Ман соли 2004 ба Гулмаҳмад Ғаниев ба шавҳар баромада, соҳиби чор фарзанд гаштам. Мо дар деҳаи Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод зиндагӣ мекунем.
Дар 14-соли зиндагӣ як лаҳза дами бе ғам надидам. Маро хоҳарону додарони шавҳарам, ки 10 нафаранд, азоб медоданд, махсусан додаршӯям Абдулқаҳор ба ҳама кор-ба хӯрдан, ба сару либос ва рафтору гуфтори ман ва дигар янгаҳояш мудом эрод гирифта, ҷонамонро ба лабамон меовард.
Вай чунон мазҳабӣ буд, ки иҷозат намедод, ҳатто ба хонаи ҳамсоя равем. Ҳамаи келинҳои Ғаниевҳо аз додарарӯсам Абдулқаҳор норозигӣ мекарданд, вале аз тарс ошкоро ин гапро ба рӯяш гуфта наметавонистем. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, шавҳарам бевабоз буд. Барои чӣ ин корҳоро мекунӣ, охир ман аз чӣ камам гуфта пурсам, дод мезад, ки корат набошад, ман чӣ кор мекунам, ин кори ман аст. Нахоҳӣ, ба хонаи падару модарат бирав. Хулоса, мудом аз рӯйи бевабозиҳояш ҷанг мешудем ва шавҳарам маро лагадборон мекард, чанд маротиба ҳатто ба тарафам корд кашида буд. Ҳарчанд 14-сол тоқат кардам, ин рафтори бадашро напартофт. Таъкид мекардам, ки агар бевабозиро бас накунад, аз хона баромада меравам. Дар ҷавоб мегуфт, ки дафъ шав рав, аз ту болотарашро ёфта мегирам. Чанд маротиба хостам худкушӣ кунам, аммо фикри чор фарзандамро крада,боз гиребони тавба медоштам.
Билохира ҷонам ба лабам расид ва ба хотири рашки шавҳарамро овардан бо як марди бегона суҳбатҳои телефониро оғоз кардам. Қасдан кардам, ки шавҳари хиёнаткорам девона шавад ва фаҳмад, ки ман ҳам, агар хоҳам, метавонам ва корҳои ҳаромашро партояд, аммо...
Вақте шавҳарам сӯҳбати телефонииро маро фаҳмид, ҷавобамро дода, бачаҳоямро кашида гирифту рӯзи 21-уми январи соли 2019 маро аз хона пеш кард.
Падару модарам пиранд. Намедонам сарамро ба куҷо занам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?
Бунафша Содиқова,
сокини деҳаи Қалъаи Нав, н. Файзобод
(Бознашр аз ҳафтаномаи Оила)