Arzon march 2024
Лаҷоми "кондуктор"-ҳои забондарозро кӣ мекашад?
5218

Имрӯз пас аз нисфирӯзӣ хабарнигори сомонаи oila.tj Наврӯзмоҳ Вазирбекова дар дохили нақлиёти хатсайри 25, ки рақами давлатияш TJ 7698 TT 05 шоҳиди баҳси байни “кондуктор” ва мусофир гардид.

Чи тавре, ки ҳамкорамон қайд менамояд, дар дохили мошин ҳамаи ҷойҳои нишаст пур буданд ва тақрибан 15 кас рост истода буд. Як бачаи ҷавон дар пушти нишастгоҳи пеш худро такя карда истода буд. Аз аҳволи бача аён гардид, ки хеле хаста буд ва ҳолу мадори рост истоданро надошт. Дар истгоҳи Комбинати Нассоҷӣ, ки бо номи “текстил” маъруф аст, одамон аз автомобили мазкур фаромаданд ва дохили дарунтар камтар холӣ шуд. Новобаста аз он, ки дар гирду атрофи мошин рақами 25 часпонда шуда буд ва ҳатто дар рӯйи қоғаз ҳамаи самтҳои ҳаракати хатсайр инъикос ёфтааст, «Кондуктор» ҳамчун одати муқаррарӣ бо овози гӯшхарош додгӯён “биё 25 рафтем, биё мошини холӣ, а хола биё ҷойи нишаст ҳаст, биё ҷотон медиҳанд” мусофир ҷамъ мекард, ҳол он, ки дохили мошин ҳатто одамони истодагӣ низ буданд. Пасон “кондуктор” дид, ки одамон савор нашуда истодаанд, аз он бачаи дар пешистода хост, ки ба қафо равад.

-Он бача исроркунон гуфт: “Чаро ба қафо равам. Ҷойам соз аст. Бароят “мешать” (халал) намекунам?”.

– “Кондуктор” дар ҷавоб гуфт: “Ҳо, “мешать” мекунӣ, гуфтамта рав ба қафо, гапро намефаҳмӣ?”

-Мусофир: “То он даме, ки дохил пур буд, ман бароят халал нарасондаму, ҳозир халал расонда истодаам?”

-“Кондуктор”: “Гапа намефаҳмӣ. Мошина манъ кун. А бача бфро...бфро гуфтестам...як сумта метим...бфро”

-Мусофир: “У як сумат ҳам даркор нест. Манъ кун мефароям. Ту ноодам будаӣ”


Агон чиз гӯям ё писарамро насиҳат карданӣ шавам, ба сарам мушт бардошта бо тамоми овоз девонавор дод мегуфт: «дар ҷонам задӣ, кай ту ҳайвон мемурда бошӣ, ки халос шавем!»


Ҳатто вақте, ки ҷавонписар аз мошин фаромад, чизе гуфт, ки «Кондуктор» асабӣ шуда, тарафи ронанда таҳдидкунон гуфт: “Мошинро дор, он бача бисёр гап зада истодааст... Ҳозир ...(ҳақорат)бароят нишон медиҳам...”

Ҳамин тавр, «кондуктор» ҷавонписарро аз мошин фаровард. Гарчанде, ки ӯ ҳанӯз ба макони лозимааш нарасида буд, ба ин ҳам қаноат накарда, мехост ӯро зери мушту лагат гирад. Агар ронанда мошинро нигоҳ медошт, “кондуктор” он донишҷӯи бечораро яқин лагатборон менамуд. Мусофирон ҳар яке ба “кондуктор” рӯ оварда гуфтанд: “Шумо ҳақ надоред, ки он бачаро дар ними роҳ аз мошин бадарға намуда боз худатонро ба қавле “прав” мегиред. Одам пур ҳам бошад дар зинапояи даромадгоҳи автомобилатон одамонро бор мекунед. Он бача ягон халал нарасонида буд. Шумо чихелӣ ронандаед, ки пулчинакатонро чизе гуфта наметавонед? Ҳатто мошинро барои фаровардани писарак доштед. Агар кондукторатон сарвайрон бошад, равад табобат гирад. Аз болоятон ҳатман шикоят мекунем.Чунин беаҳамиятро чӣ тавр нисбати мусофирон раво мебинед? ”

Ҳамарӯза мушоҳида менамоем, ки дар дохили нақлиёт байни мусофирон ва ронандаҳою пулҷамъкунакҳо баҳси шадид ба миён меояд. Аксари вақт норозигӣ барои маблағ (пули фарсуда, бақия), суръати баланди ҳаракати нақлиёт, бор кардани мусофирони бисёр, рафтори бемаданиятонаи “кондуктор” ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто беҳурматии мусофирон ба миён меояд.

Чунин рафтор барои маданияти шаҳр муносиб нест. Баъзан “кондуктор”-ҳо одамонро маҷбур мекунанд, то ки ба мошинашон савор шаванд, гарчанде,ки онҳо нақлиёти хатсайри дигарро интизор бошанд. Одамони дар роҳ истода ҳарчанд мегӯянд, ки “не намеравам”, он “кондуктор”-ҳо бо лаҳни масхаромез э биё рафтем“. Мабодо он мусофири дар роҳбуда духтари ҷавон бошад, ба тарафаш “кондуктор”-ҳои ҷавон ҳар гуна гапи аз ахлоқ берун мегӯянд, ҳатто тасаввур намекунанд, ки хоҳару модарашон метавонист ба ҷойи онҳо бошад.

(Хонандагони гиромӣ барои сифати пасти аксҳо аз шумо узр мепурсем, шароити дохили мошин ва суратгираки телефон ҳаминқадар имконият дод)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД