Мегӯянд, ки ба хотири пешгирии ҳомиладорӣ дурудароз аз спирал истифода бурдан хатарнок аст ва он метавонад занро ба касаии саратон гирифтор созад. Ин андеша то кадом андоза дуруст аст?Паричеҳр, н. Турсунзода
Посухи Саидҷон Нодирӣ:
Ба сабаби ҳаҷман калон будани ҳалқа он метавонад раҳми занро озор дода, ба ҷароҳат табдил диҳад, аммо то кунун, ҳеҷ кас аз гузоштани ҳалқа ба бемории саратон мубтало нашудааст. Танҳо ҳалқаи мувофиқро интихоб намуда, онро дуруст мондан лозим аст. Занҳое, ки бо мақсади пешгирии ҳамл аз ин усул истифода мебаранд, бояд дар шаш моҳ як маротиба ба назди духтури занона рафта аз назорат гузаранд.