Formula novemver 2024
Ботлоқ хоб дидан нишонаи бадахлокист?
4075

 

Ҷавони чиркинак нестам, ҳамеша тоза, либосҳои тозаю озод мепӯшам ва аз танам бӯйи атр меояд, вале намедонам бо чӣ сабаб бошад, ки тез-тез хобҳои бадбӯй мебинам. Дар хобам гоҳ ба ботлоқ меғӯтам, гоҳ дар байни ахлоттӯда дармонда аз бӯйи бад нафасгир шуда, дар обу арақ ғӯтида бедор мешавам. Таъбири ин хобҳои бадбӯй чӣ бошад?

Суннатулло, сокини ш. Душанбе.

 Посух
Бародари азиз Суннатулло! Одатан касоне ботлоқ ва дигар ҷойҳои бадбӯйро хоб мебинанд, ки майзада, айшпараст ё зинокор ҳастанд. Худованд ба василаи чунин хобҳо бандаашро огоҳ месозад, ки рафтораш мисли ҳамин ботлоқ ё ахлоттӯда бадбӯю нафратовар аст. Ҳамнишинӣ бо одамони аз худованд бехабар низ боиси чунин хобҳои бад дидани инсон гашта метавонад. Бо иллати беморӣ низ одам чунин хобҳои даҳшатнок дида метавонад, аз ин рӯ мо ба шумо маслиҳат медиҳем, ки пеш аз ҳама ба духтур рафта саломатиатонро ҳаматарафа ташхис намоед. Ягон иллат надошта бошед, тоқиатонро дар пешатон монда, нағзакак андеша кунед, ки кадом рафторатон ба худованд хуш намеояд. Сидқан тавба намоед, офаридгор гуноҳҳоятонро махфират макунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД