arzon replenishment
Зан барои 1000-сомони шавҳарашро ба суд дод
7897

Гулбаргро дар деҳаи Гули Сурх аз хурд то калон мешиносанд. Синну солаш ба 40 дакка хурда бошад ҳам, ин зани беҳаё то ҳол фоҳишагӣ карда, аз ҳисоби мардони айшпараст шоҳона зиндагӣ мекунад.

Шавҳараш Расул марди сустиродаи беғайрат аст, рафтори занашро донад ҳам, гӯшашро ба карию чашмонашро ба кӯрӣ зада мегардад. Аҳли маҳалла барои чунин беномусӣ ба Русул “даюс” лақаб мондаанд, аммо инмарди бепарвофалак парвои оламу одам надорад ва рӯзи дароз бо мошини шалақаш таксистӣ карда мегардад.
Ман, ки аз ҳамин маҳалла ҳастам, чанд рӯз пеш ҳангоми ба дарс рафтан шоҳиди ҷанҷоли зану шавҳар гаштам. Гулбарг ба сари Расул дод зада ӯро мутаҳҳам мекард.
Пас аз чанд лаҳза кормандони милиса ба дастони Расул завлона зада, ӯро пешандоз карда бурданд.
Ҳамсояҳо гӯё кинои бепул бошад, аз рӯйи бому сари деворҳояшон ҷанҷоли онҳоро тамошо мекарданд. Аз холаи Сангиной пурсидам, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст.
-Расулро занаш ба суд додааст. Магар надидӣ, милисаҳо ба дастони мардаки бечора завлона зада, ба мшин савор карда бурданд,-лаб газид ҳамсоязан.
-Ин даюса айби худаш, медонад, ки занаш фоҳишаи айёр аст, боз “хотири фарзандом” гуфта, бо ҳамин манҷалоқӣ зиндагӣ мекунад,-рӯяшро турш карда гуфт ҳамсояи дигар, ки хонааш бо хонаи Расул девор ба девор буда, аз тамоми неку бади ин оила хабар дошт... 


Рӯзи дигар маблағи фиристодаашро аз бонк гирифтаму аз падару модарам пинҳонӣ ба фурудгоҳ рафта чиптаи тайёра харидам ва аз хона фирор намудам. Улуғбек маро аз фурудгоҳ гирифта ба иҷорааш бурду ҳамон шаб бе беникоҳ ба номусам расид.


Баъдтар фаҳмидам, ки сабаби ин ҳама кашмакаш пул будааст. Гулбарг аз шавҳараш талаб мекунад, ки баӯ 1000 сомонӣ диҳад, то ки ба болояш боз пул монда, занҷираи тиллоӣ харад. Расули таксист, ки бо мошини шалақаш чунин маблағро дар хоби шабаш ҳам намебинад, дар ҷавоб надорам гуфта ба балои азим гирифтор мешавад. Гулбарг аз гиребони шавҳараш мегирад, ки ман кор надорам, аз куҷое, ки набошад, худи ҳозир ба ман пул ёфта медиҳӣ. Намедонам дар вақти кашмакаш худи Гулбарг афтида, баданаш сиёҳ шудааст ё Расул ӯро ягон мушт задааст, ки зани шаттоҳ ҳаминро баҳона карда, аз рӯйи шавҳараш аризаи шикоятӣ навиштааст.
Хулласи калом Расулро ҷарима карданду бародаронаш маҷбур шуданд, ки аз ҳамсояҳо қарз гирифта, маблағи ҷариаро супоранд. Онҳо Расулро насиҳат карданд, ки талоқи зани фоҳишаашро диҳад, аммо ин даюс “ман ду кӯдак дорам, бачаҳома сағера намекунам” гуфта, ҳатто баъди чунин шармандагӣ низ аз занаш ҷудо нашуд.
Аҳли оила аз рафтори беномусонаи Расул ба ғазаб омада, аз ӯ рӯ гардонданд ва дигар ҳамроҳаш гап намезананд. Буҷули зани Расул бештар асп хеста, ҳар рӯз дар саришавҳараш чормағз мешиканад. Худо медонад, ки бо чунин зан Расулро дар оянда чӣ интизор аст.
К. Абдувалӣ,
донишҷӯйи курси 3 -и
факултети журналистикаи ДМТ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД