Imon Credit
Мулло келинашро сангборон кард
1338

 

Ман дар оилаи одамони тақводор ба дунё омадаам. Як сол пеш мактабро хатм кардаму падарам зуд маро ба шавҳар дод.

Хонаводаи шавҳарам дар масъалаи дин аз оилаи худамон дида сахттар буданд ва дар сари як дастурхон нишастани зану мардро гуноҳи азим мешумурданд. Хусурам мудом аз ҳадису китобҳои исломӣ мисол оварда мегуфт, ки зан бояд хоки пойи шавҳарашро бо дида рӯбад ва аз хати кашидаи ӯ берун набарояд. Ёд надорам, ки ягон бор хусури ба таври худ худотарсу худошиносам дар бораи қадри зан-модар гап зада бошад, занҳоро фақат паст мезаду халос.

Шавҳарам чӯпон ва чунон ифлос буд, ки ғаши кас меомад. Пас аз ҳамхобагӣ зориву илтиҷо мекардам, ки рафта ҳамом кунад, вале “аллакай рӯз сафед шудааст, падарам бинад, ки ман аз ҳамом баромада истодаам, сарамро мисли калаи ҳайвон мебурад” гуфта, оббозӣ ҳам намекард. Аз як сӯ ифлосию аз ҷониби дигар бесаводии шавҳарам ҷонамро ба лабам меовард. Тамоми хешу табор ману шавҳарамро дида, ошкоро мегуфтанд, ки Марҳабо ҳайф шудааст. Дарунакӣ хун мегиристам, вале “тақдирро тадбир карда намешавад” гӯён, бо гардани баста зиндагиро идома медодам.

 


Қасдан кардам, ки шавҳари хиёнаткорам девона шавад ва фаҳмад, ки ман ҳам, агар хоҳам, метавонам ва корҳои ҳаромашро партояд, аммо...

 


Хусурам дид, ки писараш зуд-зуд аз куҳ фаромада ба назди ман меояд, ба писараш фармуд, ки маро ҳам бо худ бурда рамаро танҳо намонад. Ориф дудила шуда, розигии маро пурсид. Дар ҷавоб гуфтам, ки ман дар куҳ дар миёни гургу шағолҳо умр ба сар бурданӣ нестам. Хусурам ин гапро шунида қиёматро қоим кард. Ин мӯйсафеди ҷоҳил “зан ҳаққи сухани шавҳарашро ду кардан надорад, ту ба шӯят гап гардонда аллакай талоқ шудӣ” гӯён, маро сангборон карда аз хонааш ронд.

Шавҳарам хост падарашро ором карда, маро аз даҳони дарвоза гардонад, вале мӯйсафед ба бари рӯйи писараш ду торсакии обдор зада, талаб кард, ки талоқи маро диҳад, вагарна ӯро оқ мекунад. Шавҳарам аз тарси оқипадар гаштан ночор ҷавоби маро дод ва дигар ба пасаш нигоҳ накарда, гириста-гириста ба куҳ рафт.

Намедонам, то ба хона расидани ман хусурам ба падарам занг зада чиҳо гуфт, ки тамоми аҳли оила бо ман душман гаштаанд. Акнун дар хонаи падару модарам ҳам рӯз надорам. Бародаронам ҳамеша маро сарзаниш карда мегӯянд, ки хислати бадат оқибат саратро хӯрд.

Хонандагони азиз! Дар интихоби бахт хуб андеша карда, баъдан хонадор шавед, зеро зиндагӣ бозича нест.

Марҳабои панҷӣ

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Баходур 2019-11-18, 21:44
Хозир шавхар надошта бошед раками телефонатро гузоред. Духтари солиха тозакор хастед.ман талабгор
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Баходур 2019-11-18, 21:44
Хозир шавхар надошта бошед раками телефонатро гузоред. Духтари солиха тозакор хастед.ман талабгор
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Tayron Test For 2