кунед

16-20 хол

Шумо хушдомани хеле бад ҳастед. Ба ибораи дигар бигӯем, хушдоман неву Азроил. Ба писару келинатон имкон намедиҳед, ки мустақилона зиндагӣ карда, пастиву баландиҳои зиндагиро дар танҳоӣ убур намоянд. Дар ҳақиқат келинатон ба писари шумо арзанда набошад ҳам, фаромӯш насозед, ки фарзандатон ӯро интихоб кардааст. Ба тақдир тан диҳед, пас аз ин Худо хоҳад муносибататон бо писаратон хуб мешавад ва шумо метавонед ба ӯ дар боби зиндагӣ маслиҳатҳои хуб диҳед.

8-14 хол

Шумо мисли аксари хушдоманҳо аз келинатон розӣ нестед. Хоҳед, ки зиндагии писаратон вайрон нашавад, худро ба даст гиред. Муносибати худро бо келин беҳтар сохта, ӯро бо тамоми камбудиҳояш қабул кунед. Баҳудаю беҳуда писаратонро ба занаш рашк накунед. Фаромӯш насозед, ки ҳурмату эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмии шумо боиси осудагии хотири фарзандатон гашта, дар маҷмуъ ҳама аҳли оилаатонро хушбахт месозад.

0-6 хол

Шумо хушдомани хуб ҳастед ва дер ё зуд мукофоти оқилагии худро мегиред. Шумо барои фарзанди бегона модар гаштаед, аз ин рӯ ягон амалу кирдори келин ба асабатон намерасад. Мо шуморо табрик мегӯем, чунки ҳам писар ва ҳам келинатон шуморо дӯст медоранд ва як умр дар хизмататон хоҳанд буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД