toyota motors
Дар тарабхонаи “Абубакр”-и Панҷакент чанд нафар аз “грил” заҳролуд шудаанд
128

Дар тарабхонаи “Абубакр”-и шаҳри Панҷакент чанд нафар аз гӯшти мурғ, аниқтараш “грил” заҳролуд шудаанд.

Бино ба маълумоти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд, ҳодиса рӯзи 6-уми апрел рӯй дода, пас аз истеъмоли гӯшти мурғ 4 нафар заҳролуд шудаанд ва 25 тани дигар бо гумони заҳролудшавӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд.

Беморон гуфтаанд, ки пас аз истеъмоли гӯшти мурғ (грил) дар тарабхонаи “Абубакр”-и шаҳр вазъи саломаташон якбора бад шудааст. Пас аз як шабонарӯз онҳо аз беморхона ҷавоб дода шудаанд.

Кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Панҷакент дар ошхонаи мазкур санҷиши назоратӣ гузаронида, дар рафти санҷиш муайян гаштааст, ки ҳангоми коркарди технологӣ ва нигоҳдории маҳсулоти хӯроквории тезтайёр ба як қатор камбудиҳо роҳ дода шуда, қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ риоя нашудаанд.

Фаъолияти ошхонаи “Абубакр” то замони ислоҳи пурраи камбудиҳои ҷойдошта боздошта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД