sebiston july new
23-сол боз роҳи шавҳарамро мепоям
3992


Соли 1995-ум шавҳарам ба Русия рафт. Он замон писари хурдиям ҳанӯз дар батни ман буд. 14 сол аз мардакам на хат буду на хабар ва ман азобу хориҳои зиёд кашида, кӯдаконамро тани танҳо ба воя мерасондам.

14 сол пас шавҳари гумномам пайдо шуд. Хостам ӯро ба хона роҳ надиҳам, вале падару модарам «зани шавҳардор деги ба сарпӯш аст, ҳарчи ҳам набошад, фарзандонатонро аз ин пас саробон мешавад» гӯён, моро ба муросо оварданд. Мардакам қасам болои қасам хӯрда мегуфт, ки бо айби як беваи ҷодугари рус ин қадар сол моро ба ёд наовардаасту аз ин пас як тори мӯйи сари фарзандонашро ба сад зан иваз намекунад. Ба қавлу қасамаш бовар карда боз бо ӯ зиндагӣ оғоз намудам, вале аз байн нав як моҳ гузашта буд, ки рӯзе хаткашон ба хонаамон нома овард. Мактубро кушода ҳуш аз сарам парид. «Боигариамро дуздида гурехтӣ, номард?! Тоҷикистон он қадар калон нест, ки туро пайдо накунам. Ба хубӣ баргард, вагарна бо воситаи милисаю прокурор туро ёфта меоранд!» навишта шуда буд дар мактуб. Ранги рўйи шавҳарам канд, забонаш дар комаш часпид, ба наздаш об гузоштам, то ҳалқашро тар кунад. Як қулт об нӯшида сарашро дошту зери лаб ба ғур-ғур кардан даромад: «Беваи худозада, роҳи дигар наёфта ин туҳматро ба пойи ман бастан мехоҳад. Базӯр аз доми ӯ халос шуда будам, «пулҳоямро дуздидӣ» гуфта бо таҳдиду зӯрӣ боз маро ба чанг оварданист…» Дилбардорӣ намуда гуфтам, ки зиқ нашавад, касе ӯро бегуноҳ ҳабс карда наметавонад, вале шавҳарам аз дасти ин русҳо ҳама кор меояд, гӯён, боз рахти сафар баст. Ваъда дода буд, ки оташи моҷароро хомӯш карда ба зудӣ бар мегардад, вале аз байн боз шаш соли дигар гузашту то ҳол вай аз доми ҳамон бевааш халос нашудааст. Бачаҳоям донишҷӯ шуда бошанд ҳам, кӯдак барин ҳар рӯз мепурсанд: «Оча, дадам меомада бошад ё бо мо бозӣ карда як бор омаду боз пеши ҳамон зани таннозаш рафт?!» Ҷигарам аз шунидани ин саволашон об мешавад, аз ҳамин сабаб ба сомонаи ОИЛА- ТЧ » муроҷиат кардам, ба умеде, ки шояд шавҳарам номаи маро хонда ба назди бачаҳояш бармегардад.
Рафоат, аз н. Рӯдакӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Рахимбой 2019-07-28, 14:36
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕДАз Бахри ин хел шавхар бароед ,бочахотон калон шудиян,шукри Худованд есунашба азоб намекашед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Рахимбой 2019-07-28, 14:36
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕДАз Бахри ин хел шавхар бароед ,бочахотон калон шудиян,шукри Худованд есунашба азоб намекашед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД