Formula novemver 2024
Дод аз дасти духтари Мулло-Абдулло!
7007

Ман Гулбаҳор Рашидова, дар Ҷамоати Қалъаи Сурхи Рашт ба дунё омадаам. Соли 1993 маро ба Абдулманон ном ҷавонмарди шаҳрӣ, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ зиндагӣ мекард, ба шавҳар доданду ҳамин тавр сокини пойтахт гаштам.


Тариқи телефон муддате бо Амина ном духтаре гап мезадем, вале байнамон ягон муносибати наздик набуд.


Бо ин мард 25-сол дар як болин сар монда, барояш чанд фарзанди гул барин зеборо ба дунё овардам, вале бо амри тақдир ду фарзандам ба беморӣ гирифтор шуда, фавтиданд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, пас аз ин ба сарам боз як балои дигар омада, шавҳари бевабозам дар рӯи ман зани дуюм гирифт. Зани нави шавҳарам бо духтари калонии ман ҳамсол аст, вале ба ҷавониаш нигоҳ накарда, ончунон шаттоҳ ва ҷангара аст, ки ба қавле харакиро аз хару аспакиро аз асп меафтонад. Падараш мулло аст ва палонҷам мудом фарх карда мегӯяд, ки агар касе пишаки ӯро пишт гӯяд, падараш он одамро ҷоду карда мекушад...
Намедонам зани дуюмаш шавҳарамро ҷоду кардааст ё дилашро бо ягон роҳи дигар ёфт, ки хонаю ҳавлиро пурра ба номи ӯ гузаронда, маро бо се фарзандам дастнигари кундош карда мондааст. Акнун духтари мулло-Абдулло аз ман талаб карда истодааст, ки бачаҳоямро гирифта баромада равам. Мегӯяд, ки агар ба хубӣ сағераҳоятро гирифта аз ин хона дафъ нашавӣ, ман туро заҳр дода мекушам.
Ман 25-сол меҳнат карда, бо хуни ҷигар ин манзилро бунёд намудаам, охир чи хел аз хонаи бо хуни ҷигар бунёд кардаам баромада меравам? Чанд бор ба шавҳарам гуфтам, ки лаҷоми зани дуюмашро кашад, вале зани шаттоҳаш чунон алови чашми мардакамро гирифтааст, ки овоз баланд карда наметавонад. Духтари Мулло-Абдулло лабашро бурма карда дар рӯйи шавҳарам мегӯяд, ки ин қадар дағдаға накунад, лозим шавад, вай ӯро ҳам аз дар берун карда, дар ин ҷо шӯйи ҷавон мекунад. Мардакам аз зани ҷавонаш мурданивор метарсад. Ростӣ, чаро забони шавҳарам дар назди ин зан кӯтоҳ аст, намедонам.
Хуласи калом, мардаки бе нангу бе номусам мани бегуноҳро ҳар рӯз мурданивор мезанад, вале пишаки зани дуюмашро ҳатто пишт гуфта наметавонад. Вай ҳам тарафи зани шаттоҳашро гирифта, мудом “ “сағераҳота гиру баромад рав” мегӯяд. Андеша намекунад, ки ман аз хонаи падарам бо худ сағера наоварда будам ва ин бачаҳо фарзандони ӯ ҳастанд. Рӯзе нест, ки кундошам рӯю мӯямро наканаду шавҳарам бо иғвои занаш маро мурданивор лату кӯб накунад. Бачаҳоям аз чангу ҷидол безор шудаанд. Мегӯянд, ки оча, хонааш аз сараш монад, биё баромада меравем, вале охир бо се фарзанд ман ба куҷо меравам?
Илтимос, ба мани дар нимароҳи зиндагӣ зору ҳайрон монда маслиҳат диҳед, чӣ хел аз ҷабри духтари Мулло –Абдулло халос шавам?
Гулбаҳор Рашидова

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
мехрона Абдулова 2019-09-23, 17:14
илми банда харамебандад гуфтиюн чодугароя хамика капидестиян кати мулохо идакучоя ки накапидиян апа хута суснамон торисаруд буромадай суди олида шикояд кун давронош ботил меша ай илми отай унатарс дахудо супор
Посух
шодмон 2019-09-23, 21:34
дар конунгузории Чумхуриамон 2 занаги чиноят хисоб мешавад. ба суд мурочиат кунед апа шуморо хатман як кисмати хонаро ба шумо медихад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
мехрона Абдулова 2019-09-23, 17:14
илми банда харамебандад гуфтиюн чодугароя хамика капидестиян кати мулохо идакучоя ки накапидиян апа хута суснамон торисаруд буромадай суди олида шикояд кун давронош ботил меша ай илми отай унатарс дахудо супор
Посух
шодмон 2019-09-23, 21:34
дар конунгузории Чумхуриамон 2 занаги чиноят хисоб мешавад. ба суд мурочиат кунед апа шуморо хатман як кисмати хонаро ба шумо медихад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД