Ба идораи ҳафтанома аз номи муҳоҷирони меҳнатӣ саволҳои зиёде мерасанд, ки бо дин алоқамандӣ доранд. Ба чанд саволи муҳоҷирон домулло Азизбек Асламзода, имом хатиби масҷиди гузари Чаноро 2 ҷавоб мегӯянд:
Духтари насрониро ба занӣ гирам?
Чанд сол боз дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорам ва Наташа ном духтари русро дӯст медорам. Чанд маротиба ба ин духтар пешниҳоди хонадоршавӣ намудам. Наташа розӣ аст, ки ҳамсари ман шавад, вале дини исломро қабул кардан намехоҳад. Оё ман ҳамчун марди мусалмон метавонам бо ин духтари насронӣ оила барпо намоям?
Салим, муҳоҷир, аз ш. Санкт-Петербург
Посух
Насрониҳо низ аҳли китоб маҳсуб меёбанд, зеро чуноне, ки ба ҳазрати Муҳаммад (С. С) китоби муқаддаси Қуръон нозил гаштааст, дар замонаш ба Ҳазрати Исо китоби Инҷилро ато намуда буд. Зиндагӣ кардани марди мусалмон бо зане, ки аҳли китоб бошад, гуноҳ нест, вале аслан никоҳ байни ду мусалмон баргузор мегардад. Шумо бештар дар бораи каломи Худо бо ин зан суҳбат намоед, боварӣ дорам, ки бо инояти парвардигор дини мубини исломро қабул мекунад. Вақте ки зан калимаи шаҳодатро ба забон овард, метавонед ӯро ба никоҳи худ дароред.
Ба кампирҳои рус хайр кунам?
Қариб даҳ сол шуд, ки дар шаҳри Маскав зиндагӣ карда истодаам. Шукри Худо шароити зиндагиам хуб аст. Маоши нағз мегирам, чанде пеш хона харидам. Ҳар бегоҳ аз кор баргашта истода, чашмам ба кампиракони рус меафтад, ки дар кӯча нишаста гадоӣ мекунанд. Баъзан аз рӯйи ращму инсоф ба онҳо пул медиҳам. Донистан мехоҳам, ки хайри ман ба ин кампиракон, ки дину оинашон дигар аст, қабул мешавад ё не?
Мирзо, ш. Маскав
Посух
Шумо кори савоб мекунед. Ба ин кампирҳо хайр кардан дуруст аст, зеро бо ҳамин роҳ хайркунанда собит месозад, ки дини Ислом дини хайрхоҳӣ аст, на дини хушунат...
Ятими русро фарзандхонд гирам ё не?
Ману ҳамсарам 12 сол боз сар ба як болин мениҳем, вале ҳарчанд кӯшиш кардем, Худованд ба мо фарзанд надод. Касбам инженер буда, шаҳрвандии Русияро дорам ва чанд сол боз ҳамроҳи занам дар Твер зиндагӣ карда истодаам. Мехоҳем ягон кӯдаки ятимро ба фарзандӣ қабул намоем, вале волидонамон розӣ нестанд. Падару модари ман ва падару модари занам бо як овоз мегӯянд, ки кӯдаки аз ким-кадом фоҳиша ё алкаши рус ба дунё омада ба шумо фарзандӣ намекунад. Мехостам донам, ки аз нигоҳи дини мубини ислом фарзанди насронӣ ё ягон дини дигарро ба фарзандхонӣ қабул кардани оилаи мусулмон раво ҳаст ё не?
Баҳром, аз Твер
Посух
Фарзандхонӣ миллату дин надорад, зеро тифл новобаста ба ин чизҳо гуноҳе надорад. Шумо метавонед кадом тифлеро, ки хоҳед, сарфи назар аз миллату динаш ба фарзандӣ қабул намуда, мувофиқи ақидаи худ ӯро тарбия намоед.
Пули «кофир» ҳаром аст?
Мо се бародар дар Русия дар як сохтмон кор мекунем ва тамоми роҳбаронамон аз мардуми рус ҳастанд. Ҳар моҳ музди меҳнати худро ба хона равон мекунем, то ки падару модарамон азоб накашанд. Яке аз ҳамсояҳоямон модари маро таъна зада гуфтааст, ки нони шуморо хӯрдан раво нест, чунки бачаҳоят пули кофиронро мефиристанду бо ҳамон пули ҳаром хӯрокворӣ мехаред. Наход, ки маблағи мефиристодаи мо ва тамоми муҳоҷирон ҳаром бошад?
Идибек, аз Русия
Посух
Ҳаргиз пуле, ки бо меҳнати ҳалол ба даст омадааст, ҳаром нест ва таънаи он зан ноҷо аст. Новобаста ба он, ки шумо музди меҳнати худро аз намояндаи кадом дину миллат ба даст меоред, он ҳалол аст. Ба ҷуз пуле, ки аз фурӯши маводи мухаддир ва ё ягон кори ҳароми дигар ба даст омадааст..
Ба дӯзах меафтам?
Се моҳ мешавад, ки ману шавҳарам дар шаҳри Екатеринбург зиндагӣ дорем. Дар як ҳуҷра ману шавҳарам, дар дигарӣ занҳои узбек ва дар ҳуҷраи сеюм чанд марди муҳоҷир зиндагӣ мекунанд. Дар чунин шароит хоҳ-нохоҳ дар назди мардҳои бегона гашту гузор карданат рост меояд. Модарам маро ҷанг карда мегӯяд, ки ба Тоҷикистон баргардам. Дар як хона бо мардҳои номаҳрам зиндагӣ карда, ман гуноҳи азим мекардаам ва барои ин, Худованд дар он дунё маро ба оташи сӯзони ҷаҳаннам мепартофтааст. Мехоҳам донам, ки гапи модарам то куҷо асос дорад?
Сайрам, ш. Екатеринбург
Посух
Гапи модаратон асос дорад. Дар ин ҷо айби шавҳаратон аст, ки нафақаи шуморо таъмин карда натавониста ба ин ҳолат гирифтор кардааст. Дар вақти никоҳ мард огоҳ карда мешавад, ки дар давоми шаш моҳ ду шартро риоя кунад, аввал нафақаи занро таъмин намояд ва баъдан бе ягон узр ӯро шаллоқ назанад. Мутаассифона, на ҳамаи мардон ин шартҳоро риоя мекунанд. Шавҳаратон, агар дар шаш моҳ як маротиба ба назди шумо ояд, беҳтараш ба Ватан баргардед, зеро дар байни мардони бегона гаштугузор намудани зан ҷоиз нест.
Дар сари чамбараки мошин намоз хонам?
Дар Русия ронандаи як марди сарватманд ҳастам ва хӯҷаин кадом вақте хоҳад, ба куҷое, ки хоҳад, бояд ӯро бурда расонам. Бо ҳамин сабаб, аксар вақт намозамро дар вақташ хонда наметавонам. Аз он ки ҳамеша намози қазоӣ мехонам, дар назди Худованд хиҷолат мекашам. Донистан мехоҳам, ки дар зарурат дар сари чамбараки мошин намоз хонадан раво ҳаст ё не?
Абдулло, аз Тюмен
Посух
Дар сари чамбарак, дар ҳолатҳои зарурӣ намоз хондан дуруст аст. Новобаста ба он ки мошин ба кадом тараф ҳаракат мекунад, “ба ҷиҳати Қибла” гуфта намоз гузоред.
Закотро ба кӣ диҳам?
Дар Русия зиндагӣ мекунам ва бо тиҷорат сару кор дорам. Соҳиби мошин, хона ва зиндагии шоиста ҳастам, аммо ягон бор закоти мол надодаам, чунки намедонам онро ба кӣ ва чӣ қадар додан лозим аст. Тамоми маблағе, ки дар даст дорам, ҳамаашро дар Русия кор кардаам. Закоти моламро ман бояд ба Тоҷикистон фиристам ё дар ҳамин ҷо закот диҳам?
Мансур, ш. Маскав
Посух
Додани закоти мол дар куҷое, ки набошад, дуруст аст. Қабл аз ҳама, аз масҷиди наздиктарини он ҷо нисоби закотро пурсед. Вобаста ба ҳаҷми дороиятон аз рӯи ин нисоб аввал закоти молатонро ба одамони наздикатон, ки камбизоат ҳастанд, диҳед. Баъдан метавонед ба онҳое, ки муҳтоҷи кӯмаканд, ёрӣ расонед. Муҳоҷироне ҳастанд, ки ба умеди дарёфти маблағ ба он ҷо мераванду корашон омад намекунад ва барои бозгашт пул надоранд. Ба чунин шахсон додани закоти мол савоб аст. Аслан закотро ба уфтодаву камбағалон медиҳанд. Беҳтар мебуд, ки онро ба мардуми камбизоати миллати худамон диҳед.
Русҳоро кофир гуфтан ҷоиз аст?
Муҳоҷир ҳастам ва дар як ширкат кор мекунам. Алексей ном ҷӯраи рус дорам, ки баъзан маро ба хонаашон меҳмонӣ даъват мекунад. Бачаҳои аз Тоҷикистон ҳамроҳам буда, маро мазаммат карда мегӯянд, ки русҳо кофир ҳастанд, барои чӣ ту ба хонаи ин кофир меҳмонӣ рафта нони хӯроки онҳоро мехӯрӣ? Кофир гуфтани миллати дигар оё дуруст аст? Магар нони «кофир»-ро хӯрӣ, гунаҳкор мешавӣ?
Саид, аз Якутия
Посух
Кофир гуфтани ғайри дин дуруст аст, аммо хуб нест. Хӯрдани хӯрок, аз ҷумлаи нон ва дигар чизҳое, ки дӯсти шумо ё оилаи ӯ тайёр накардааст, боке надорад. Фақат пеш аз хӯрдани хӯрок пурсед, ки аз гӯшти кадом ҳайвон аст. Гӯшти моли ҳалол бошад, хӯрданаш равост. Аз одами мусалмон пурсидани ҳалолӣ ё ҳаромии хурок дуруст нест, зеро мо шак ба имони ӯ меорем.