Formula novemver 2024
21 соли хомӯшӣ: Чаро Гугуш суруд намехонд?
7180

 Як миллат дар чанд насл бо Гугуш зиндагӣ кард, ошиқ шуд, гирист, хандид, шодмонӣ кард, суруд хонд, рақс кард, фарёд зад, сукут кард, аммо фурсат даст надод, ки Гугуши воқеиро шиносаду дарк кунад.


Ин навбат хостем, ки Гугуши аслиро бароятон муаррифӣ намоем ва аз худи ӯ дар бораи чаро паси парда нишастану ҳодисаҳои ба сараш омадаро чӣ гуна қабул кардан ва чӣ тавр ба Амрико роҳ ёфтанаш пурсон шавем:

-Номатонро кӣ гузоштааст?

-Падарам. Ин номро зиёд дӯст медошт. Агар огоҳӣ дошта бошед, ин номи мардонаи арманӣ аст. Модарам аз Озарбойҷони шӯравӣ, падарам бошад аз Озорбойҷонӣ Эрон буд. Модарам нақл мекард, ки вақте ба шуъбаи шиносномадиҳӣ рафтем, иҷозат надоданд, ки номатро сабт кунем.  

-Дар оила чанд нафаред?

-Ду сол доштам, ки волидонам аз ҳам ҷудо шуданд. Ману бародарам, ки як сол дошт, бо падарам мондем. Ҳамеша бо падарам будам, ҳам дар саҳна ва ҳам дар зиндагӣ. Бо кӯмаки ӯ дар 26 филм нақш офаридаам ва ноновари хонаамон будам, гӯям, хато намекунам.

-Дар чандсолагӣ издивоҷ кардед?

-Дар 17- солагӣ ва зиёда аз панҷ сол зиндагӣ кардем. Самараи ҳаёти мо ҳамагӣ як писар бо номи Комбиз буд.

-Комбиз бо падараш рафт ё бо шумо монд?

-Дар солҳои аввал бо падараш буд, ду сол дар Туркия, ду соли дигар дар Фаронса ва баъдан ба Амрико баргашт.

-Дубора оиладор шуданатон бо муваффақият буд?

-На, ман чор бор оиладор шудаам.

-Чандсола будед, ки ба саҳна баромадед?

-Ҳанӯз дусола будам. Чунки падарам дорбоз буд, вақте ба саҳна мебаромад, маро ба он ҷо мебурду дар саҳна қаҳрамон мекард.

- Бармегардем боз ба зиндагиатон. Вақте аз шавҳар ҷудо шудед, ҳамон солҳо дар Эрон сарояндагиатонро манъ карданд ва шумо аз назарҳо дур шудед, ки касе дар бораатон чизе намедонист, чӣ гуна ин иттифоқ афтод ва ба чӣ корҳо машғул мешудед?

-Бештар китоб мехондам, корҳои хонаро иҷро мекардам, мисли як зани одӣ зиндагӣ мекардам. Ҳамагӣ 21 сол аз саҳна дур шудам. Дар аввалҳо хеле мушкил буд. Бозор мерафтам, харид мекардам, дар хиёбон мегаштам ва бештар китоб мехондам

-Дар ин муддат касеро дӯст надоштед?

-Ду маротиба оиладор шуданам бо муҳаббат сурат гирифта буд. Ҳамин бароям кифоя буд.

-Баъд аз 21 соли хомӯшӣ аввалин сурудатон чӣ ном дошт?

-Баъди солҳои тӯлонӣ, дақиқтараш баъди чил сол дубора ба саҳна баргаштам ва бо ин сарояндаи хушовоз бо номи «Мусалласи хотираҳо» тавлид шуд. Мо занони эронӣ солҳост, ки бо мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ ҳастем. Вале бо вуҷуди ин, умед ва талош ба ояндаи хуб дорем.

-Ба ғайр аз форсӣ, бо кадом забонҳо бештар суҳбат мекунед ва суруд мехонед?

-Бо забони ширини озарӣ, каме фаронсавӣ, итолиёвӣ, англисӣ.

-Ба кадом кишварҳое, ба ҷуз Эрон маҳбубияти бештар доред?

-Муҳимтаринаш Тоҷикистон аст. Ҳамчунин, кишварҳои ҷудошудаи Иттиҳоди шӯравӣ, ба монандӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Африқо то ҳудуди Миср, Тунис. Такрор ҳам шавад, асосаш Тоҷикистон аст.

-Чӣ гуна инро дарк кардед?

