Ҳусни табииву худодод ниҳоят ганҷи бебаҳост ва онро бояд ҳифз кард. Чеҳраи зан ҳамеша ниёз ба нигоҳубин дорад. Аз касе пӯшида нест, ки барои ба ҳусни табиӣ ҳусни нав зам намудан косметика нақши муассир дорад.
Ноқисиҳои пӯстро бо ороиш метавон пинҳон намуд. Косметика дар рӯи зан муъҷиза меофарад. Аз тарзи пардозамон образи мо ва чӣ гуна моро қабул намудани атрофиён вобастагӣ дорад. Пардоз ба хотири дучанд сохтани ҳусн аст ва ҳар бону бояд тарзи дурусти пардоз карданро бидонад. Инак, мо чанд қоидаи асосии пардози рӯйро манзури шумо месозем.
- Пардози ҳаррӯза бояд табиӣ бошад ва ҳусни модарзодро баръало намоён созад, бинбар ин, ба рӯятон косметикаи бисёр намолед.
- Пӯсти рӯятон поку беҷурм бошад, аз малҳами ҳамранги пӯст (тональный) ва упо даст кашед, зеро аз ҳардуи ин ороишот кам истифода бурда, шумо пӯстатонро солиму ҷавон нигоҳ хоҳед дошт.
- Хоҳиши боз ҳам ҳамвору беҷурм сохтани рӯятонро дошта бошед, метавонед аз малҳами ҳамранги пӯст (тональный) ё упои ба об тобовар истифода баред.
- Ҳангоми интихоби ин ороишотҳои косметикӣ диққат диҳед, ки СПФ дошта бошанд. Ҳар қадаре, ки нишондоди СПФ баланд бошад, ҳамон андоза пӯсти шуморо аз нуҳои офтоб беҳтар муҳоҷизат менамоянд.
- Дониста бошед, ки дар сурати нодуруст интихоб намудани малҳами ҳамранг он ба пӯст намешинад ва ба ҷойи зеботар шудан шумо ба аҷузаи афсонавӣ ё қаҳрамони филми даҳшатноки “Маска” табдил меёбед.
- Малҳами ҳамрангро ба рӯй баробар молида аз болояш як қабат упо кардан кифоя аст, то малҳами ҳамранги пӯст дар давоми рӯз боқӣ бимонаду рӯятон ҷило надиҳад, зеро малҳами ҳамранг ниҳоят равғанин аст.
- Малҳам ва упо бояд ба пӯст ниҳоят ҳамвор ва ба тамоми рӯй молида шавад.
- Ба пешонӣ малҳам намолида ба рухсора молидан мумкин нест, зеро дар чунин ҳолат ранги рӯятон ҳархела, як ҷояш равшану дигараш тира мегардад.
- Боз як омили пардози дуруст молидани сурхӣ ба рухсора аст. Ин кори саҳл нест. Аксарияти духтарон сурхиро ба лунҷҳо мемоланд, ки ин нодуруст аст. Сурхӣ бояд ба устухони рухсора молида шавад.
10 Сурхиро вобаста ба ранги рӯй интихоб менамоянд. Пӯстатон сафед бошад, ба шумо сурхии гулобиранг мезебад, агар пӯстатон андак офтобзада бошад, сурхиҳои қаҳваранг ё шафтолугиро интихоб намоед. Барои пӯсти сабзина сурхиҳои қаҳваранги равшан зебанда аст. Ба ҳар сурат рухсораҳо бояд ба назар табиӣ намоянд, гӯё сурхӣ аз пӯсти худатон бошад.
11 Вақте рангро интихоб намудед, мӯқалами махсуси калонро гирифта, сурхиро бо ҳаракати озод ба устухони рухсора нағзакак молед. Диққат диҳед, ки хати пардози рӯй аз сурхии рухсора фарқ накунад.
12 Пардози миҷгон кори душвор нест. Пеш аз ҳама тушро дуруст интихоб кардан лозим аст. Миҷгонҳоятон кӯтоҳ бошанд, туши миҷгондарозкунак (удлиняющий) бигиред, агар чашмонатон ниҳоят ҳассос бошанду зуд осеб ёбанд, тушеро интихоб намоед, ки махсус барои чашмони ҳассос пешбинӣ шудаанд.
13 Тушро баробар ба миҷгонҳоятон молида, аҳамият диҳед, ки лӯндача нашавад. Фаромӯш накунед, ки туш миҷгонро бояд ғафс намояд, на ин ки ба миҷгон вазнинӣ оварад.