formula
Саги миллионер
1490

 

Сарватмандтарин саг дар курраи замин Гютери IV буда, айни замон дар виллаи шахсиаш дар Тоскана зиндагии шоҳона дорад. Ин саги зоти овчаркаи немисӣ сарвати ҳангуфтро аз падараш Гютери III ва падари ӯ дар навбати хеш аз соҳиби марҳумаш, графиняи немис-мултимиллионер Королитта Либейнштайн, ки нисбат ба дӯсти чорпояш бисёр меҳрубон буд, соли 1991 мерос гирифтааст.

Ҷаноби Гютер

Гютери 13- сола чун ҳар як шахси сарватманд нозпарвар ва бисёр эрка буда, ҳаёти рӯзмаррааш серхароҷот мебошад. Саг дар ҳавлии калону зебо дар иҳотаи табиати нотакрори Тоскана зиндагӣ карда, ҳар рӯз бо мошини шахсиаш, ки тамғаи BMW-и болояш кушода аст ва онро ронандаи шахсиаш идора мекунад, ба сайругашт мебарояд. 

Ҷонваре, ки икра мехӯрад

Ин саги серпул ҳар рӯз хӯрокҳои гаронбаҳову лазиз мехӯрад. Дар ҳоле, ки аксари одамон ҳатто дар як сол як бор худро бо икра зиёфат дода наметавонанд, Гютер ҳар рӯз маза карда стейку икра мехӯрад.

Мадонна хонаашро ба саг фурӯхт?!

Таътилро саги миллионер Гютери IV одатан дар виллаи шахсиаш дар Маямӣ, ки қаблан моликияти сарояндаи шинохта Мадонна буд, мегузаронад. Ин виллаи бузург, ки дорои 9 хонаи хоб, 8 ҳамом ва 8 ҳоҷатхона аст, бо маблағи 7, 5 миллион доллар барои Гютери IV харидорӣ шудааст.

Пул боз пул мезояд, агар...

Ба хароҷотҳои рӯзафзун нигоҳ нокарда, сарвати Гютери IV кам нашуда, баръакс ба шарофати маблағгузориҳои оқилонае, ки Королитта Либейнштайн каме пеш аз маргаш карда буд, торафт меафзояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД