Sebiston new 2024 october
Занҳои тоҷикро кӣ гумроҳ месозад?
4438

 

 Шаҳлои Наҷмиддин, як тан аз журналистони шинохтаи тоҷик дар саҳифаи фейсбукиаш аз ҷалби баъзе занону духтарони тоҷик ба гумроҳӣ ва корҳои фисқу фасод дар Федератсияи Русия бонги изтироб задааст.

Пас аз нашри матолиби ӯ Нисо ном зани муҳоҷир,ки дар Питер кору зиндагӣмекунад ба хабарнигори сомонаи ОИЛА-ТЧ сари ин мавзуъ дар робита гашта, андешаашро чунин  арзёбӣ намудааст. 

Бисёр шоҳиди ин ҳодисаҳо шудаам. Дар кӯчаҳои шаҳри Питер тез-тез эълонҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки занону духтарони зеборо ба кор даъват менамоянд. Нисо мегӯяд, ин эълонҳо тақаллубӣ буда, ҳадафашон ҷалби занону духтарони ҷавон ва зебою дилкаши Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон ба корҳои фаҳшу ҳаром ва фоҳишагӣ мебошад.  

Нисо мегӯяд, ки дугонаам Савринисо, ки ҳанӯз 19-сола асту бо амри тақдир аз шавҳараш ҷудо шуда, ба Русия коркунӣ рафта буд, бо дидани чунин эълон хурсанд шуда, ба сурғаи зикршуда меравад ва бо ҳамин бе ному нишон гум мешавад. Бечора духтар пеш аз рафтанаш ба дугонааш эълонро нишон дода, гуфтааст, ки ниҳоят кор пайдо кард ва умед дорад, ки зиндагиаш пас аз ин хуб мешавад, аммо...

Дар идомаи нигоштаи худ Нисо аз сарнавишти боз як ҷавонзани дигареро ҳикоят мекунад, ки аз тоҷикони Самарқанд будааст. Ин зан низ ба доми чунин даллаҳои фиребгар афтида, аз маҷбурӣ муддате ба сифати фоҳишаи виртуалӣ кор кардааст. Пас аз он ки “хоҷагонаш” ӯро ба Арабистон бурда фурӯхтани мешаванд, ин зан илоҷе карда, фирор мекунад ва аз тарс худи ҳамон рӯз чиптаи ҳавопаймо харида ба Ӯзбекистон парвоз мекунад...

Ёдрас мешавем, ки Нисо ва Саринисо худ муддати чанд сол ба сифати муҳоҷири корӣ дар Русия ҳастанд ва бо муҳити ин кишвар, хоса шаҳри Питерр ошноӣ доранд.

Ин бори аввал нест, ки масъалаи ҷалби занону духтарони кишварҳои Осиёи Миёна ба фоҳишагӣ дар Русия рӯйи об мебарояд. Қаблан низ ин мавзуъ дар ВАО чанд маротиба инъикос ёфта буд. Қисмати зиёди занони муҳоҷирро бо макру фиреб ба фоҳишагӣ ҷалб месозанд, аммо нафароне низ ҳастанд, ки дар мулки бегона кори муносиб пайдо карда натавониста, ночор ба ин амали нангин даст мезананд.

Сабаби нахустини рӯ ба муҳоҷират овардани занону духтарони кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон мушкилоти бекорӣ дар ин давлатҳо бошад, паҳлӯи дигари ин мавзӯи дарднок афзуни талоқ ва бесаводӣ ё камсаводи аст. Волидон бо мақсади ҳарчи зудтар бо обрӯ ба хонаи бахташ гусел кардани духтар, ки бори номус маҳсуб меёбад, фарзандони худро барвақт ба шавҳар медиҳанд. Аксаран киштии бахти ин арӯсакони ба зиндагии оилавӣ нотайёр дар моҳҳо ва солҳои аввали хонадорӣ бо шикаст рӯ ба рӯ гашта, бадбахт мешаванд.

Пас аз талоқ зиндагӣ дар хонаи падарӣ барои ҷавонзани сиёҳбахт душвор мегардад. Аз ҳамин сабаб аксари занҳое, ки ба қавли маъмул номи бади бевагиро гирифтаанд, роҳи Русияро пеш мегиранд, то ризқу рӯзиашонро бо дасти худ пайдо карда, миннатшунави бародару янга ва дигар пайвандони хеш нагарданд, аммо пайдо кардани кори муносиб барои зане, ки саводи кофӣ надорад, дар мулки бегона басо душвор аст. Моҳҳо дар ҷустуҷӯи кор сарсону саргардон шуда, ин занҳои бечора ба доми даллаҳои фиребгар меафтанд ё маҷбур мешаванд, ки барои аз гуруснагӣ намурдан рӯ ба корҳои пасту ҳаром оваранд...    

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД