sebiston july new
Дар ҳабсхона маро маъюб карданд (Видео)
8281
Дар ҳабсхона маро маъюб карданд (Видео)

 

Сокини ноҳияи Фархори Вилояти Хатлон Даврон Сангов ба сомонаи Oila.tj мактуб навишта, аз он шикоят намуд, ки дар муассисаи ислоҳии ЯС №3/4 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро маъюб намудаанд.

Ба қавли Даврон 4 рӯз қабл озод шуданаш дар маҳбас ба ӯ сӯзандорӯи номаълумеро гузаронидаанд. Пас аз 5 дақиқаи гузаронидани ин сӯзан дорӯ вай аз ҳуш рафта, баъди ин қисмати аз миён поёни баданаш пурра аз кор мондааст. Инак, қариб як сол мешавад, ки ин ҷавон ба бистари беморӣ мехкӯб гаштааст.


Баҳром Ахмедов маюб аст. Ӯ аз он шиква дорад, ки дар роҳҳои мошингард ӯро одам нашуморида, то манзилаш бурда намерасонанд.


Тибқи гуфтаи Даврон духтурони ватанӣ дубора ба по бархостани ӯро кафолат намедиҳанд, лекин мутахассиси ҳиндӣ пас аз муоинаи бемор бо боварии том гуфтаанд, ки метавонанд саломатиашро барқарор созанд, аммо барои ҷарроҳӣ 8000 доллари амрикоӣ зарур аст. Мутаасифона, Даврон имкони иқтисодии ба ин кишвар сафар намуда, табобат гирифтанро надорад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД