Formula september
Дод аз дасти зани серҷоғ!
8780

 

Ҳамсарамро аз ҳамсояқишлоқ арӯс карда овардам. Аз рӯзи аввал ситораҳоямон бо ҳам мувофиқ омада, зиндагии хушбахтона доштем. Худованд ба мо пайдарҳам се писари паҳлавон дод.

Таваллуди фарзандон зиндагиамонро боз ҳам ширинтар кард, вале…

Бо мурури вақт рафтору кирдори ҳамсарам тағйир ёфта, шаттоҳ, чаққон ва ҷанҷолӣ шуда монд. Барои дупула гап асабонӣ шуда, доду фиғон мебардошт ва ҳам асаби худу ҳам асабҳои маро хароб мекард. Баъдтар сабаби норозигии ҳамсарамро фаҳмидам. Бародари дуюмам камбағал буд ва дар ягон ҷо кор намекард. Ман аз рӯйи инсоф ва меҳру муҳаббати бародарона ҳамеша ба ӯ кам-кам ёрӣ мерасонидам. Чашми занам барои ҳамин сих мезадааст. Ин занаки гурусначашм намехостааст, ки ман дар рӯзҳои вазнини ҳаёташон ба хешу таборам кӯмак кунам. Ба ҳамсарам борҳо фаҳмондам, ки ман наметавонам нисбати тақдири фарзандони падарам бетараф бошам ва чӣ тавр ранҷу азоб кашидани онҳоро аз дур тамошо кунам, вале ӯ маро фаҳмидан намехоҳад. Кораш мудом ҷангу ҷанҷолу хархаша аст. Шукри Худо ҳавлии калон дорем. Модарам ва писари акаам ҳамроҳи мо зиндагӣ мекунанд. Занам дар ин ҳавлӣ зистани онҳоро намехоҳад. Барои он ки фарзандонам зиндаятим нашаванд, чанд маротиба ҳатто дӯстонамро ба хона овардам, ки ҳамсарамро насиҳат кунанд, вале дар ҳузури онҳо занам гапро ба дигар тараф бурда, маро ба он муттаҳам мекунад, ки намоз намехонам ва ба занҳои зебо бо ҳавас менигарам.


Дар хаёли мо то имрӯз Неъмат як писарчаи тахминан 12-13 солаи шӯху бебок аст, ки Бобои Ғаффорро бо нағмаҳояш ба ғазаб меорад, аммо чархи зиндагӣ бо маром пеш меравад.

 


Ҳайронам, намедонам бо кадом забон бо занам гап занам, ки фаҳмад. Ҷонам аз дасти ин занаки серҷоғ ба лабам расидааст, аз ҳамин сабаб ба “Оила” муроҷиат намудам, то аз хонандагони зиндагидидааш маслиҳат бипурсам. Хотири фарзандонам лабамро зери дандон гирифта, бо ин зани ҷаккок зиндагиро идома диҳам ё ҷудо шавам?

Саймуъмин, н. Рӯдакӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД