toyota motors
ТОЛЕЪНОМАИ 9-УМИ АПРЕЛИ СОЛИ 2026
1177

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз ба наздиконатон таваҷҷуҳ зоҳир кунед: туҳфаҳои хурд ва суханони гарму самимӣ муносибатҳоро қавитар мегардонанд. Шомро барои муҳаббат ва лаҳзаҳои хотирмон ҷудо намоед. Дар касбу кор заҳмататон қадр мешавад, ҳатто имкони зиёд шудани маош низ ҳаст. Аз харидҳои гарон худдорӣ кунед. Ба ҷойҳои серодам наравед. Аз ҳаракатҳои ногаҳонӣ ва кори вазнин дурӣ ҷӯед, зеро буғумҳо ва пайвандҳо осебпазиранд.

Савр (21 апрел-21 май)

Шахси дӯстдоштаатон омода аст шуморо дастгирӣ кунад, дар посух меҳрубонӣ нишон диҳед. Дар оила эҳтимол нофаҳмӣ ба вуҷуд ояд, вале бо сабр онро пешгирӣ кардан мумкин аст. Кор зиёд мешавад, аммо муздаш хуб хоҳад буд. Аз муомилаҳои нави молиявӣ худдорӣ кунед ва ҳама чизро бодиққат баррасӣ намоед. Ба ғизо аҳамият диҳед, аз пурхӯрӣ парҳез кунед. Варзиш дар ҳавои тоза рӯҳияатонро боло мебардорад.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз шояд аз рафтори дӯстдоштаатон шубҳа кунед, аммо бе далел ғамгин нашавед. Беҳтараш бо ӯ ошкоро суҳбат кунед. Дар хона эҳсосотро идора намоед, то ҷанҷол пеш наояд. Баъди нисфирӯзӣ ихтилоф бо ҳамкорон имкон дорад, вале муваффақиятҳое, ки худ ба даст меоред, эътимоди шуморо зиёд мекунанд. Дар рӯзҳои наздик корҳои молиявӣ хуб пеш мераванд. Бештар истироҳат кунед, қувватро барқарор созед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз мефаҳмед, ки ба тартиб овардани ҳаёти шахсӣ кори осон нест, аммо ба зудӣ имкони хуб пайдо мешавад. Бо шиносҳо баҳс карданатон мумкин аст, вале хавотир нашавед, дӯстони боэътимод шуморо дастгирӣ мекунанд. Кӯшиш кунед ҳамеша якрӯй бошед. Заҳматҳои пешинаатон самар медиҳанд ва вазъи молиявиатон беҳтар мешавад. Аз кори вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед, то хастагии зиёд пешгирӣ гардад.

Асад (23 июл-23 август)

Агар барои шом вохӯрии ошиқона тарҳрезӣ шуда бошад, он хеле хотирмон мегузарад. Ҷозиба ва дилрабоии шумо меафзояд. Дар оила низ эҳсосоти нав бедор мешаванд. Дар касбу кор аз худнамоӣ худдорӣ кунед, бигзор амалҳоятон гӯянд. Лоиҳаҳои нави тиҷоратиро муваққатан ба таъхир гузоред. Ба саломатӣ диққат диҳед: нишонаҳои хастагӣ метавонанд пайдо шаванд, пас бештар истироҳат кунед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Ба касе иҷозат надиҳед, ки эҳсосоти шуморо идора кунад. Агар фишор ҳис кунед, беҳтараш муносибати ошиқонаро бознигарӣ намоед. Имрӯз барои танҳо мондан ва андеша кардан вақти хуб аст. Дар касбу кор имкони оғоз кардани кори нав вуҷуд дорад. Мардон метавонанд қобилиятҳои худро нишон диҳанд. Аммо парешонӣ метавонад халал расонад. Аз ҷиҳати молиявӣ эҳтиёткор бошед. Тарзи ҳаёти солимро риоя кунед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз барои истироҳат бо дӯстдоштаатон мувофиқ аст, пикник ё рафтан ба қаҳвахона рӯҳияро боло мебарад. Агар ба андешаҳои наздикон эҳтиром гузоред, обрӯятон меафзояд. Субҳ каме дам гиред, баъд бо қувваи нав ба кор баргардед. Вазъи молиявӣ метавонад беҳтар шавад, имкониятҳоро оқилона истифода баред. Ба саломатӣ аҳамият диҳед, шояд тағйири парҳез лозим гардад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз эҳтимоли нофаҳмӣ бо шахси наздик вуҷуд дорад. Ба одамони нав зуд бовар накунед ва эҳсосотро идора намоед. Баъди нисфирӯзӣ баҳсҳои хурд бо хешовандон имкон доранд. Ҳадафҳои дастрас гузоред. Ҳамкорон метавонанд ба шумо кӯмак кунанд, шумо ҳам онҳоро ноумед насозед. Имкониятҳои хуб пайдо мешаванд, онҳоро аз даст надиҳед. Стресс метавонад ба саломатӣ таъсир расонад, пас оромиро нигоҳ доред.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Барои нафарони танҳо вохӯриҳои ҷолиб пеш меоянд, аммо кӯтоҳмуддат хоҳанд буд. Ба наздикон кам таваҷҷуҳ додаед, аз ин рӯ нофаҳмӣ пайдо мешавад. Ба суханони танқидӣ сахт аҳамият надиҳед. Дар ҷои кор одобро риоя кунед ва ба дигарон эҳтиром гузоред. Қарорҳои муҳимро ба рӯзи дигар гузоред, зеро хатоӣ эҳтимол дорад. Зиндагии серташвиш метавонад шуморо хаста кунад, бештар оромӣ ҷӯед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз метавонед ташаббусро ба даст гирифта, муносибатро ҷиддӣ гардонед. Ба паҳлӯҳои мусбати оиладорӣ диққат диҳед. Шахси наздик метавонад аз шумо маслиҳат пурсад, аммо эҳтиёт шавед, ки тамоми масъулият ба дӯши шумо наафтад. Дар ҷои кор машғулият зиёд мешавад, вале даромад ҳам меафзояд. Хариди нав табъатонро болида месозад. Ба ғизои солим - мева, сабзавот ва хӯроки сабук афзалият диҳед.

Далв (21 январ-19 феврал)

Муҳаббати шумо метавонад ранги тоза гирад. Ба эҳсосоти нав кушода бошед ва ба худ бештар бовар кунед. Агар дар коре раҳгум занед, воҳима накунед, роҳи дуруст вуҷуд дорад, танҳо бояд онро дарк намоед. Дар масъалаҳои молиявӣ ҳатто ба дӯстони наздик пурра такя накунед, ба фикри худ эътимод кунед. Саломатӣ хуб аст, худро фаъолу нерӯманд эҳсос хоҳед кард.

Ҳут (20 феврал-20 март)

Нигоҳ доштани муносибате, ки рӯ ба вайронӣ овардааст, душвор аст, баъзан беҳтар аст онро раҳо кунед. Бо наздикон ихтилофҳо сар мезананд, аммо эҳсосотро идора карда, роҳи созишро ҷӯед. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳо хеле эҳтиёткор бошед, хатогиҳо бахшида намешаванд. Фаъолият ва ташаббус нишон диҳед, вагарна вазъият метавонад бадтар шавад. Ба табиат баромадан ва ғизои сабук интихоб кардан ба саломатӣ фоида меорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД