Анзурат ном дорам ва як сол боз ба дарди бедавое гирифтор ҳастам, ки ба гуфтанаш забонам намепечад. Ҳоламро фақат худам медонаму худои роздон.
Аз гуфтани бемориам шарм медорам, чунки бисёриҳо аз шахсоне, ки ба ин касалӣ гирифторанд, мисли махав ҳазар мекунанд. Дар ин бадбахтии бузурги ба сари ман омада модаршӯям гунаҳкор аст, вале ошкоро аз гиребони хушдоманам гирифта наметавонам. Мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта, каме ҳам бошад, кулбори ғаму дарду аламҳоямро холӣ кунам.
Аслан, хушдоман мисли модар асту ғайбат карданаш кори носавоб, аммо хушдомани ман ба номи баланди МОДАР намеарзад. Шояд шумо гумон кунед, ки мисли ҳама келинҳо ман ҳам хушдоманамро бад мебинам ва барои ҳаимн бадгӯӣ карда истодаам, аммо ин зан ба ҳама нафрату лаънати дунё меарзад...
Марди даюсу зани ғар
Қариб 10-сол мешавад, ки ман дар ин оила келин ҳастам, вале ёд надорам, ки ягон бор хусурам мард шуда, як халта орз ё ду кило шакар харида бошад. Шавҳари ман ва бародараш ҳар сол ба Русия мардикорӣ рафта меоянд, вале танҳо ба пули онҳо умед баста намешавад, чунки дар мулки мардум гоҳ кор ҳаст, гоҳи дигар нест. Азбаски хусури беномусам дар ягон ҷо кор намекунад, хушдоманам худаш кор карда, дар кашидани аробаи шалақи зиндагӣ ба писаронаш ёрӣ мерасонад. Гумон мекунед, ки модаршӯи ман ягон зани босавод асту муаллима ё духтур шуда кор мекунад?Не, буду шуд вай як пешхизмат-офисиатка аст, вале он қадар сару соз ва кару фар мекунад, ки одами дидагӣ хаёл мекунад ягон раисаи калон бошад. Аз вақте ки ба ин хона қадам ниҳодам, ҳамеша миш-миши ҳамсояҳоро мешунидам, ки хушдомани ман бо фалонию беҳмадонӣ мегардад. Хурду калон мегӯянд, ки модаршӯям кавалерҳои бою бадавлат дорад ва аз ҳисоби мардҳо чарида мегардад. Албатта ин овозаҳо ба гӯши хусурам ҳам мерасанд, аммо ин марди даюс гӯшашро ба карию чашмашро ба кӯрӣ зада, заррае парво надорад. Барои ӯ аз ҳама муҳимаш он атс, ки занаш ҳар шаб бо сумкаҳои пур аз хӯрданӣаз дар даромада, ягон бор ин биёру он биёр намегӯяд....
Келин не, канизак!
Аслан ба ошиқбозию бероҳагии хушдоманам кор надоштам, вале оқибат касофатии бадгаштии ӯ ба сари мани бегуноҳ зад.
Модаршӯям бар замми кавалербозиаш боз бисёр зани шаттоҳу ҷангара аст. Мо, ду келин аз вай қадди аҷал метарсем, агар хушдоманам мӯр гӯяд, мемурему зиҳ гӯяд, зиндагӣ мекунем. “Ман мебиёраму шумо мехӯред”-гуфта, модаршӯям дасташро ба оби сард намезанад. Тамоми кору бори хона бар дӯши мо, келинҳост. Бовар кунед, ҳатто либосҳои тагпӯши хусуру хушдоманамро мешӯему дарзмол карда, бурда дар ҳуҷраи хобашон мемонем.
Ҷомашӯӣ ба сарам бало овард
Як рӯз пиёзу картошка пок крда истода дастамро бо корд чуқур буридаму хуни бисёре рафт. Хушдоанам захмӣ шудани дастамро дида бошад ҳам, як тӯда либосро бароварда дар пешам партофт, ки то омадани ман ҳамаашро шуста, дарзмол карда мон. Зани ҳеварам ҳамон рӯз дар хона набуд, маҷбур шудам, ки докаи дастамро кушода, бо ангушти бурида ҷомашӯӣ кунам.
Дар байни либосҳои чиркини хушдоманам либосҳои тагпӯши пур аз хуни ҳайзаш низ буданд. (барои дағалӣ бахшиш мепурсам). Ин бори аввал набуд, ки ман таҳпӯшҳои пурхуни ӯро мешустам, аз ҳамин хотир аҳамият надода, тамоми либосҳоро шустам ва обгадон крада ба тор овехтам. Ростӣ чанд борр ҳангоми ҷомашӯӣ аз захми дастам хун баромада бошад ҳам, ба ин тамоман аҳамият надодам, аммо...
Бемории даҳшатовар!
Пас аз чанд моҳ бемор шудам. Ранги рӯям рӯз то рӯз коҳида мадори роҳгардӣ надоштам. Хушдоманам “ ман пуле надорам, ки ба ту дорую дармон харам, рав, падару модарат табобатат кунанд” гӯён, маро бо ситеза ба хонаамон фиристод.
Як амакам духтур асту модарам маро ба назди ӯ бурд. Барои муайян кардани бемориам аз ман хун гирифтанд. Рӯзи дигар ба беморхона рафта, амакамро бо табъи гирифта дидам. Базӯр бо ман салому алек карда, фамуд, ки дубора хун супорам. Ба чизе сарфаҳм нарафта, боз хун супоридам. “Ту ба хона рав, натиҷаи ташхисро ман худам мегирам” гӯён, амакам маро гусел кард. Бехабар аз сарнавишти талхе, ки насибам гаштааст, ба таксӣ нишаста ба хона омадам, аммо...
-Ту бар ивази шавҳарам ба ман панҷ ҳазор доллари амрикоӣ медиҳӣ. Медонам, ки пул дорӣ, агар Саидро дар ҳақиқат дӯст дорӣ…
Шӯри қиёмат
Ҳамон бегоҳ амакам бо натиҷаи ташхис баргашту дар хонаи мо гӯё қиёмат қоим шуд. Ташхис ба бемории норасоии масъунияти одам-ВИЧ гирифтор будани мрао нишон додааст. Падару бародаронам бо шунидани номи ин беморӣ ба даҳшат афтида, ба истинтоқи мн сар карданд. “Ҳамон хушдомани ҷалабат туро бо ягон кавалераш тӯғрӣ накарда бошад” гӯён, қариб буд, ки дар сарам чормағз шикананд. Зор-зор гириста бо киоби муқаддаси қуръон қасам хӯрдам, ки ба ғайр аз шавҳарам ягон мард то имрӯз дасти маро надоштааст. Амакам баъди шунидани ин савганд ба пурсуҷӯ сар кард. Вақте гуфтам, ки ҳамеша либосҳои тагпӯши хушдоманамро мешӯям, ба дилаш шубҳа афтид.
Хушдоманам ВИЧ будаасту...
Ҳамин тавр бо дахолати амакам ҳама аҳли оилаи мо аз ташхис гузаштанд. Маълум шуд, ки танҳо ман ва хушдоманам ба ин дарди бе даво гирифторем. Вақте аз хусурам пурсиданд, ки ба ин касалӣ гирифтор будани ҳамсарашро занашро медонист ё не, китф дарҳам кашида гуфт: “10-12 сол боз ин занак маро ба ҷогаҳи хобаш роҳ намедиҳад, касалию сиҳатиашро аз куҷо донам?!”
Духтури дандон баҳона...
Ҳамин тавр бо касофатии модаршӯям ман ба дарди бедавое гирифтор шудам, ки ҳатто аз шунидани номаш ба бадани кас вараҷа медамад. Хушдоанам аз асп фарояд ҳам, аз узангу нафаромада, ҳамоно худашро мӯсичаи бегуноҳ вонамуд месозад. “Дандон канда будам, лаънатии духтурҳо ин касалиҳо ба ман гузарондаанд” гуфта, вай дар назди ҳама худашро аз ин оби ифлос хушк баровардан мехоҳад, вале ҳамсояҳо мегӯянд, хушдоманам якто не, чанд кавалери афғон дошту мумкин ин касалӣ аз ҳамон афғонҳо ба вай гузашта бошад.
Зиндагии пур аз дард
Айни замон ман дар қайди маркази мубориза бо ВИС-СПИД ҳастам ва пайваста табобат мегирам. Шавҳарам бо гуноҳи модараш ба ин дарди бе даво гирифтор шудани маро фаҳмида, талоқам накард, аммо муносибаташ бисёр сард гаштааст. Эҳсос мекунам, ки дилаш аз ман мондаасту танҳо ба хотири фарзандонамон бо гардани баста зиндагиро идома дода исодааст. Акнун мо ба ном зану шавҳар ҳастем, чунки шабҳо дар хонаҳои алоҳида хоб меравем. Шавҳарам ҳатто аз оғӯш кардани ман ҳазар мекунад. Ростӣ, акнун мани бо дарди худам овора парвои навозишу меҳрубонии мардро надорам, вале аз он метарсам, ки ин дарди бедаво ба бачаҳоям низ нагузарад...
Анзурати бадбахт