arzon replenishment
Захми дандони саг зани хуҷандиро кушт
2995

 

22-юми октябр Хайригул Шариповаи 60-сола баъди газидани сагчаи хонаашон вафот кард.

Албатта шахсони аз захми дандони саг осебдида ва ҳатто вафоткарда кам нестанд, вале шумораи онҳо бештар мегардад. Танҳо дар давоми ҳафт моҳи соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд 3050 нафар аз газидани сагҳои дайду осеб диданд ва ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 236 адад зиёд аст.

Вале ин ҳодиса, аз дигар ҳодисаҳо саггазӣ фақр мекунад. Агар дар омори зикршуда сокинон аз газидани сагҳои дайду осеб дида бошанд, холаи Хайригулро сагчаи майдаяки дӯстдоштааш, ки маҳз марҳума нигоҳубин мекард, ба мурдан расонид.

 


Духтурон ба ӯ ҷарроҳии пластикиро тавсия доданд. оқмибатҳои марговар доштани ҷарроҳиро донад ҳам, ҷавонзан ба ҷарроҳӣ


 

Марги холаи Хайригул дар як ҳафтаи охир яке аз ҳодисаҳои пурсарусадо дар ҳудуди вилояти Суғд шуд. Шахсони огоҳ аз ҳодиса атрофи вафоти ӯ назарҳои мухталиф доштанд. Яке мурдани занро ба газидани саг рабт диҳад, дуюмӣ ба бемориҳои кӯҳнаи қалбияш нисбат медод. Сеюмӣ “Ӯро аламҳои фарзандгумкардагиаш кушт” мегуфт. Барои рушанӣ андохтан ба асли ҳодиса, роҳ пеш гирифтем сӯи макони ҳодиса, деҳаи Сарибоғи ноҳияи Зафаробод:

 Марги фарзанди 16-солааш ӯро хонагурез карда буд

Вақте ба ҳавлии хонаи Хайригул расидем, маълум шуд, ки ӯ дар ҳавлии додараш зиндагӣ мекардааст ва худаш оилаю шавҳар ва фарзанд надоштааст. Моро зани бародари ӯ- Замира Ҳомидова пешвоз гирифт ва чунин қисса кард:

- Хоҳаршӯи раҳматиям зани калонсол бошанд ҳам, мисли кӯдак соддаю зудбовар ва беозор буданд.

Тақрибан 10 сол пеш аз шавҳарашон ҷудо шуда, дар хонаи мо макон карданд. Қисмати шӯре доштанд, раҳматӣ. Саводи мактабӣ ва зиндагӣ надоштанд, ки роҳи худро дарёбанд. Баъди ба шавҳар баромадан ҳам, ҳеҷ бахташон нахандид.

Як бор дар ноҳияи худамон (Зафаробод) шавҳар карда, ҷудо шуда буданд. Ду бори дигар дар ду деҳаҳои ноҳияи Деваштич. Якум деҳае, ки келин шуда буданд, дар ёдам нест, аммо шавҳари сеюми раҳматӣ аз деҳаи Лолазори ноҳияи Деваштич буд. Марҳума аз шавҳари дуюмашон ду писар ёфта буданд. Аммо баъди ҷудоӣ, яктоашро ба хонаи ятимон дода, дуюмиро бо худ гирифта буданд. Бар замми сиёҳбахтию азобҳои вазнини зиндагӣ, фарзанди дуюмаш айни камолот ногаҳон мурд. Нав ба 16 қадам монда, барои таъмини рӯзгори модар саҳмгузор шуда буд, ки вафот кард. Баъди марги фарзанди ҷавонмаргшуда ва баъди дигар пайдо накарданди суроғаи фарзанди ба давлат супурдаашон, баъди се бор сиёҳбахт шудан, марҳума андаке хаёлӣ шуда буданд.

