Дирӯз дар шоҳроҳи Душанбе-Хӯҷанд-чанок боз як фоҷиаи хунин сар зада, талафоти ҷониро ба бор овард...
Тахминан соатҳои 04:30-и субҳи 22-юми декабр ронандаи мошини боркаши тамғаи Камаз Шарифов Саймуддин Наимович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Раштро дар сари чамарак хоб бурдааст. Ин пиннаки ронанда боиси сар задани садамаи марговар гашта, дар натиҷа мошин аз роҳ мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» бармехӯрд. Ронандаи автомашинаи “Мерседес” Муминов Мирзомақсуд Мирзомахсумович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳия Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, хушбахтона дар он лаҳзаи ҳалокатовар ӯ дар канори роҳ қарор дошт ва аз марги яқин дар амон монд. Мирзомақсуд Мӯминов чӣ тавр ба ҷарӣ афтидани мошини калони боркашонро бо чашмони худ дида, кормандони милитсияро аз сар задани садама огоҳ намудааст.
Пушаймонам, ки бо хоҳиши волидонам бо ин зани бадҷаҳл хонадор шуда, ҳаётамро сӯхтам.
Ронандаи пинакрафтаро бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхона интиқол додаанд, вале наҷот додани ҷони мусофири ҷавони мошин Ҷамшед Ҳакимови 22-сола ба табибон муяссар нагашт. Аниқтараш ҳанӯз ба бемористон нарасида, дар нимароҳ Ҷамшеди ноком ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин супурд.
Айни ҳол тафтишоти ин фоҷиаи хунин идома дорад.