Имрӯзҳо ташвишовар он аст,ки бархе аз ҷавонмардон аз танбаливу бесаводиашон даст ба ҳар гуна аммал мезананд ва роҳи осони ба даст овардани сармояро пайдо кардаанду худро ба нокасиву бечорагӣ, маъюбиву беморӣ табдил медиҳанд.
Коре мекунанд бо ин роҳ ба дили мардум ҷой ёбанду онҳоро ба доми макру фиреби худ бикашанд. Яке аз қабили ин тоифа як сокини шаҳри Ваҳдат, ки Зиёев Муборакшо мисол шуда метавонад, ки дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе, ки аслан солим аст, худро ба мардум маъюб нишон дода, ба талбандагӣ машғул мешудааст.
Ба гуфти сомонаи Тajikistantimes.com ин ҷавонмард Зиёев Муборакшо Икромҷонович, соли таваллудаш 25. 12. 1996 буда, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат мебошад. Номбурда дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ду адад асо (чагас) дар даст худро маъюб нишон дода, аз шаҳрвандону роҳгузарон талаби кӯмак мекард.
Тавре ки аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд, зимни баргузории чорабиниҳои профилактикӣ муайян карда шуд, ки Зиёев Муборакшо Икромҷонович дар асл сиҳату саломат буда, танҳо ба хотири ба даст овардани пули бедарди миён ба ин кор машғул будааст.
Нисбати номбурда барои ин амали нанговараш протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Суди ноҳияи Шоҳмансур нисбати Зиёев Муборакшо ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз татбиқ намуд.