arzon replenishment
Гулнораи герчик
4650

Салом хонандагони азиз. Розшунав ва раҳнамое надорам, аз ҳамин сабаб мехоҳам қиссаи пурғуссаи зиндагиамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Ман дар оилаи сарватманд ба дунё омадаам, вале чунон сиёҳрӯз ва бадбахтам, ки шояд ягон гадо мисли ман тирарӯз набошад. Дигарон аз тақдири бераҳм ноланд, ман аз худ менолам, чунки ҳаётамро бо дасти худам сӯхтам....

 Бойдухтари нозпарвард

Дар оила духтари ягона будам, аз ҳамин сабаб волидонам маро бисёр эркаю азиз карда, тамоми хоҳишҳоямро иҷро мекарданд. Ба қавли кампиракон падару модарам ба ҷони ман бечора буданд ва аз осмон ситора хоҳам ҳам, кӯшиш мекарданд, ки онро канда биёранд. Падарам одами бо обрӯ буданд, модарам низ бо тиҷорат сару кор доштанд ва даромади хуб мегирифтанд. Ҳаёти шоҳона доштем гӯям ҳам, хато намешавад, вале мани хомкалла ба қадри зиндагии серу пур ва биҳиштосо нарасидам...

 Пайғоми ишқ

Падару модарам баъди хатми мактаб маро ба яке аз беҳтарин донишгоҳҳои кишвар дохил карданд. Аз рӯзҳои аввали таҳсил Аъзам ном ҳамсабақам аз пасам мисли соя мегашт. Аъзам мисли худам аз оилаи сарватманд ва бисёр ҷавони зебою хушахлоқ буд. Қариб нисфи духтарони донишгоҳ мафтуни ин ҷавони хушқаду қомат ва бофарҳанг буданд, вале Аъзам ошиқи зори ман буд, зеро Худованд дар баробари падару модари доро ба ман ҳусни беназире ато карда буд, ки бо диданаш кас волаю шайдо мегашт. Муҳаббати Аъзам ба андозае бузург буд, ки мур гӯям, мемурд. Беақлӣ накарда бо номи нек ба ин ҷавони босавод ва меҳрубону кордон ба шавҳар мебаромадам, шояд хушбахттарин зани дунё мешудам, вале мани аблаҳ бо дасти худам ба решаи ниҳоли бахтам табар задам...

 Дугонаи бад-балои ҷон

Соли аввали таҳсил хуб гузашт, вале дар курси дуюмӣ ман бо духтарони бадахлоқ ҳамроҳ шуда, аз кӯчаи одамгарӣ баромадам. Дигар на ба гапи Аъзам гӯш мекардам ва на ба панду насиҳати волидонам. Худам шоҳу табъам вазир гӯён, рӯзи дароз ҳамроҳи дугонаҳоям дар тарабхонаҳо айшу ишрат мекардам ва бо ин ҳам, қонеъ нагашта, шабона ба дискоклуб ва толорҳои дилхушӣ мерафтам, то ки ғубори набудаи диламро барорам.

Модарам қариб ҳар рӯз маро сарзаниш карда мегуфтанд, ки дугонабозиро бас кунам, чунки дугонаи бад одамро ба роҳи буд бурда, бадбахту рӯсиёҳ месозад, вале мани эркаю нозпарвард дар ҷавоби гапи ҳақ девонавор ба сари модарам дод зада мегуфтам:

-Кори шумо ба дугонаҳои ман набошад! Ман кӯдак нестам, чӣ кор карданамро худам медонам...

 Оғози нокомиҳо
Оқибати дугонабозӣ ва дискотека ба дискотека гаштан ҳамин шуд, ки маро аз донишгоҳ хориҷ карданд, зеро ҳар рӯз аз дарсҳо гурехта ба ягон макони дилхушӣ мерафтам. Ростӣ, хеле талош намудам, ки дили муаллимонро бо пул ёбам то маро дубора барқарор созанд, вале кӯшишҳоям ягон натиҷа надоданд. Дидам, ки намешавад, бало ба пасаш гӯён, бештар ба айшу дилхушӣ дода шудам. Аъзам зорию тавалло мекард, ки ақламро ба ҷояш монда, тарки одатҳои бад намоям. Вай қасам болои қасам мехӯрд, ки агар дугонабозӣ ва тарабхона ба тарабхона гаштанро бас карда, одам шавам, лозим шавад, дар пеши пояи устодон ба зону зада, маро аз нав барқарор месозад, вале мани мағруру саркаш ба ҳоли ӯ хандида мегуфтам:

-Ту хаёл мекунӣ, ки ман дар ҳаққи ҳамин донишгоҳ мурдаам?! Хуб шуд, ки маро хориҷ карданд. Акнун мисли паррандаи озод ба куҷое хоҳам, парвоз кардан мегирам...