-Дар Интернет суроғае бо номи tojikiston.com фаъолият мекунад, ки ҳама матлабҳояш роҷеъ ба фаъолияти ман аст. Ҳатто аксҳоям он ҷо гузошта шудааст. Аз он ҷавонҳое, ки болои ин сайт кор мекунанд, сипос мекунам. Агар рӯзе шаваду берун аз Амрико консерт гузорам, мутмаин бошед, ки якеаш дар Тоҷикистон аст.

-Яъне, Шумо низ аз Эрон фирор кардаед ё бадарға шудаед?

- Ростӣ, мо ба мақсади гузаронидани консерт ҳамагӣ барои як рӯз ба Лос- Анҷелос рафтем, вале 75 рӯз онҷо мондам. Чунки рафтани шоҳ аз Эрон, баста шудани фурудгоҳ, омадани оғои Ҳумайнӣ ба Эрон сурат гирифт. Дар ин вақт пуле ба худ наоварда будам. Хостам ба Эрон баргардам, гуфтанд, ки агар баргардӣ, туро мекушанд. Болои ин, шиносномаҳои моро гирифта, пули консерте, ки гузаронида будем, надоданд. Билохира, ба кӯмаки дӯстоне, ки аз Ню-Йорк омада буданд, шиносномаҳоямонро бо каме пул гирифтем ва ба Эрон баргаштам.

-Бо чодар ба Эрон рафтед ё?

-Не, дар аввали инқилоб чодар набуд, танҳо рӯсарӣ буд. Баъдан чодар шуд.

-Дар чунин вазъияти сиёсии дохилӣ дар кадом ҳолат қарор доштед?

-Маро ба зиндон бурданд. Дар ин ҷо танҳо аҳли ҳунар буд. Ҳатто як рӯйхате тартиб дода буданд, ки номи ҳунармандон, сарояндагон, аҳли театр ва дар маҷмуъ чеҳраҳои шинохта буданд. Бозпурсӣ хотима намеёфт. Шахсан маро чор маротиба ба бозпурсӣ бурданд.

-Бештар чӣ саволҳо медоданд?

-Таҳқир буд, таҳдид буд. Чаро ба он филм нақш офаридӣ, чаро он оҳангро сароидӣ, бо киҳо иртибот доштӣ, ба мисли инҳо. Баъди чор бор аз ман забонхат гирифтанд, ки дигар овозхонӣ накунам, нақшофарӣ накунам, дар ягон чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок накунам.

-Дар хотиратон ҳаст, дар он рӯйхат кадом сарояндаҳо буданд?

-Бале, Фардин, оғои Носири Малакмути пурии Барноӣ, хонум Нӯшофарин, Дионо ва ғайраҳо буданд.

-Метавонед дар бораи шиканҷаатон нақл кунед…

-Агарчӣ мушкил аст, вале ба хотири он ки хоҳиш шуд, чанд нуқтаро мегӯям. Вақте забонхатамро гирифтанд, як моҳ сипарӣ нашуда, дубора даъват карданд ва гуфтанд, ин парванда ҳанӯз нотамом аст. Маро ба зиндони занона бурданд ва муддати зиёд нигоҳ доштанд. Дар наздам шиканҷа медоданд, шояд ба хотири маро тарс додан буд, намедонам. Як духтурро ба хотири он ки болои хонааш акси профессорҳо овезон буд, шиканҷа мекарданд. Ӯро дар оғӯши ман азоб медоданд. Маҳбусон ҳамеша либоси ғафс мепӯшиданд, то ки дарду зарбро ба зудӣ эҳсос накунанд ва ба касоне, ки тоза ба ин ҷо меомаданд, тавсия медоданд.

-Моҳи сентябри соли 2004 гурӯҳи калони мухлисонатон ба хотири дубора рӯи саҳна баромаданатон эътироз карданд, онро кӣ ташкил карда буд?

-Дар бораи ташкил карданаш чизеро намедонам, вале гурӯҳи хеле калон буд, ки ҳатто дар таърихи сарояндаҳои ҷаҳон якумин маротиба чунин ҳолат иттифоқ афтода буд. Санаи 24 сентябри ҳамон сол соати 8-и шаб ба воситаи мошини сабукрави Меҳрдод сарҳадро убур кардем.

-Чаро ба ҳавопаймо нею ба мошини сабукрав?

-Чунки вазъият муташанниҷ буд, пурсуков буд. Як шаб пеш мо тамрин кардем. Медонистам, ки дигар ман рӯи саҳна баромада наметавонам. Чунки даҳ рӯз пеш парвандаи маро баррасӣ карда буданд ва дубора рӯи саҳна омаданам дар гумон буд.

-Ҳувияти Гугуш чисту кист?

-Ҳувияти ман Эрон аст, ҳувияти ман парчами серранги шеру хуршед нишон, ҳувияти ман Халиҷи форс аст.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД