Холаам Рисолат биниашро ба ҳар ош халиданро дӯст медорад.
Ҳамеша барои ман шавҳар кофта гаштанаш ба ҷонам задааст, бинобар ин, қарор додам ба воситаи сайти “Оила” ба холаам бигӯям:
Холаҷон, магар шавҳар надоштани ман барои шумо ва оилаатон ягон вазнинӣ меорад, ки ҳамеша домод кофта мегардед? Ман нони шуморо нахӯрам, дар хонаатон набошам, бе шавҳар будан ё шавҳар доштанам барои шумо ва фарзандонатон чӣ фарқ дорад?! Табиб бошӣ, сари кали худатро даво кун гуфтаанд, ин қадар оқсақоли зӯр бошед, аввал барои духтари худатон Анисахон ягон домод ёбед! Духтари худатон бе шавҳар гаштаасту шумо ба ман часпида падарамро маҷбур мекунед, ки маро ба писари дугонаатон диҳад. Пурсу суроғ карда, аслу насаби домоди зӯри ёфтаатонро фаҳмидем, Нодире, ки шумо таърифу тавсиф карда ба осмони ҳафтум бароварда будед, як бангии ба бист дирам зор будааст.
Духтари дар кӯча мондагӣ нестам, ки падарам маро ба ҳар хору хас бароварда диҳад, холаҷон, барои ҳамин, минбаъд барои ман шӯ кофта худатонро азоб надиҳед. Дониста монед, ки ҷавони беҳтарини Тоҷикистонро ёбед ҳам, дигар ман ба шумо бовар намекунам. Зиндагӣ бозича нест, ки риштаи тақдиратро ба ҳар касу нокас пайваста, худро ба оташи дӯзах андозӣ, барои ҳамин ман бахтамро худам меёбам ё ба падарам бовар мекунам. Аз ин беш бароям шавҳар кофта худатонро дилафгор накунед, холаҷон!
Нигина Сиярова, аз н. Рӯдакӣ