 Шоми сиёҳи тақдирсӯз
Як шоми тақдирсӯз яке аз дугонаҳоям маро ба ҷашни зодрӯзаш даъват кард. Дар байни меҳмонҳо Собира ном духтари ношиносе низ буд, ки ҳазлҳои қабеҳ ва рақсҳои булаҷаб мекард. Дар рафти маҳфил маълум шуд, ки собира раққосаи тӯйгард будааст. Дигарон баъди нӯшонӯш ва дилхушии зиёд як-як ба хонаҳояшон афтанд, вале соҳибҷашн ба ману Собира иҷозати рафтан надода хоҳиш кард, ки бо ӯ бимонем. Ба хона занг зада модарамро огоҳ кардам, ки ман шаб дар хонаи дугонаам мемонам ва телефонро хомӯш карда, боз сари дастурхон нишастам. Мо аз ину он чақчақ карда, секаса ҳазлу шӯхӣ мекардем. Собира айёрона ҷониби ману дугонаам чашмак зада гуфт:
-Духтарҳо роҳат кардан мехоҳед?

-Ба фикрам, мо тамоми рӯз роҳат карда истодаем-ку, -гуфтам ман бо табассум,-рӯйи дастархон пур аз шароби арманию коняки панҷситорадор ва нӯшу неъматҳои камёби дунёӣ....

-Эй, ҳамаи инҳо дар пеши ана ин чиз ҳеҷанд,-Собира аз кисааш коғазпечеро бароварда, эҳтиёткорона боз кард. Дар дохили он хокаи тираранге буд.
-Ин чист?-Пурсид соҳибҷашн бо ҳайат.

-Ин роҳати ҷон! Як бор фих мекашию оламу одамро фаромӯш мекунӣ,-Собира лабашро бо ҳавас газида, чашмонашро пӯшид.
-Мабодо нашъа набошад?! –Гуфтам ман бо кароҳат.
-Мегӯянд, ки героин одамро бе корд мекушад,-гуфт дугонаам.
-Агар мекушт, маро мекушт, чунки қариб ду сол боз мекашам-даст афшонд Собира ва худаш каме аз он хокаро бӯй карда, боқимондаро ба мо дароз карду афзуд,-як бор санҷида бинед, маъқул нашавад, дигар накашед.
-Мабодо хуморӣ шуда намонем,-бо таҳлука пурсидем бо як овоз.
-Бо як бор кашидан одам герчик намешавад,-моро дилпур намуд Собира ва тарзи истифода бурданашро ёд дод...
Дар ҳақиқат баъди кашидани он хока моро кайфияти аҷибе фаро гирифта, чашмонамон ба бозӣ даромаданд. Дил мехост бо тамоми овоз ҳаёҳуй карда, то саҳар рақсу бозию дилхушӣ кунем.

 Марги сафед
Қарибиҳои субҳдам моро хоби ширин бурдааст. Нисфирӯзӣ бо сари вазнину чашмони суп-сурхи варамида аз хоб бедор шудем. Дилам чизеро сахт мехост, дугонаам Мадина низ айнан ҳамин эҳсосотро дошт. Собира ҳоли моро пай бурда, дар сари дастурхон гуфт, ки бар ивази 50-сомонигӣ метавонад барои мо боз аз ҳамон “роҳати ҷон” ёфта биёрад. Аввал розӣ нашудем, вале хумор оқибат корашро кард ва чӣ тавр ба дасти раққосаи маккора пул дода, ӯро барои овардани марги сафед равон карданамонро худамон ҳам нафаҳмида мондем...

Хуморӣ
Ҳамин тавр ман ба героин нишаста мондам. Барои он ки падару модарам нафаҳманд, шабҳо дари хонаи хобамро аз дарун қулф карда, баъд марги сафедро бо бинӣ фих мекашидам ва то саҳар ба таври худ роҳат мекардам. Рӯзе, ки он зормондаро наёбам, тамоми устухонҳои баданам ба дард даромада, чунон ҳолам бад мешуд, ки зор-зор гиря мекардам. Иштиҳоям худ аз худ гум шуд ва аз як духтари хандонрӯй ба аҷузае табдил ёфтам, ки бо сангу чӯби сари роҳ ҳам ҷанг мекунад. Эҳсос мекардам, ки героин саломатии маро барбод дода истодааст, вале ҳарчанд кӯшиш мекардам, наметавонистам аз он дил канам...

Сири фошгашта
Рӯзе бо сабаби дастрас накардани миқдори зарурии дору худ аз худ ангуштони дасту пойҳоямро ларза гирифт. Дард чунон зӯр буд, ки хаёл мекардам ҳозир тамоми устухонҳоям мешикананд. Ба ин дарди ҷонкоҳ тоқат накарда, худро рӯи фарши хунук партофтам ва бехудона ба дод гуфтан даромадам...

Кай ва чӣ хел аз ҳуш рафтанамро дар ёд надорам, вақте ки ба худ омадам, аллакай дар беморхона будам. Модарам дар болои сарам нишаста зор-зор гиря мекард, падарам бошад, бо сари хам ба духтур чизе мегуфт. Дарёфтам, ки волидонам аллакай ҳама сиру савдои маро фаҳмидаанд, аз шарм нигоҳамро гурезонда рӯямро тарафи девор гардондам, вале...

 Дарди бе даво
Чанд муддат дар беморхонаи наркологӣ табобат гирифтам. Падару модарам барои аз чанги героин халос кардани ман чизеро дареғ надошта пули калон сарф карданд. Баъди аз беморхона баромадан як муддат гӯё одам шудам, вале хумор боз корашро карду боз ба ҳамон марги сафеди лаънатӣ рӯ овардам. Акнун барои ман фарқ надошт, ки он хокаи тақдирсӯз чӣ қадар арзиш дорад, бо кадом нархе, ки набошад, онро харидорӣ карда хумор мешикастам, то ки дарди ҷонкоҳ маро озор надиҳад Ҳамин тавр номам ба бадӣ баромад. Акнун нашъамандии маро ҳама медонистанд ва аз ман чун аз махав ҳазар мекарданд, ҳатто ҳамсабақонам маро дар ягон ҷо бинанд, рӯяшонро зуд ба дигар тараф гардонда чунон вонамуд мекарданд, ки гӯё надидаанд....

 Дидори охирин
Дар сандуқчаи ҷавоҳиротам на дастпона монд ва на ангуштарину гӯшвора, тамоми зару зеварамро фурӯхта, пулашро сарфи ҳамон хокаи тақдирсӯз намудам. Падарам то бехи гӯш ба азоби марги сафед гирифтор шуданамро дида, боз маро ба беморхонаи наркологӣ бурд ва табибонро зорию тавалло намуд, ки бо кадом роҳе набошад, ҷони духтари ягонаашро аз ин бало халос кунанд.

Як бегоҳ дар саҳни ҳавлии беморхона нишаста будам, ки Аъзам пайдо шуд. Ҳайрон шудам, ки кадом шамол ӯро ба ин тараф оварда бошад. Ошиқам дилу бедилон бо ман салом кард ва бо афсӯсу надомат ба чашмонам нигариста гуфт:

-Гулнора, хотири ишқу муҳаббатамон накардӣ, ақаллан ба хотири падару модарат ҳамон хокаи тақдирсӯзи лаънатиро дигар накаш! Ман дирӯз модаратро дар роҳ дида нашинохтам. Ғаму дарди ту дар байни се сол ӯро тамоман пир кардааст. Наход дилат ба падару модарат насӯзад, охир волидони ту одамони одӣ нестанд. Ба ҷойи он ки муттако ва дастгирашон шавӣ, ту сари онҳоро дар байни мардум пасту забонкӯтоҳ кардӣ.

-Кори ту ба падару модари ман набошад. Зудтар аз назарам дафъ шав ақлак, ки рангу рӯятро набинам,-дод задам бо ғазаб.

-Майлаш ман меравам, вале дилам ба ҳоли ту месӯзад. Ҳаётатро бо дасти худат сӯхта истодаӣ духтар,-инро гуфта Аъзам консерти сарбастаеро дар наздам гузошт ва оҳи сарди пурдарде кашида, аз ҷояш бархост ва вазнин-вазнин қадам гузошта ба сӯйи дар рафт...

 Нолаи зори ҷудоӣ
Баъди рафтани Аъзам ба палата даромадам ва худамро болои кат партофта конвертро кушодам. Дар дарунаш даъватномаи зебои пурнақше буд. Аъзам бо Наргис ном духтараки зебое хонадор мешудааст. Вай маро ба ҷашни домодиаш даъват кардааст.

Ба акси арӯсу домод зеҳн монда дар ҳайрат афтидам. Арӯси ёфтаи Аъзам ба ман сахт монанд буд. Бо дидани чеҳраи арӯси хушбахт, ки аз дили коғази сафед гӯё ҷониби ман табассум карда ба ҳолам механдид, нигоҳ карда, дилам ба фиғон омад. Даъватномаро ба рӯйи болин гузошта рӯямро бо кафи дастонам пӯшондам ва бо тамоми овоз ба гиря даромадам. Дар як дам ҳуҷра пур аз одамони хилъати сафедпӯш гашт. Табибон гумон мекарданд, ки маро боз хумори героин гирифтааст, вале дар асл чунин набуд. Маро хумори марги сафед не, хумори ишқ гирифта буд. Хумори ишқе, ки бо дасти худ куштам. Хумори ёре, ки аз бепарвоӣ аз даст додам. Хумори бахти ширин, ки бо дасти хеш ба каси дигар супурдам. Ман барои худ ва ба ҳоли худ гиря мекардам, зеро дар ҷойи сурати духтари зебои хушбахте, ки пас аз се рӯз риштаи тақдирашро бо Аъзам мепайвандад, бояд акси ман мебуд, вале...

Афсӯс, танҳо баъди аз даст додани ишқи пок фаҳмидам, ки Аъзам барои ман чӣ қадар азиз будааст. Мани аблаҳ барои як хокаи бадбӯй шуда, бузургтарин неъмати парвардигор-ишқро пеши по задам ва ҳаёту мамотамро бо дасти худам сӯхтам...

 Марги сагона
Падару модари бечораам барои ман шуда хонасалот шудаанд. Онҳо тамоми буду шудашонро сарфи табобати ман набуданд. Ҳолам каме беҳтар гаштааст, вале аз рӯзе, ки хабари марги Собираро шунидам, сахт метарсам. Ҷасади Собираро падару модараш аз як таҳхонаи бадбӯй пайдо кардаанд. Яке мегӯяд, ки дар хумори дору мурдааст, дуввумӣ баръакс “передозирова”-ро сабаби марги ин раққосаи тӯйгард медонад, саввумӣ иддао мекунад, ки ба хотири марги сафед вай ҳамроҳи як гурӯҳ авбошон ба он таҳхона рафтаасту баъди ҳамакаса ба номусаш таҷовуз кардан онҳо ӯро куштаанд, то ки шикоят накунад....

Пушаймонӣ
Шабҳо хобҳои даҳшатнок мебинам. Дар хобам Собира бо сару рӯйи пур аз хун маро дунболагирӣ мекунад. Дирӯз як фиттаро тамошо кардам, ки дар он сухан дар боби дӯзах ва биҳишт мерафт. Азоби нашъамандонро дар байни оташи сӯзони дӯзах дида ба танам вараҷа дамид. Чашм аз экран наканда аз дил мегузарондам, ки дар ин дунё аз пушти ҳамин хокаи лаънатӣ саломатӣ ва бахтамро аз даст дода, азобҳои ҷонгудоз кашидам, наход баъди марг низ руҳам дар он дунё ҳамин хел азоб кашад?

Агар тавба кунам....
Аз рӯйи нашъа расвою радди маърака гаштаам, дигар касе суроғам намекунад. Ҳамсолонам кайҳо шавҳар карда, соҳиби хонаву дари обод гаштаанд, вале ҳатто ягон саг бо нияти хостгорӣ аз пеши дари мо намегузарад. Касе, ки чор-панҷ сол пештар маро дида бошад, имрӯз дар кӯча бинад, намешиносад, чунки аз он ҳусну ҷамоли оламгир ягон нишон намондааст. Азоби алими руҳу ҷон маро бармаҳал пир кард. Рангам коҳида чеҳраам бе нур ва мисли занҳои солхӯрда пажмурда гаштааст. Вақти аз кӯча гузаштан ҳамсояҳо аз пасам пичир-пичир карда мегӯянд: “Ана Гулнораи герчик омада истодааст". Бовар кунед, аз шарм замин намекафад, ки дароям. Баъзан ба фиғон омада, мехоҳам аз гиребони ғайбатчиҳо гирифта адабашонро диҳам, вале эҳсоси гунаҳкорӣ ба лабонам муҳри хомӯшӣ мезанад.

Гоҳо фикр мекунам, ки аз сагвор зистан мурдан авлотар аст, зеро ман баринҳо бо дастони худамон аллакай гури хешро кофтаем, вале ким-кадом қувваи ноаёне маро аз худкушӣ бозмедорад. Намедонам он чӣ қувва аст, аммо мехоҳам бо тамоми овоз гиря карда, дар пеши парвардигор барои тамоми гуноҳҳои донистаю надониста содиркардаам бахшиш бипурсам ва тавба кунам. Худованд тавбаи мани нашъамандро қабул мекарда бошад?
Гулнораи бадбахт

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД