Sebiston new 2024 october
Шумо Лайливу Маҷнунед ё сагу гурба?
2008

Санҷишномаи мазкур танҳо барои ошиқон аст. Ҳар кадоми шумо бояд варақу қалам гирифта, содиқона ба саволҳои санҷишнома ҷавоб гӯед, сипас ҷавобҳоятонро бо ошиқатон иваз карда, вобаста ба дурустии ҷавобҳо баҳо гузоред. Натиҷаҳоро ҷамъ кунед. Шумо якдигарро аз 1 сол камтар мешинохта бошед, ба натиҷаи холҳо 2 холи дигар зам кунед.

 Қисми 1

Барои ҳар ҷавоби дуруст ба худ 1 хол гузоред

 -Айнаки ошиқатон кадом ранг аст?

 -Андозаи куртааш чандум аст?

 -Ширинии дӯстдоштааш кадом аст?

-Дар корҳои хона ба модараш кӯмак мерасонад?

 -Ба ороиши мӯяш диққати хоса медиҳад?-Чанд пойафзол дорад?

 -Дар кӯдакӣ ҳайвони хонагӣ дошт?

 -Давраи душвортарини умраш кай буд?

 Қисми 2

 Барои ҳар ҷавоби дуруст — 2 хол гузоред

 -Орзуи ошиқатонро медонед?

-Аз кадом намуди истироҳат ҳаловат мебарад?

 -Шуғли дӯстдоштааш кадом аст?

 -Айни замон аз чӣ дар ташвиш аст?

 -Дӯстдоштаатон бештар аз чӣ метарсад?

 -Аз чӣ асабӣ мешавад?

 -Аз симои худ қаноатманд аст?

 Қисми 3

 Барои ҳар як ҷавоби дуруст — 1 хол

 -Шумо бо ҳам кай ва дар куҷо шинос шуда будед?

-То бо шумо шинос шудан ошиқатон дӯстдошта дошт?

-Баъди чанд муддати шиносоӣ ба вохӯрӣ рафтед?

-Дар зодрӯзи охиринаш ба ӯ чӣ туҳфа карда будед?

 -Модари ошиқатон чӣ ном дорад?

-Саннаи рӯзи таваллуди модари дӯстдоштаатонро медонед?

 


 

Эсанбой дар муддати 19-сол танҳо як маротиба пул фиристодаасту халос, дигар аз вай на хат расиду на ягон хабар.

 


 

 Натичаи санҷишнома

 40–58 хол
Натиҷаи олӣ! Шумову ошиқатон якдигарро хеле хуб мешиносед. Нигоҳатон ба зиндагӣ қариб, ки якхела буда, нисбати якдигар мӯнису ғамхоред. Ҳамдигарфаҳмиатон аз он шаҳодат медиҳад, ки вақти зиёдеро бо ҳам мегузаронед ва ба тамоми ҳодисоти ҳаёти дӯстдоштаатон мароқ зоҳир менамоед. Оиладор шавед, ҷуфти хеле хуб хоҳед гашт.

 25–39 хол
Шумо якдигарро то андозае мешиносед, вале метавонистед аз ин бештар бо ҳам қарин бошед. Натиҷаи санҷишнома аз он шаҳодат медиҳад, ки шумо аз ҳодисаи муҳимтарини зиндагии дӯстдоштаатон бехабар ҳастед. Зиндагӣ дар пеш аст, кӯшиш кунед, ки ҳамдигарро хубтар омӯзед. Ҳангоми муошират бо ақидаи шарикатон розӣ набошед ҳам, дағалӣ накунед. Ҷангу муноқиша риштаи меҳру муҳаббатро канда, ишқро мекушад.

 10–24 хол
Шумо дар бораи ошиқатон чизҳои асосиро медонед, вале бояд аз ин бештар дар борааш маълумот дошта бошед. Бо ҳам низдик шудан хоҳед, ба ин суолҳо ҷавоб диҳед: «Ман аз ӯ чиро интизорам? Кадом хислаташ ба ман писанд аст? Зиндагии ояндаамонро чӣ гуна сохтан мехоҳем?» Мунтазир нашавед, ки зиндагӣ худаш ҳама чизро ҷо ба ҷо мегузорад, беҳтараш бо дӯстдоштаатон ошкоро суҳбат намоед.

 0–14 хол
Шумо нисбати ҳамдигар комилан бетафовут ҳастед. Парвои ғаму шодии якдигарро надоред. Ин маънои онро надорад, ки пайванди шумо заиф аст. Фавран аз пайи наҷот додани киштии бахтатон шавед, вагарна он ба соҳили мурод нарасида ғарқ мешавад. Андеша намоед, ки чаро нигоҳи шумо гуногун аст. Шумо ба саволҳои санҷишнома сидқан ҷавоб додед, бигзор ин қадами нахустин ба мустаҳкам шудани муносибатҳоятон бошад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД