Sebiston new 2024 october
Тест: Шумо одами хоксоред ё мағрур?
2023


Хоксорӣ сифати наҷибест, ки Худованд на ба ҳар кас ато месозад. Инсони хоксор ба зиндагӣ бо чашми ақл назар карда, ҳаргиз худро аз касе баланд намегирад, вале одами мағрур гумон мекунад, ки ӯ нофи замин ва алломаи аср аст. Биёед месанҷем, ки шумо одами хоксоред ё мағруру ҳавобаланд? Барои ин, саволҳоро бо диққат хонда, ҷавоберо интихоб намоед, ки ба рафтори шумо мувофиқат мекунад.

1. Ба танқид гӯш медиҳам

1) Хеле кам.
2) Баъзан.
3) Гоҳ-гоҳ.
4) Аксаран.
5) Ҳамеша.
2. Аз уҳдаи коре баромада натавонам, иқрор мешавам.
1) Хеле кам.

2) Баъзан.
3) Гоҳ-гоҳ.
4) Аксаран.
5) Ҳамеша.
3. Иқрор мешавам, ки дигарон аз ман саводи хубтар доранд.
1) Хеле кам.

2) Баъзан.
3) Гоҳ-гоҳ.
4) Аксаран.
5) Ҳамеша.
4. Ба ҷиҳатҳои мусбии одамон диққати хоса медиҳам.
1) Хеле кам.

2) Баъзан.
3) Гоҳ-гоҳ.
4) Аксаран.
5) Ҳамеша.
5. Ҷиҳатҳои хуби хислати дигаронро таъриф мекунам.
1) Хеле кам.

2) Баъзан.
3) Гоҳ-гоҳ
4) Аксаран.
5) Ҳамеша.
6. Ба дигарон барои дар ин ё он кор саҳм гузоштанашон миннатдорӣ баён мекунам.
1) Хеле кам.

2) Баъзан.
3) Гоҳ-гоҳ.
4) Аксаран.
5) Ҳамеша.
7. Омода ҳастам кореро аз дигарон омӯзам.
1) Хеле кам.

2) Баъзан.
3) Гоҳ-гоҳ.
4) Аксаран.
5) Ҳамеша.
8. Пешниҳодҳои дигаронро бо хушнудӣ қабул мекунам.
1) Хеле кам.

2) Баъзан.
3) Гоҳ-гоҳ.
4) Аксаран.
5) Ҳамеша.
9. Ба маслиҳати дигарон гӯш медиҳам.
1) Хеле кам.

2) Баъзан.
3) Гоҳ-гоҳ.
4) Аксаран.
5) Ҳамеша.
Ҳисоб кунед, ки кадом варианти ҷавобҳоро бештар интихоб кардаед
Натиҷаи санҷишнома


 1–2 (Хеле кам/баъзан)
Атрофиён шуморо ҳавобаланду мағрур мешуморанд ва маҳз ҳамин андеша онҳоро аз шумо дур месозад. Камбудиҳои худро ба гардан гирифта, бартариҳои дигаронро эътироф намоед ва заҳматашонро қадр намоед, он гоҳ муносибати атрофиён бо шумо тағйир ёфта, коратон пешрав хоҳад гашт.

3–4 (Гоҳ-гоҳ ва аксаран)
Шуморо касе ҳавобаланду мағрур намешуморад, вале бо вуҷуди ин, бояд хоксортар бошед. Сараввал камбудиҳои худро ислоҳ кунед, баъд айби дигаронро биҷӯед. Ҳар қадаре, ки сифатҳои мусбиятонро бештар намоед, ҳамон андоза коратон пешрав хоҳад гашт.

5 (Ҳамеша)
Шумо хеле инсони хоксор ҳастед. Атрофиён аз ҳамкорӣ бо шумо ҳаловат мебаранд, вале бояд иқрор шуд, ки баъзе камбудиҳо дар рафтору кирдоратон вуҷуд доранд. Сар ба ҷайби андеша кашида, бори дигар фикр кунед, ки бештар дар куҷо ба ғалат роҳ медиҳед ва аз пайи ислоҳи камбудиҳоятон шавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД