Ҳамсари аввалаам дар ҳасрати модар шудан мурд.
Бечора аз ғами бефарзандӣ чунон сӯхт, ки оқибат ба касалии саратон гирифтор шуда, аз олам чашм пушид. Пайвандонам “сари танҳо нагард ” гуфта, баъди маъракаҳои мотамии ҳамсарамро гузаронидан маро бо як бевазан хонадор карданд. Худованд домони ин занамро сабз гардонду соҳиби 7 фарзанд шудем, вале бо ин зани шаттох чонам ба лабам расидааст. Модарашон писаронамро бар зидди ман шӯронда, душман кардааст. Бачаҳоям маро ягон зарра писанд намекунанд. Ба гапи модарашон чунон дода шудаанд, ки ҳар чи гӯяд, нархи сабзию пиёзро напурсида, дарҳол ҳамонро мекунанд. Занам ҳар рӯз як луқма нони мехӯрдаамро дар танам заҳр месозад.
Синнам ба 57 расидааст, вале ашки чашмонам шашқатору дилам аз зиндагӣ хиҷил аст. Дар ҳамин фасли сармо либосе надорам, ки ба танам пӯшида ба берун бароям. Инро ҳамту дар омади гап гуфтам, аслан аламам аз белибосӣ не, аз беқадриам дар назди фарзандонам аст. Наход фарзанд ин қадар падарбезор шавад?! Дӯстонам маслиҳат медиҳанд, ки талоқи зани шаттоҳамро диҳам, вале метарсам, ки агар ҷавоби модарашонро диҳам, фарзандонам маро зада-зада аз дар берун мекунанду дар кӯча монда бомж мешавам. Худоро зорӣ мекунам, ки зудтар ҷонамро ситонад, то дигар рӯйи зану фарзандонамро набинам. Пушаймонам, ки бо хоҳиши волидонам бо ин зани бадҷаҳл хонадор шуда, ҳаётамро сӯхтам. Қадамамро агар дониста мемондам ва пеш аз гирифтан хулқу хӯяшро месанҷидам, шояд дар овони пирӣ ба чунин рӯзи сиёҳ гирифтор намешудам. Мардҳои азиз, зани дуюм нагиред, зеро бахт бахти аввал будааст!
Нурмуҳаммад, аз ш. Панҷакент