Субҳи имрӯз як сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо исми Ҷасур ба идораи сомонаи ОИЛА-ТҶ занг зада, аз сар задани як ҳодисаи булаҷаб дар деҳаи Чимтеппа хабар дод. Ба қавли ин мард Аҳад ном сокини ин деҳа баъди дидани ҷин аз тарс гунг шудааст...
Ҳарчанд дар тамоми китобҳои осмонӣ, аз ҷумла дар Қуръони карим худованд одамизодро аз мавҷудияти махлуқоти ба чашм ноаён-ҷину аҷина ва деву париҳо огоҳ намудааст, вале то ҳол қисмати зиёди мардум ба вуҷуд доштани чунин махлуқот тамоман бовар надоранд. Ҳарчанд мо дар қарни ХХ1-дар авҷи тараққиёти илму техника умр ба сар мебарем, то имрӯз ягон дастгоҳе кашф карда нашудааст, ки вуҷуд доштан ё надоштани ҷину париёнро тасдиқ ва ё сад дар сад инкор намояд, аммо баъзан ба сари одамони алоҳида ҳодисаҳои булаҷабе меоянд, ки ақли солим дар дарки он оҷиз мемонад. Чунин як ҳодисаи аҷиб чанд рӯз қабл ба сари як сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо исми Аҳад омадааст.
Ба қавли Ҷасур, ки ҳамдеҳаи Аҳад мебошад, ин мард ронандаи экскаватор будааст. Чанд рӯз пеш аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки дар тоза кардани дарё ёрӣ расонад. Ҳангоми аз қаъри дарёи Кофарниҳон берун кашидани сангу қум ва дигар ифлосиҳо Аҳад як махлуқи булаҷаби бисёр бадафтро низ аз қаъри об берун кашида, бо дидани он аз тарс гунг шудааст.
Ҷасур мегӯяд, Аҳад, ки пештар бисёр марди хушчақчақ ва далеру нотарс буд, баъди аз об берун кашидани он махлуқи даҳшатовар, ки ҷини обӣ будааст, қудрати сухан ронданро аз даст дода, гунг шудааст. Вай бо имову ишора ҳодисаи ба сараш омадаро ба аҳли хонадонаш фаҳмонда дар варақе навиштааст, ки махлуқи дидааш шаклан ба одам монандӣ дошта бошад ҳам, мисли моҳӣ дум дошт ва бисёр бадафту даҳшатнок буд. Чашмонаш мисли лахчаи сӯзон суп-сурх буданд ва аз онҳо гӯё оташ мепарид.
Аз рӯзи дидани он махлуқи ваҳшатнок Аҳад ба бистари беморӣ афидааст. Хешу табор ва пайвандонаш домуллоҳои ба қавли маълум зӯрро оварда, шабу рӯз ӯро дуохонию ҷинхонӣ карда истодаанд, вале забони марди ваҳшатзада ҳанӯз кушода нашудааст.
Бо пайдо шудани маълумотҳои тоза дар ин бора мо шуморо аз тақдири ин ронандаи гунгшуда огоҳ хоҳем кард.