Сокини 40-солаи ноҳияи Косони Ӯзбекистон, ки 21 сол таҷрибаи омӯзгорӣ дорад, кӯшиш кард, ки худро ба дор овезад, вале духтараш сари вақт огаҳ шуда, худкуширо пешгирӣ намудааст. Ин зан охирҳои соли 2018 низ худро оташ зада, қасди худкушӣ карда буд.
Ба гуфтаи хоҳари зан, собиқ омӯзгор дар эътироз ба беҷазо мондани марде қасди худкушӣ кардааст, ки духтари 14-солаашро таҷовуз намудааст.
«Вақте ба хона даромадам, модарам овезон аст. Кордро гирифта, зуд бандро буридам. Ин бори дувум аст, ки ӯро аз худкушӣ наҷот медиҳем»,-гуфтааст духтари зан, ки хонандаи мактаб аст.
Ба гуфти духтарак, модараш дар робита ба ҳодисае қасди худкушӣ кард, ки бо ӯ рух дод. Моҳи августи соли 2017 ба номуси ин хонандаи мактаб ҷавони ҳамсояашон, ки он замон 20 сол дошт, дастдарозӣ кардааст.
«Он рӯз ӯ барои як оҳан ба хонаи мо омад. Вай ҳамсояи мо аст ва ҳар вақте барои чизе меомад, рад намекардем. Ба таҳхона фаромадам, то он оҳанро биёрам. Ӯ ҳам аз пушти ман ба таҳхона фаромада, дарро баст ва маро таҷовуз карда, таҳдид намуд, ки агар ба касе гӯям, маро мекушад. Пас аз ду ҳафта ин ҷавон дубора маро таҷовуз кард. Ин бор ӯ аз модарам хост, ки маро ҷавоб диҳад, то ба модари бемораш кумак кунам. Вақте ба хонаашон рафтам, модараш аз ман хост, ки хонаро рӯбам ва куҷое рафт. Ӯ маро танҳо дарёфта, боз таҷовуз кард», — афзуд хонанда.
Духтар мегӯяд, чанд муддат пеш аз таваллуди кӯдак огаҳ шудааст, ки ҳомиладор аст.
«Охирҳои моҳи апрел худро нохуб ҳис кардам ва холаам маро ба беморхона бурд. Табибон пас аз муоина гуфтанд, ки 9-моҳа ҳомиладор ҳастӣ», — изҳор дошт хонанда.
Ин хонандаи 15-сола рӯзи 10-уми майи соли 2018 духтарча таваллуд кардааст, вале табибони таваллудхонаи Косон кӯдакро ба вай нишон надодаанд.