             Сагчаро худаш калон карда, обу нон медод

Хоҳаршӯи холаи Хайригул ба нақлаш давом дод:

- Баъди ҳодисаю аламҳое, ки гуфтам, хоҳаршӯям  бо вуҷуди табиатан камгап будан, боз камгаптару хонагурез шуданд. Бештар саҳроро дӯст медоштанд. Шояд дарду аламҳояшон дар хонаю ҳавлӣ намеҷунҷид, ки роҳ сӯи саҳро гирифта буданд? Охир, дили ҳар бандаро худаш медонаду боло Худои ӯ. Ҳатто се рӯз пеш аз маргашон ҳам дар саҳро дулоначинӣ рафта буданд. Вақте аз Замира пурсидем, ки се рӯз пеш ба саҳро барои кор рафта бошад, кай саг газида буд, ӯ гуфт:

-Аслан, онро саггазӣ гуфта ҳам намешуд. Вақте Хайригул ба ҳамон сагчаи майдаяки худамон нон доданӣ мешаванд, сагча банди дасташонро каме харошида, захмӣ мекунад ва мо паёпай бо спирт шуста баста будем. Ин ҳодиса қариб се моҳ пеш шуда буд. Вале се рӯз пеш бемор шуда, фақат сарам дард мекунад гуфтанд. Ба беморхона бурдем, ки духтур пурсиданд, ки мабодо он касро саг нагазида буд? Тасдиқ кардем. Ҳамон духтурон гуфтанд, ки ин беморӣ аз ҳамин сабаб аст, яъне нагирифтани сӯзандоруи зидди саггазӣ.

Ҳамон вақт ба бемористон бурданӣ шудем, аммо марҳума ду пой ба як мӯза тиққонда : “Не, намеравам, духтур даркор не. Ман сиҳат, ин каме харошидагӣ асту халос” гуфта нагузоштанд, ки лоақал духтур фарёд кунем. Захм чуқур ҳам набуд ва баъди се-чор рӯз шифо ёфта буд.

Аммо ҳамон сагча баъди газидан бемор шуда, аз даҳонаш ҳар хел кафкобаҳо омад ва баъди як рӯз мурд.

                 Хоҳарамро зиндагии талх силдард карда буд

Норигул Ҷумъаева, ба марги хоҳараш зор-зор гириста, нақл кард:

-Дар оила 7 фарзанд будем. Як додарамон чанд сол пештар вафот кард ва шашто мондем. Байни 7 нафари мо аз ҳама Хайригул бадбахт буд. Бахташ нахандид ва то охири умр дар ҳасрати ду фарзандаш, ки яке зиндаи беному нишон ва дуюмӣ ҷавонмарг аст, сӯхт.

Сагчае, ки ӯро газид, барои хоҳарам як машғулият буд. Содаю бесавод, аммо хеле дилсӯзу меҳрубон буд.

Вақте пурсидам, ки “Васияти пеш аз маргаш чӣ буд?” хоҳари марҳума гуфт:

-Хоҳарам доимо мегуфт: “Агар баъди марги ман писарам пайдо шуда ояд, нағз меҳмондорӣ кунед. Агар маро суроғ кунад, гӯед ки дар ҳасрати дидани рӯи ту буд. Агар барои дар назди ман зиндагӣ кардан ояд, қабул кунед, ҷой диҳед ва наозоред. Эҳтиёт кунед, ки ӯ ягона ёдгори ман аст...”

                 Шахси аз саг осебдида бояд 6 сӯзандору гирад

Сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом Абдуҷаббор Ғафуров дар масъалаи афзоиши саггазӣ дар байни сокинони шаҳр гуфт:

- Дар се соли охир дар ҳудуди шаҳр ягон ҳолати вафот аз осеби саггазӣ ба қайд гирифта нашуда буд. Яке аз сабабҳои зиёд шудани саггазӣ, ин зиёд шудани саршумори худи ҳайвонот аст. Кормандони соҳаи тандурустӣ дар якҷоягӣ бо кормандони дигар сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Маркази таъминоти бехатарии озуқавори (СЭС) ва Корхонаи фаръии хоҷагии манзилию коммуналӣ бо воситаи баромаду чорабиниҳо ба аҳолӣ фаҳмонда истодаем, ки дар ҳолати осеб дидан аз саг сари вақт ба духтур муроҷиат кунанд ва асло ба худтабобаткунӣ напардозанд.

“Ба шахси осебдида аз ҷониби духтурон ваксинаҳои зиддисироятӣ гузаронида мешавад ва барои бехатарӣ 6 сӯзандору мегузаронем. Инчунин, ҳамон саге, ки осеб расонид, муддати 10 рӯз нигаҳдорӣ ва зери назорат гирифта мешавад, то солимии он муайян карда шавад”.

     Фарзона Муродӣ                            

Хуҷанд-Зафаробод-Хуҷанд

 

                                     

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД