Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ошкор шудани қаллобии директории ҶДММ “Эҳё”-и шаҳри Душанбе хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 30-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидааст. Ӯ аз он шикоят намудааст, ки 8-октябри соли 2018 марди 59-сола, директори ҶДММ “Эҳё” бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 300 000 сомони гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт хонаи дуҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Ҳамин тариқ ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 35-солаи сокини кӯчаи Ҳисори ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 10-уми январи соли 2019, марди дар боло зикргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 163 ҳазору 200 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт хонаи якҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Ҳамчунин ба мақомоти корҳои дохилӣ бо ариза марди 49-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 5-уми сентябри соли 2016, марди дар боло номбаргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 231 ҳазору 870-сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт хонаи сеҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Ба мақомоти милитсия бо ариза боз як марди 20-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 23-юми августи соли 2019, номбурда бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 242 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Б.Ғафурови пойтахт хонаи дуҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст, ҳамчунин бо ариза марди 66-солаи сокини пойтахт ба мақомоти милитсия дар он хусус муроҷиат намудааст, ки 17-уми июни соли 2019, марди дар боло зикргардида бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 220 000 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз ҳудуди 3-юм гузаргоҳи кӯчаи Б.Ғафуров хонаи якҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Ба қавли ВКД, директори ҶДММ “Эҳё” дар маҷмӯъ аз шаҳрвандони зикргардида 1 157 570 сомонӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст.