Sebiston new 2024 october
Қадами Қурбон: Маро зинда ба зинда гӯр накунед!
5538

 Занги телефон садо дод. Бо бардоштани гӯшак садои ошное ба гӯшам расид.

-Салом! Ин телефони сомонаи Оила?

-Бале! Кӣ мепурсад? Ба шумо кӣ лозим?

-Ман Қадами Қурбон! Ба ман Шабнам-журналисти ҳамин сомона даркор!

-Ман Шабнам. Шуморо гӯш мекунам Акои Қадам!

-Дирӯз ту тирмизак аз мо интервю гирифта, чӣ навиштӣ? Гуфти, ки Қадами Қурбон дар роҳи Душанбе -Данғара ба садама гирифтор шуда мурдааст? Ман зинда ку?! Чаро аз пеши худат ҳарчӣ навишта, маро зинда ба зинда гӯр кардан мехоҳӣ?!

-Ман нафаҳмида истодаам, шумо чиро дар назар доред...

-Худата ба нодонӣ назан, ҳамин рӯз миллион одам занг зада, пурсид...

й акаи Қадам, қасам ба номи Худо, ман ин хел нанавиштаам. Даромада сайти ОИЛА.ТЧ-ро хонед, мавзӯъи ман тамоман дигар буд. Дар он ҷо дар бораи садама ягон чиз гуфта нашудааст. Хабари мурданатонро навакак аз даҳони худатон шунидам!

-Намедонам, ман дар деҳа будам, чанд шиносам занг зада гуфтанд, ки а бача тинҷиҳай, меган, ки Қадами Қурбон авария карда мурдай...

-Мо шуморо зинда ба зинда гӯр карданӣ нестем, акаи Қадам. Беҳтараш бигӯед, ки дар деҳа чӣ кор мекардед?

-Гирди ҳавлима лойдевор кардам, охир тарамоҳ наздик шуда истодааст, ба боронгариҳо тайёр шудан лозим.

-Нахооод? Ҳеҷ тасаввур намекунам, ки чи хел як ҳофизи шинохта, ситораи нави эстрадаи тоҷик-Қадами Қурбон лойдевор мезада бошад. Ман фикр мекардам, ки Қадами Қурбон рӯзи дароз бо духтарҳои нозанин аз ин тарабхона ба он тарабхона айшу ишрат карда мегардад?

-Не Шабнамҷон, агар шуморо ҷон гуфта муроҷиат кунам, намеранҷед?

-Ҳар чӣ хоҳед, гӯед, акаи Қадамҷон!

-Ман деҳқонбачаюм, рӯзҳое, ки ягон тӯю маърака набошад, дар хона ба корҳои хоҷагӣ машғул шуда, гандум дарав мекунум, девол мезанум, андова мекунум, боз чилу бист кори дигар дорум...

-Офарин акои Қадам! Барои кам шудани чунин овозаю ҳангомаҳо шуморо ба сӯҳбати видеоӣ ба студияи сомонаи Оила. ТҶ даъват мекунем.

-Агар барои сабти видео биёям, чанд сомон медиҳед, духтари хушрӯй?(Механдад)

-Шумо аввал биёед, баъд дар студия маслиҳат мекунем!

-Мееееедонум! Кидат разбор надорад!(Механдад)

-Ташаккур акои Қадам! Мо ҳатман ин суханҳоятонро ба инобат мегирем!

-Ба шумо ташаккур Шабнамҷон. Худо хоҳад, рӯзҳои наздик ҳатман барои сӯҳбати видеоӣ ба студияи шумо меоям! 

Қадами Қурбон ба наздикӣ дар шаҳри Бохтар консерт дорад ва ваъда дод, ки баъди ин барнома меҳмони студияи Оила мегардад. Ба Қадами Қурбон савол ё дархосте дошта бошед, ҳатман ба мо занг занед.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-15, 985-81-89-81, 93-180-77-80

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД