arzon replenishment
НАСИМҶОН МАРО ДУЗДИДАНӢ БУД
2953

ПАНҶ ПАНҶАИ ЗАНАМ ҲУНАР АСТ

Нависанда Насим Раҷаб 8 августи соли 1935 ба дунё омадааст. Маълумоташ олӣ. Дорандаи ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ ва медал «Барои меҳнати шуҷоатмандона». Узви Иттифоқи журналистон ва нависандагони Тоҷикистон. Асарҳои эҷодкардааш: Повести «Даргоҳи меҳру вафо», қиссаҳои «Рӯзномае, ки бояд навишта мешуд», «Ҷонам фидои яхмос», «Хонае, ки сӯяш мешитобам», «Муаллими кӯча», «Муътабар», «Ишқи духтари яҳудӣ», «Марвориди эрондухт».

 

– Бархе аз мардони тоҷик бар он назаранд, ки рисолати зан танҳо хизмати шавҳарро ба ҷо овардан ва таваллуду тарбияи фарзанд аст. Мехостем назари шуморо сари ин масъала бидонем.

Ман мардеро, ки ба сари зан мушт мебардорад, дар симои зан танҳо як хизматгори беминнатро мебинанд, бад мебинам. Оилаи мо оилаи зиёӣ аст. Ману ҳамсарам ҳарду эҷодкорем. Вақти барои ҳар як майда-чӯйда ҷангу ҷанҷол кардану ба ғайбату бадгӯии дигарон машғул шудан надорем. Зиндагӣ кардан бо зани босавод аҷибу гуворо аст. Инро ман дар мисоли ҳаёти шахсии худам мегӯям. Хонаи мо як маҳфили хурди адабиро мемонад. Ману ҳамсарам шеърҳои шоиронро, ки мушикифона эҷод шудааст, хонда, байни худ муҳокима мекунем.

Нисбати янга бисёр бо меҳру муҳаббат гап мезанед. Ба назар чунин мерасад, ки дар дунё дигар ягон бону дили шуморо тасхир накардааст…?

Дар ҳақиқат, ишқу муҳаббати аввалину охирини ман ҳамин ҳамсарам буду ҳаст.

Ҳамсаратонро худатон бо чашми дил дарёфтед ё волидонатон ин ганҷинаро ба шумо ёфта доданд?

Ман дар курсҳои болоии Донишгоҳи давлатии ба номи А. Навоии шаҳри Самарқанд мехондам, ҳамсарам дар курси якуми факултаи филологияи ҳамин донишгоҳ таҳсил мекард. Ҳангоми пахтачинӣ ба ин духтари оромтабиату фарҳангдӯст дил бастам. Вай ба ҳар пурсиш бо зарбулмасалу мақолҳои халқӣҷавоб медод. Ҳамин сухандонию суханфаҳмиаш ба ман писанд омад.

Дар давраи донишҷӯӣ хонадор шудед?

Не, аввал ҳамдигарро хуб омӯхтем. Ман донишгоҳро хатм карда ба кор даромада будаму бону дар курси охирин мехонданд, вақте ки мо тӯю тамошо ороста ба муроди дил расидем.

Тӯйи арӯсиятон бодабдаба гузаштагист?

Одатан, мардуми Самарқанд тӯйҳои пуршукуҳ барпо мекунанд, вале маҳфили домодию арӯсии мо хеле оддиву сарфакорона гузашт. Ман нав донишгоҳро тамом карда будам, ду бародари дигарам ҳам навхона буданд ва қудрати ёрӣ расондан надоштанд. Падарамон барвақт аз дунё гузашта буданду зӯри модарам ба тӯйи бодабдабаю пуршукуҳ намерасид.

Модаратон аз келини босавод карданашон пушаймон нашуданд?

Баръакс, хурсанд шуданд, ки чунин духтари ҳунармандро Худованд насиби писарашон гардондааст. Ҳамсарам дар баробари эҷодкор будан кадбонуи беҳтарин аст. Тамоми хӯрокҳои миллиро пухта метавонад. Панҷ-панҷааш ҳунар аст. Дар фасли баҳор аз алафҳо чунон самбӯсаву тушбераҳои бомазза мепазад, ки мазааш як умр аз даҳони кас намеравад.

Кадом хислати янга ғазаби шуморо меорад?

Ман аз умри гузарондаам бо ҳамсарам розӣ ва шоду мамнунам, чунки вай ягон хислати бад надорад. Ҳеҷ гоҳ коре намекунад, ки боиси ранҷиши банда гардад. Миннатдорам, ки Худованд чунин олиҳаро бароям ато намудаст.

Шуғли дӯстдоштаатон?

Китобхонӣ. Эҷод кардан. Нахондагӣ рӯзам нест, бо сабаби саломатӣ кам мехонам. Субҳи барвақт аз хоб хеста ба кӯча мебароям. Аз ҳавои муаттари пагоҳирӯзӣ нафас кашида, аз дидани гулу сабзаву дарахтони сабзу хуррам рӯҳу илҳоми тоза мегирам. Сайругашти субҳонаро дӯст медорам. Ба дигарон ҳам дар ҳавои тоза сайр карданро маслиҳат медиҳам, чунки барои саломатӣ фоидаовар аст.

 НАСИМҶОН МАРО ДУЗДИДАНӢ БУД

Даричаи ошноӣ:

Нависанда София Носирова 11 феврали соли 1942 дар шаҳри бостонии Самарқанд таваллуд шудааст. Узви Иттифоқи журналистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Оиладор. Соҳиби 3 фарзанд: Зарифҷон, Орифҷон ва Мунисахон, 9 набера ва 2 абера дорад.

 

Асарҳои эҷодкардааш:

«Минбари Насим», «Мукофоти ишқи пок», «Духтаре аз гӯшаи фаромӯшӣ», «Сӯзи муҳаббат», қиссаи «Мӯъҷизакорони кӯча», «Гаҳворабандон», «Зарофаи себдузд», романи бачагонаи «Садди Искандарӣ».

Муаллимаи азиз, азбаски шумо таҷрибаи бузурги зиндагӣ доред, мехостем назаратонро ба мақоми мард дар оила бидонем.

Мард ҳамчун сардори оила бояд нисбати ҳамсар ва аҳли оилааш ғамхору дилсӯз бошад. Серкориро баҳона накарда, дар тарбияи фарзандонаш ҳисса гузорад. Сахтгир бошад. Имкон надиҳад, ки ҷигарбандонаш қадам ба роҳи хато гузоранд. Шукри Худованди бузург, ки ҳамсари ман ҳамаи ин хислатҳои ҳамидаро доро аст.

Аз суханатон бар меояд, ки Шумо аз зиндагии хеш розӣҳастед.

Розӣ намебудам, магар 54 сол бо ҳам зиндагӣ мекардем?! Ҳаётамон чунон ширин буд, ки чӣ тавр ним аср гузашт, нафаҳмида мондам.

Кадом хислатҳои шавҳаратон мақбули шумост?

Поквиҷдонӣ, ростқавлӣ, ғамхориву сахтгирияш.

Ғамхору сахтгир гуфтанатонро чӣ тавр фаҳмем?

Мо ҳарду эҷодкорем. Шавҳарам, агар ғамхору сахтгир намешуданд, шояд имрӯз ман ба дараҷаи нависандагӣ намерасидам.

Дар як вақт ҳам кори эҷодию ҳам тарбияи фарзанд бароятон гаронӣ намекард?

Мо ҳарду дар рӯзномаи бачагонаи «Пионери Тоҷикис­тон» кор мекардем. Аз субҳ то бегоҳ дар кор. Навбатдорӣ, сафарҳои эҷодӣ, кори хона ва тарбияи се фарзанди хурдсол албатта, кори осон набуд. Шабҳо бачаҳоро хобонда, ба эҷоду навис-навис машғул мешудем.

Буданд ҳолатҳое, ки аз кору зиндагӣ хаста шуда аз баҳри эҷод гузаштанӣ мешудам, вале ҳамсарам мегуфтанд, ки ту бояд эҷод кунӣ, чунки Худованд ба ту беҳтарин неъмат истеъдод додааст. Суханҳои сеҳрноки шавҳарам маро руҳбаланд мекарданд.

Шавҳаратон дар суҳбат гуфтанд, ки зиндагии миёнаҳолона доштанд. Модаратон хостгории ятимбачаро чӣ тавр қабул карданд?

Ду маротиба хостгорӣ омаданд, вале модарам мегуфтанд, ки ман яккаву ягона духтарамро ба роҳи дур намедиҳам. Дафъаи сеюм бародари калонии шавҳарам боз ба назди модарам омада гуфтанд, ки агар ин дафъа ҳам розӣ нашавед, домод духтаратонро дуздида мебарад, охир,ҷавонон якдигарро дӯст медоранд. Пас аз ин модарам маро ба наздашон хонда розигиамро пурсиданд. Ҳамин тавр, бо дуои неки модар мо тӯй шудем.

Шуғли дӯстдоштаи шумо фориғ аз кори эҷодӣ?

Пухтупазро дӯст медорам. Бисёр вақт сари мошина нишаста дӯзандагӣ мекунам. Барои худу аҳли оила либосҳои миллӣ медӯзам.

Шунидам, ки бо табобат ҳам машғулед?

Азбаски бисёр бемор шудам, китобҳои тиббии зиёдеро мутолиа кардам. Имрӯз танҳо барои худу аҳли оилаам аз гиёҳҳои гуногун доруҳои шифобахшӣ тайёр мекунам. Умуман, мо ба синну соламон нигоҳ накарда, соате ҳам бекор нестем. Кор ба мо руҳу илҳоми тоза мебахшад.

– Хушбахт бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД